Бонки Марказии Русия хабар дод, ки дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 359 миллион доллар фиристодаанд ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ва ё 22 дарсад камтар аст. Ин дар ҳолест, ки аз семоҳаи аввал танҳо ду ҳафтаи охири моҳи март шомили карантин аст. Коршиносон мегӯянд, агар дар ним моҳи карантин интиқоли маблағ 22 дарсад кам шудааст, пас, натиҷагирии семоҳаи дувум, ки аксари муҳоҷирон дар хона буданд, ҳузнангезтар хоҳад шуд.
Дилшод, сокини шаҳри Ҳисор, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва мегӯяд, бори охир моҳи феврал ба зану се фарзанди мактабхонаш даҳ ҳазор рубл, муодили 150 доллар, фиристода буд. Вай дар як ширкати сохтмонӣ дар Маскав кор мекунад.
"Бо сабаби пандемия ширкат се моҳ сохтмони биноҳои баландошёнаро ба таъхир андохт ва мо ҳам бекору бемаош мондем. Рӯзи 1-уми июн дубора корро оғоз намудем, вале ҳанӯз маош нагирифтем", - нақл кард муҳоҷири тоҷик рӯзи 17-уми июн.
Дилшод мегӯяд, агар чунин вазъияти фавқулода пеш намеомад, дар се моҳе, ки дар карантин нишаст, ба хонаводааш дастикам сӣ ҳазор рубл мефиристод. Ба ҷой ин, ба қавли ӯ, ҳам худаш ва ҳам хонаводааш натанҳо азоби равонӣ кашиданд, балки барои рӯзгузаронӣ қарздор ҳам шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристода буданд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст.
Шавкат Валиев, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июн гуфт, кам шудани интиқоли пул аз Русия эҳтимол ба буҷаи хонаводаҳои муҳоҷирон таъсир расонад, "вале иқтисоди кишвар мисли солҳои 2008 зиёд пойбанди ин маблағҳо нест".
"Бо дарназардошти тақвият ёфтани рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, истифодаи самарбахши омилҳои дохилӣ, истифодаи пурраи захираҳои қаъри замин боис шуд, ки таъсири кам шудани пулҳои интиқолӣ зиёд эҳсос нашавад", -шарҳ дод ӯ. Чизе, ки бисёриҳо бо он розӣ шуда наметавонанд.
Баръакс, баъзе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, мумкин аст, шумори сокинони нодорро бештар кунад. Ба иттилои расмӣ ҳоло то сӣ дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоатанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илми иқтисод, рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, пули фиристодаи муҳоҷирон манбаи асосии зиндагии ҳаштод дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Вай пулҳои фиристодаи муҳоҷиронро "такядевор" барои буҷаи кишвар номид ва гуфт: "Ин маънои онро дорад, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон нисбат ба дигар манбаъҳо дар кишвар, аз ҷумла маош, нафақа ва даромаде, ки шаҳрвандон аз замини назди ҳавлиашон мегиранд, зиёдтар аст Агар не, сокинон барои кор ба Русия намерафтанд. Маблағҳои интиқолӣ ба ду тақсим мешаванд: аввал ба фонди амонатҳо гузошта мешаванд ва дуюм ба бозор мераванд. Ин маблағҳо аз чанд даст гузашта, билохира ба буҷаи давлат ворид мешаванд."
Бонки Ҷаҳонӣ охири моҳи апрел дар гузорише коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ карда буд. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байнулмилалии молӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли 2020, бист дарсадро дар бар мегирад.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ моҳи апрели имсол дар номае ба Сандуқи Байнулмилалии Пул кам шудани интиқоли пули муҳоҷиронро эътироф кардааст. Ӯ гуфта, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали апрел 50 дарсад ё 80 миллион доллар коҳиш ёфт.
Дар нома гуфта шудааст, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, мумкин аст, чанд моҳ давом кунад ва ин ба коҳиши сатҳи истеъмол ва афзоиши бекорию таъсир ба бозори асъор оварда расонад.
Тибқи иттилои Бонки Марказии Русия, дар соли 2019, аз Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Тоҷикистон яке аз онҳост, тақрибан 13 миллиард доллар фиристодаанд.