Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати вазорат рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, гуфтугӯҳои намояндагии вазорат бо вазорати корҳои дохилии Русия идома дорад. Саидов гуфт, умедворанд, ки то охири соли равон масъалаи афви муҳоҷирон ҳал мешавад. Ин мақоми вазорати меҳнат афзуд, феълан роҳи 250 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст, аммо айни замон ба қавли ӯ: «Ин афв маънои якбора боз кардани роҳи ин 250 ҳазор нафар нест. Ин авф мисли афви пешина фақат он қонуншиканиҳои хурдро фаро мегирад.”
Афви муҳоҷирони меҳнати тоҷик, ки роҳашон ба Русия баста аст, нахуст дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар моҳи апрел садо дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар аз мақомоти Русия хост, ки бори дигар муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро афв кунанд, то роҳи онҳо ба ин кишвар боз гардад. Мақомоти Русия дар соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода, санадҳояшонро қонунӣ кунанд ва садҳо нафар ҳам имкон пайдо карданд, дигарбора ба Русия баргарданд.
Исмоил Маҳмадалиев, сокини 46-солаи шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи 250 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки роҳаш ба Русия баста аст. Ӯ чаҳор сол пеш ҳамроҳи бародараш ва барои мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ аз Русия ихроҷ шуда буданд. Вақте бо Исмоил Маҳмадалиев дар мардикорбозори Душанбе суҳбат кардем, ӯ батакрор мепурсид, ки оё авф мешавад ё не.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин сокини Кӯлоб ҳар боре хабари авфи муҳоҷиронро шунавад ҳатман ба дари Хадамоти муҳоҷират меравад, то фаҳмад, ки оё роҳаш ба Русия боз шудааст? Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ба кор дар Русия хеле сахт эҳтиёҷ дорад чун маблағе, ки дар Тоҷикистон пайдо мекунад баъзан барои зиндагӣ намерасад.
“Дар Русия 40-50 ҳазор рубл меёфтам, дар инҷо қариб якуним ҳазор сомонӣ меёбем. Зиндагӣ онҷо дигар аст, метавонӣ маблағ захира кунӣ. Пуле, ки дар инҷо меёбӣ фақат барои хурду хӯрок мерасад ва агар хоҳӣ, ки хонаатро таъмир кунӣ, дастат намерасад. Дар моҳи январ ваъда доданд, ки бояд кушода шавад,” - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Исмоил мунтазири авф бо садҳои Исмоили дигар
Ба монанди Исмоил Маҳмадалиев имрӯз дар Тоҷикистон бахусус дар мардикорбозорҳо метавон даҳҳо нафареро пайдо кард, ки роҳашон ба Русия баста аст. Ҳамаи онҳо муҳоҷиратро беҳтар аз кор дар ватан медонанд ва интизори авф ҳастанд. То як соли пеш муҳоҷирони тоҷике, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, 200 ҳазор нафар буданд, вале теъдоди ин гурӯҳ 50 ҳазор нафар бештар шудааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муҳоҷирони тоҷик бештар ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ мешаванд. Дар ин миён зиёданд муҳоҷироне, ки мегӯянд, бегуноҳ аз Русия ихроҷашон кардаанд. Мақомоти Русия аксари муҳоҷиронро ба мӯҳлати се ва панҷ сол аз ҳаққи вуруд маҳрум мекунанд. Бархеҳо аз 10 то 17 сол низ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд.
Баъзе аз онҳо мегӯянд, ки насупурдани пули телефон, риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳои хурд сабаб шудааст, ки онҳоро дастгир ва сипас ихроҷ кунанд. Баъди ихроҷ ин шаҳрванд барои муддате аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум мешавад. Коршиносон бо ишора ба пойбандии иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон боз шудани роҳи ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик зарурӣ мехонанд. Ба гуфтаи Анвар Бобоев, мутахассиси муҳоҷират мақомоти тоҷик бояд талош кунанд, то муҳоҷирон барои қонуншикании ночиз ба феҳрасти “рондашудаҳо” наафтанд.
Ба таъкиди таҳлилгар, “инҳо як-ду нафар нестанд, даҳҳо ҳазор ҳастанд, ки боз шудани роҳашон ҳам барои иқтисоди Тоҷикистон ва ҳам барои оилаашон беҳтар аст. Маблағе, ки аз муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид мешавад, ягон соҳаи хоҷагии халқ ингуна иқтидор надорад, ки Тоҷикистонро бо пули нақд ҳамингуна дастгирӣ кунад.” Солона аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар барои кор ба Русия мераванд. Маблағи интиқолдодаи онҳо наздик ба 40 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар мебошад. Ҳоло маълум нест, ки умедвориҳои мақомоти Душанбе бароварда мешавад ва ё ваъдаи авф аз тарафи Русия ҳамчунон аз баёнияе барои хушҳол кардани мухотабон хоҳад монд.