Муҳоҷирони тоҷик аз Русия 42 % камтар пул фиристоданд

Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан мефиристанд, дар семоҳаи аввали сол 42,2 % кам шудааст, ки чунин ҳолат дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ иттифоқ наафтода буд.

Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 42% кам шудааст, ки ҳатто дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 низ чунин коҳиш ба мушоҳида нарасидааст.

Дар ин бора Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе хабар дод ва мегӯяд, “маблағе, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон 289 миллион доллар интиқол дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014 42,4 дарсад камтар аст.

Ин бузургтарин коҳиши “пули муҳоҷирон” аз Русия ба Тоҷикистон, зеро дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 он ҳамагӣ 10 то 15% кам шуда буд.

Коҳиши ҷиддии пуле, ки муҳоҷирон ва соҳибкорони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мефиристоданд, ба рукуди иқтисодии Русия зери таҳримҳои Ғарб зимни рӯйдодҳои Украина ва ҳам пастшавии қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ бастагӣ дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, то 90 дарсади пуле, ки аз Русия ба Тоҷикистон интиқол меёбад рубл буда, 9 %-и он доллар ва 1 дарсадро евро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор на камтар аз 95 дарсадро муҳоҷирон ба ватан мефиристанд. Ин сармоя дар соли 2014 3 миллиарду 349 миллион доллар ё или 36,2% -и Маҳсулоти нохолиси миллиро ташкил дода буд.

Интизор меравад, ки коҳиши иқтисоди Русия дар соли равон 3 дарсадро ташкил хоҳад дод ва Ғарб гуфтааст, таҳримҳоеро, ки зимни бӯҳрони Украина зидди Русия ҷорӣ карда буд, идома хоҳад дод. Афтодани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки яке аз молҳои асосии содиротии Русия аст, тавоноии рубли русиро зиёда аз 40 дарсад камтар кард.

Афтодани қурби рубл даромади муҳоҷиронро ба маротиб коҳиш дод. Қатъи кори даҳҳо корхона ва барномаҳои сохтмонии Русия сабаб шуд, ки ҳазорон нафар аз муҳоҷирон ин кишварро тарк кунанд. Бино бар маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия дар ду моҳи аввали сол 15 дарсад коҳиш ёфта буд ва ин раванд, зоҳиран идома дорад.

Ҷорӣ шудани қоидаҳои сахттари иҷозаи кор ва зиндагии муҳоҷирон дар Русия сар саз 1 январи соли 2015 сабаби дигари коҳиши шумораи онҳо дониста мешавад. Хадамоти муҳоҷирати Русия низ мегӯяд, то аввали моҳи июн аз Тоҷикистон назар ба соли гузашта 200 000 муҳоҷир камтар омадааст. Зиёда аз 400 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар "рӯйхатти сиёҳ"-и мақомоти Русия номбар шуда, сафари онҳо ба ин кишвар манъ аст.

Эҳтимоли ба гунаи бесобиқа поин рафтани мизони "пули муҳоҷирон" дар Тоҷикистонро қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари молиявӣ пешгӯӣ карда буданд.