Ҷавонони муҳоҷир акнун камтар барои интихоби ҳамсар ба Тоҷикистон меоянд, зеро афзоиши муҳоҷирати духтарон ба Русия мушкили онҳоро осон кардааст. Ҳам ба далели он ки хешу наздикони зиёди домоду арӯс низ дар Русия ба сар мебаранд, тӯйҳо бештар дар "маҳалли муҳоҷират" баргузор мешаванд.
Фарзина ва Фирдавс ба ҷашну арӯсие омодагӣ мегиранд, ки на дар Душанбе ё Бадахшон, балки дар тарабхонаи "Рoксалана"-и Маскав, пойтахти Русия, баргузор мешавад. Фарзина 4 сол боз дар як мағоза фурӯшанда асту Фирдавс дар бозор савдогарӣ мекунад. Онҳо дар як ҷамъомади ҷавонони тоҷик бо ҳам шинос шудаанд. Ин ду ҷавон, ки то ин вақт ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон пул мефиристоданд, бо ҷамъоварии дастмузди чандмоҳаи худ тасмим гирифтаанд, издивоҷ кунанд. Падару модари онҳо ризоят додаанд ва ба тӯй даъват шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзина мегӯяд, то замони арӯсиаш 2 рӯзи дигар мондааст ва ҳоло хеле серташвиш аст. Барояш наздикон бархе либоси миллии тоҷикӣ, ки маъмулан арӯсон дар Тоҷикистон ба бар мекунанд, ирсол кардаанд, аммо ба фарқ аз арӯсон дар Тоҷикистон ӯ ҷиҳози зиёде надорад: "Тӯйи мо дар ин ҷо мисли он ки дар тарабхонаҳои Тоҷикистон мегузарад, барпо мешавад. Аммо, албатта, ин ҷо баъзе хароҷот аз ҷумла ҳамин матоъбариву ҷиҳозхарӣ нест. Фақат ба унвони ҳаққи арӯс як миқдор маблағ медиҳанду бо машварат ва кумаки якдигар ин тӯйро барпо мекунанд. Дар ин тӯй ба ҳисоби мо қариб 5 ҳазор доллар сарф хоҳад шуд. Мо фикр кардем, бисёр хешу таборамон дар ҳамин Русия кор мекунанд ва кори мо ҳам ин ҷо аст, барои ҳамин тасмим гирифтем ҳамин ҷо тӯй кунем.”
Мисли Фарзина ва Фирдавс ҷавононе, ки дар Русия муҳоҷиранд, пайдо кардани ёри мувофиқ ва баргузории ҷашни арӯсии худро дар ин ҷо авлотар медонанд. Бархе барои он ба чунин тасмим меоянд, ки тӯй дар ин ҷо харҷи камтар талаб мекунад ва бархи дигар намехоҳанд, барои муддати дароз ба ватан раванд, зеро метарсанд, ҷойи корашонро аз даст медиҳанд. Падару модарон низ аз чунин қарорҳо истиқбол мекунанд ва махсусан волидайни духтарон хушҳол мешаванд, ки фарзандашон дар мулки ғарибӣ ҳомӣ пайдо мекунад.
Гавҳарбегим Музаффарбекова, ки моҳе пеш барои ширкат дар тӯйи арӯсии духтараш ба Русия сафар карда буд, мегӯяд: “Духтару домодам дар Русия дар як тӯй шинос шуданд. Духтарам дар як корхонаи қаннодӣ кор мекунаду домодам ҳам дар кадом як заводи дигар. Аввал хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон ба хонаамон хостогорӣ омаданд. Духтарам мехост, тӯй инҷо шавад, аммо домодам пешниҳод кард, аз маблағе, ки барои овардани арӯс аз Ишкошим сарф мешавад, беҳтар аст, ҳамон ҷо тӯй кунему монем. Тӯй зебо гузашт, ҳамшаҳриву бархе аз хешу таборон буданд, ботартиб, ба фарқ аз Тоҷикистон он ҷо соати баргузории тӯй маҳдуд нест ва ҷавонон соатҳои зиёд хурсандӣ карданд. Барои духтарам як рахти хоб бурдем, либосҳои зиёде, ки ин ҷо мекунем, накардем. Агар зиндагиашон хуб бошад, оянда ҳамааш мешавад, албатта.”
