Раҳбари ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз мегӯяд, дар пешрафти толибҳо дар ин ҷо пайкорҷӯён аз Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон низ саҳм доранд. Бино ба ин хабарҳо, тақрибан 85 дарсади қаламрави ноҳияи Дашти Арчӣ зери назорати Толибон қарор дорад. Дар ноҳияи Имом Соҳиби ин вилоят низ вазъ нигаронкунанда аст. Бо вуҷуди ин ки Амонуддин Қурайшӣ, ҳокими Имом Соҳиб бар ин аст, ки вазъ мисли Дашти Арчӣ сахт нигаронкунанда нест. Дар ноҳияи Хонободи ин вилоят низ нируҳои ҳукумати маҳаллӣ бар зидди Толибон амалиёт анҷом медиҳанд.
Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз ноамнӣ дар шимоли Афғонистон тадбирҳои хос барномарезӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Толибон дар ин манотиқ зери номи рамзии “Хайбар” амалиётеро оғоз кардаанд ва талош доранд бо истифода аз вазъи ноором заминаро барои фаъолиятҳои худ фароҳам созанд. Толибон дар остонаи имзои Аҳдномаи амниятии миёни Афғонистону Амрико ҳушдор дода буданд, ки дар сурати имзои ин аҳднома онҳо бар зидди ҳукумат фаъолиятҳои худро густариш хоҳанд дод.
Коршиносони умури амниятии Афғонистон мегӯянд, ноором шудани вазъ дар шимол, ба вижа дар Кундуз-вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд ба ҳамин изҳороти Толибон иртибот мегирад. Дар мусоҳибае бо Амонуддин Қурайшӣ, ҳокими Имом Соҳиб пурсидам, ки вазъро дар вулусволии худ ва умуман дар вилояти Кундуз чӣ тавр арзёбӣ мекунад?
Қурайшӣ: Ҳоло ваъз каме ноором аст, байни нируҳои давлатӣ ва Толибон ҷанг идома дорад. Мо ба кӯмаки бештар ниёз дорем. Нерӯҳои маҳаллии мо аз лиҳози таҷҳизот заифтар ҳастанд, вале агар аз Кобул бо мо ҳамкории заминиву ҳавоӣ сурат бигирад, онҳо дар зарфи як рӯз тасвия ва гуму нест мешаванд.
Озодӣ: Ба ҷуз аз вулусволии шумо, яъне Имом Соҳиб, дар вулусволиҳои дигари вилояти Кундуз вазъ чӣ тавр аст?
Қурайшӣ: Вулусволии Дашти Арчӣ нисбат ба Имом Соҳиб вазъаш харобтар аст. Вазъи вулусволии Чордараи Кундуз ҳам нисбат ба мо харобтар аст. Дар Хонобод ҳам ҳамчунон вазъ вахим аст ва қаноатбахш нест.
Озодӣ:Ин гурӯҳҳое, ки бо нируҳои давлатӣ меҷанганд, аз куҷо омадаанд? Шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, масалан Толибон, ё аз созмонҳои дигари ифторгарои минтақа ҳам ҳастанд?
Қурайшӣ: Инҳо аз чандин кишвар ҳастанд. Терористҳое, ки дар ватанашон ҷои кор надоранд, онҳо дар ҳамин ҷо ҷамъ шудаанд. Аз Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Аз Узбакистону Чеченистон ва аз Покистон ҳам ҳастанд.
Озодӣ: Инҳо аз куҷо вориди ин минтақа шудаанд?
Қурайшӣ: Аз Покистон омадаанд. Онҳо таълимро дар Вазиристони Покистон мегиранд ва аз сарҳад мегузаранд. Вале чанд рӯз пеш дар сарҳади Тоҷикистон нирҳои сарҳадии мо як нафарро боздошт карданд, ки вай шаҳрванди Қирғизистон буд. Пеш аз ин дар як амалиёти хос ду шаҳрванди Узбакистон ҳам гирифтор шуданд. Ҳамаи онҳоро мо ба Раёсати амнияти миллии вилояти Қундуз интиқол додем. Баъд намедонем сарнавишти онҳо чӣ шуд. Аз Тоҷикистон ҳам ҳаст, як гурӯҳи даҳнафарӣ, ки гоҳе зиёд мешавад ва гоҳе кам. Онҳо ҳам дар вулусволии Имом Соҳиб фаъолиятҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
Озодӣ: Оё номи ин гурӯҳ ё номи раҳбари ин гурӯҳ ба шумо ва ба нируҳои амниятии минтақа маълум аст?
