Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳақ надоранд, аз соли оянда дар яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия – Челябинск – ба таксиронӣ ва мусофиркашӣ машғул шаванд.
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҳақ надоранд, аз соли оянда дар яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия ба таксиронӣ, мусофиркашӣ машғул шаванд. Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск рӯзи 12-уми ноябр фармонеро имзо кардааст, ки бар асоси он соли оянда кор кардани хориҷиён дар чанд соҳа мамнӯъ мешавад.
Дар матни ин фармон омадааст, «фаъолияти хориҷиёне, ки соҳиби патент ҳастанд, дар соҳаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, нақлиёти мусофирбари байнишаҳрӣ мамнӯъ шавад.»
Як бахши дигари қарор, ки зоҳиран ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказиро аз кор маҳрум мекунад, дар бораи таксиронӣ аст. Бар асоси ин банди қарор, хориҷиён дар Челябинск, ки аксаран аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, дигар ҳақ надоранд, бар асоси патент ба таксиронӣ машғул шаванд ва ҳатто ҳақ надоранд, бо мошинҳои иҷора ҳам ба кашондани мусофирон машғул бошанд.
Қарори мазкур аз рӯзи 1-уми январи соли 2019 ҳукми иҷро мегирад. Челябинск, яке аз бузургтарин вилоятҳои муҳоҷирпазири Русия аст, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд. Ҳазорон нафари онҳо машғули кор дар сохтмон ҳастанд ва бахши умдаи дигар ронандагӣ ва мусофиркашонӣ мекунанд.
Зоҳиран қарори губернатори Челябинск сабаби бекор мондани ҳазорон нафар аз ронандагони таксӣ аз Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мешавад ва мумкин аст, ҳазорон нафар ин вилоятро тарк кунанд.
Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ аз қарори Дубровский
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ин қарори Борис Дубровский, раиси вилояти Челябинскро табъизомез номид ва гуфт, ки он мухолиф бо қонунҳои Русия аст.
«Қарори губернатор бо Кодекси меҳнати Русия, Қонун дар бораи мақоми ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ва Қонуни асосии кишвар мухолифат дорад» - гуфтааст, Валентина Чупик.
«Бар асоси Кодекси меҳнати Русия табъизу маҳдудият дар кор бо назардошти ҷинсу нажоду миллат ва ё мақому ҷойи зист мамнӯъ аст” – гуфт, ӯ дар мукотибае бо Радиои Озодӣ.
Дар дафтари матбуоти губернатори вилояти Челябинск рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар сурати дархости катбӣ сабабҳои қарорро шарҳ медиҳанд. Радиои Озодӣ мунтазири шарҳи мақомоти ин вилоят аст.
Вилояти Челябинск, ки аз вилоятҳои саноатӣ ва аграрии Русия ба ҳисоб меравад, бештар аз 3 миллион нафар аҳолӣ дорад ва бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ дар вилоят на камтар аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд.
Муҳаммадзиё, яке аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Челябинск дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар яке аз масҷидҳои шаҳр дар намози ид дар моҳи июл 8 ҳазор муҳоҷири тоҷикзабон ҷамъ омаданд.
Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар 8 моҳи имсол, тақрибан 1000 муҳоҷири тоҷик аз роҳи қонунӣ дар ин вилоят соҳиби ҳаққи кору иқомат шудаанд.
Муҳаммадзиё ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоят, дар мағозаву фурӯшгоҳҳо машғули кор ҳастанд. Муҳаммадзиё афзуд, мумкин аст, ин қарор бештар ба муҳоҷирони узбек таъсири манфии бештар расонад, чун теъдоди зиёде аз онҳо машғули мусофиркашонӣ ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Латукӯби муҳоҷири тоҷик ва фирор бо завлона дар даст. ВИДЕОЯке дигар аз ин муҳоҷирон, ки худро Хуршед муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Челябинск садҳо муҳоҷири тоҷик қонунӣ ва ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.
“Мо ҳам яке аз он таксиронҳое ҳастем, ки зиндагиамонро аз ин ҳисоб пеш мебарем. Ман ҳаққи иқомат дорам, вале аксари бачаҳое, ки бо мо кор мекунанд, бо патент кор мекунанд, баъзеашон патент надоранд ва се моҳ баъд сарҳадро убур мекунанду медароянд Русия. Пинҳонӣ кор мекунанд. Ҳатто таксиронҳое ҳастанд, ки ҳеҷ санаде надоранд, ҳарчанд мо ба онҳо мегуем, ки ин корро накунанд”- гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ. Ба қавли Хуршед, у худаш бо ронандагони зиёде кор мекунад ва 700 нафарро медонад, ки машғули мусофиркашӣ ҳастанд.
Мақомоти Русия дар гузашта гуфтаанд, қонуншикании зиёд дар байни муҳоҷирон, беэътиноии онҳо ба қоидаҳои ҳаракат, ки сабаби марги мусофирон мешавад, аз сабабҳои аслии маҳрум кардани онҳо аз ҳаққи таксиронӣ ва мусофиркашонӣ аст.
"Сабаби воқеӣ дигар аст"
Вале ба қавли Хуршед, сабаб дигар аст. “Баъди ҷорӣ шудани таҳримоти Амрико ба зидди Русия бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар бекор монданд, ҷойи кори муфид надоранд, барои ҳамин ҳар баҳона пеш оварда, муҳоҷирони Осиёи Марказиро аз ҳаққи кор маҳрум мекунанд” - гуфт, Хуршед.
Ӯ афзуд, соли гузашта, муҳоҷиронро аз ҳаққи кор дар бозорҳо низ маҳрум карданд, то ҷойи кор барои мардуми бумӣ пайдо шавад, ҳарчанд ин қарорҳо ба гуфтаи Хуршед натиҷа намедиҳанд.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум кардани хориҷиён идомаи сиёсатест, ки вилоятҳои дигари Русия пеш гирифтаанд. Ӯ вилояти Новосибирскро мисол овард, ки чанд сол пеш, хориҷиён ва бахусус муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро аз ҳаққи мусофиркашонӣ, кор дар сохтмонҳо ва ҳам дар кудакистонҳо маҳрум кард.
“Худи хешовандони ман, ки дар шаҳри Челябинск кор мекунанд, ба ман хабар доданд, ки ба онҳо гуфтаанд, барои худ ҷойи кори дигар пайдо кунанд. Ҳатто ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки ин фармон набояд ба онҳо иртибот бигирад, гуфтаанд, ки бояд аз ҳоло дар андешаи ҷойи кори дигар бошанд” - гуфт, Каримҷон Ёров.
"Дилсард шуда ба Туркияву Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар мераванд"
Муҳоҷирони корӣ мегуянд, баъди ин қабули чунин қарорҳо ва маҳрум шудан аз ҷойи кор, баъзеҳо ба кишвар бармегарданд ва ҳоло ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд.
Хуршед, ки аз шаҳри Екатеринбург бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, баъзе аз муҳоҷирон, ки аз муқаррароту маҳдудиятҳо ва нақзи пайвастаи ҳуқуқашон “хаста шудаанд”, ба Туркия мераванд. “Ҳоло Қатар ҳам яке аз кишварҳое шудааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар онҷо кор меҷӯянд” – гуфт, ӯ.
Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони кории тоҷик боқӣ мемонад ва бино ба оморҳои мухталиф дар он бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд.
Садҳо ҳазор нафари онҳо барои қонуншиканӣ барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд ва бисёре аз онҳо мунтазиранд, ки ин муддат кай хотима меёбад ва онҳо ба ин кишвар бармегарданд.