Афзоиши издивоҷи байниҳамии муҳоҷирони тоҷик дар Русия боиси пайдо шудани ширкатҳои баргузоркунандаи арӯсиҳо шудааст. Аслишо Акимбеков, ҷавони тоҷике, ки барои кумак дар баргузории маросими арӯсии муҳоҷирон ширкати “Children of Monday”-ро таъсис додааст, мегӯяд, дар як моҳи охир ба баргузории 10 тӯй кумак кардааст. Аслишо афзуд, “як рӯзи шанбе-якшанбе қариб 30 тӯй мегузарад. Аввал бештар тӯйҳо дар кафеҳои хурд мегузашт, ҳоло тӯйҳо дар тарабхонаҳо ташкил мешаванд. Сарояндаҳо тоҷиканд, ровиҳо тоҷиканд ҳама чӣ тоҷикӣ. Ғолибан тӯйҳо бо маблағи ҳам арӯсу ҳам домод сурат мегирад. Мо шурӯъ аз интихоби тарабхона то ба овозхону ҳама дигар корҳоро ба ӯҳда мегирем. Ин ҷо бештар ҷавонон аз Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо ҳам издивоҷ мекунанд. Ва онҳое, ки имконоташон каме беҳтар аст, волидону бародарон ва хоҳаронашонро аз Душанбе даъват мекунанд.”
Аммо фарқи аслии издивоҷи ҷавонони тоҷик дар Русия дар он аст, ки онҳо никоҳи худро расман сабт намекунанд, то омадан ба Тоҷикистон бо никоҳи мусулмонӣ иктифо менамоянду бас. Бархе аз духтарон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чунин издивоҷҳо дар ҳоли фурӯпошӣ онҳоро беҳуқуқ хоҳад сохт. Ин дар ҳолест, ки арӯсу домод метавонанд бе мушкил издивоҷи худро дар ниҳодҳои сабти аҳволи шахсӣ дар Русия расмӣ кунанд.
Умед Ҷайҳонӣ, фарҳангшиноси тоҷик, ки 15 сол боз дар Маскав кору зиндагӣ дорад ва тӯйи даҳҳо ҷавонони тоҷикро гардонандагӣ кардааст, мегӯяд, баръакси издивоҷҳо дар Тоҷикистон издивоҷи муҳоҷирон дар Русия муваффақтар аст: “Муҳим ин аст, ки хонаводаҳо пойдор бошанд. Хонадор шудан дар ин ҷо бо ошно шудан беҳтар аз он аст, ки навҷавоне меояд ин ҷо як сол кор кардаву пасандозҳои худро гирифта дар Тоҷикистон як духтари 18-соларо мегирад ва як сол зиндагӣ мекунад, намекунад, хонавайрон мешавад. Дар 15 сол бештар аз 150 тӯй гузарондам ин ҷо. То ба ҳол нашунидаам, ки кадоме аз ин хонаводаҳо вайрон шудаанд. Чун инҳо дар шароити сахт бо ҳам ошно шудаву ҳамдигарро хуб мешинохтанд ва дар гарму сардии рӯзгор бо ҳам буданд.”
Издивоҷи байниҳамии муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле дар Русия расм мешавад, ки беш аз 100 ҳазор зани тоҷик дар Русия муҳоҷиранд ва дар байни онҳо ҷавондухтарони бешавҳар низ кам нестанд. Шумораи мардҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия байни 800 ҳазор то 1 миллион баровард мешавад ва дар байни онҳо ҷавононе мисли Фирдавс зиёданд, ки мехоҳанд, Фарзинаи худро пайдо кунанд.