Қурайшӣ: Бале, якеаш, ки майн (мина ) месозад, “акаи Мустафо” мегӯянд. Чанд бор бо ман телефонӣ сӯҳбат кард ва ҳушдор ҳам медод, ки “ту Толибонро озор надеҳ, ба мӯйсафедон ҳар рӯз мегӯӣ, ки ба Толибон нон надиҳед, чой надиҳед”. Ҳушдор дод, ки “туро мепарронам”. Номашаро Мустафо мегӯянд, Мустафои тоҷик.
Озодӣ: Вай аз куҷо ҳимоят мешавад? Агар бо чунин ҷуръат сӯҳбат мекунад, ҳатман дар паси вай нируе ҳаст?
Қурайшӣ: Вай дар назди Толибон бисёр муқаддам аст, қобили қадр аст, инженери майн аст. Майн месозад, мошинҳоро, мактабҳоро инфиҷор медиҳад. Нафарҳоро мекушад. Барои ҳамин дар пеши Толибон муқаддам аст. Дар дохили хонаҳои шахсии худ вайро нигоҳ медоранд, меҳмон мекунанд.
Озодӣ: Оё шумо дар ин бора ба нируҳои амниятии Тоҷикистон ҳам хабар додед?
Қурайшӣ: Нируҳои амниятии Тоҷикистон худашон дар ҷараён ҳастанд, ҳар вақт бо сарҳадбонони мо сӯҳбат мекунанд. Толибоне, ки дар Имом Соҳиб ва умуман дар Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳар кадомашон ду ном доранд. Номҳои онҳо аслӣ нест.
Озодӣ: Фикр мекунед, ки Мустафо ҳам номи аслӣ нест?
Қурайшӣ: Шояд аслӣ набошад, вале дар Имом Соҳиб бо номи Мустафо шӯҳрат дорад ва бо ҳамин ном фаъолият мекунад.
Озодӣ: Шумо дар сӯҳбати телефонӣ аз вай напурсидед, ки бо ин фаъолиятҳои тахрибкоронаи худ вай чӣ ҳадафҳоро дар Афғонистон дунбол мекунад, оё ниру ҷамъ мекунад ва дар оянда ба Тоҷикистон ҳам ҳамла мекунад?
Қурайшӣ: Бале, ман бо вай сӯҳбат кардам. Пурсидам, ки чаро ту ватани моро хароб мекунӣ? Ҳадафат чист? Вай гуфт, ки “ҳадафаш ислом аст, ҷиҳод аст, ислом марз надорад, ман омадам ва дар ҳамин Афғонистон ҷиҳод мекунам. Дар Тоҷикистон ҳам фаъолияту корҳои мо равон аст, ҳар замоне, ки замина мусоид шуд, мо дар он ҷо ҳам фаъолияти ҷиҳодии худро оғоз мекунем”. Ин гапҳоро ба забони худ ба мо гуфт.
Озодӣ: Бубинед, агар инҳо зери фишори нируҳои давлатӣ қарор бигиранд, оё роҳи фирор доранд, ба куҷо мегурезанд?
Қурайшӣ: Бо роҳҳои мухталиф ба кӯҳҳову саҳро мераванд. Худро ба тарафи Покистон мекашанд. Баъзеи инҳо аз дарёи Ому мегузаранд ва ба як ҷазира мераванд. Мо чанд боре сур кардем, он тараф гузаштанд ва дар ҳамон ҷазира зиндагӣ карданд. Як бор ду моҳи зимистона дар ҳамон ҷазираи байни Афғонистону Тоҷикистон сипарӣ карданд. Аз дарёи Ому, ки гузаштанд, худро дар байни ҷангалҳо пинҳон мекунанд ва махфӣ мешаванд.