Ҳомии ҳуқуқ: "Озору азияти муҳоҷирон зиёдтар мешавад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, нашри варақаҳои таҳқиромез дар истгоҳҳои Маскав, барномарезӣ шудааст ва мумкин аст, таҳқиру озори муҳоҷирон бештар шавад. Аз ин пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, акси варақаҳоеро нашр карданд, ки дар онҳо тоҷиконро мардуми "ифлосу аблаҳ" номидаанд.