"15 рӯз кам аст". Мушкили муҳоҷироне, ки бо мошин ба Тоҷикистон меоянд. ВИДЕО, САДО

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо мошинҳои худ (бо рақами русӣ) аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, аз маҳдудияти дар кишвар мондан шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, соҳибони чунин мошинҳо метавонанд, фақат 15 рӯз дар Тоҷикистон биистанд. Агар дар ин муддат аз кишвар нараванд, беш аз 1200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Муҳоҷирон ин муҳлатро кам мегӯянд ва мояи дигари ба вуҷуд омадани ҳолатҳои коррупсионӣ медонанд. Баъзе мақомҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ин кор бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад, аммо вуҷуди фасодро дар ин замина рад карданд.

Дар ду соли ахир баъзе аз муҳоҷирон бо мошинҳои худ аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Баъзеи онҳо мусофир мекашонанд, баъзеи дигар ба истироҳату дидборбинии пайвандон меоянд. Дар кӯчаҳои Душанбе низ баъзан ҳаракати мошинҳоеро дидан мумкин аст, ки рақами минтақаҳои гуногуни Русияро доранд.

Нуралӣ Маҳмадимонов як моҳ пеш бо мошини худ аз Маскав ба Душанбе омад ва дар ин муддат се дафъа марзи кишварро гузашт. Ӯ мегӯяд, "ҳар дафъа барои ворид шудан ба кишвар 240 сомонӣ (дар маҷмуъ беш аз 700 сомонӣ) супурдам. Барои мошинҳои сиёҳшиша 10 рӯз вақт медиҳанд. Ин хеле кам аст."

Бахтиёр Хоҷаев, сокини ноҳияи Қубодиён, низ пас аз 3 соли муҳоҷират аз шаҳри Қазони Русия ба хабаргирии пайвандонаш ба Тоҷикистон омадааст. Вай гуфт, азбаски бо мошини худ танҳо 15 рӯз ҳаққи гаштугузор дар дохили кишварро дорад, талош мекунад, зудтар баргардад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад

На танҳо муҳоҷирон, балки онҳое, ки аз кишварҳои дигар бо мошинҳои худ барои тамошои Тоҷикистон меоянд, аз кам будани муҳлати иҷозаи мошинҳояшон дар қаламрави кишвар изҳори нигаронӣ доранд.

Ботур Абдулваҳҳобов, шаҳрванди Узбекистон, гуфт, ҳамроҳи чанде аз дӯстон ба тамошои зебоиҳои Тоҷикистон бо мошини худ омадааст. Вай хавф дорад, ки ба дидани ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фурсат намеёбад. "Танҳо як ҳафта дар Душанбе мегардем. Фикр мекунем, дар ин фурсати кӯтоҳ наметавонем ҳамаи ҷойҳоро бинем. Беҳтар аст, муҳлатро дароз кунанд," -- гуфт ӯ.

Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, дар мавриди фурсати ками ҳаракати мошинҳои хориҷӣ дар кишвар расман шикоят нагирифтаанд. Дар чанде аз идораҳои наздимарзии Хадамоти гумрук гуфтанд, барои иҷозаи вуруди мошинҳо барои 15 рӯз пардохти маблағи алоҳида пешбинӣ нашудааст, аммо баъзе пардохтҳои дигар ба мисли фонди роҳ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Шамсиддин Муҳтоҷов, муҳоҷири тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои 15 рӯз гаштугузор кардани мошинҳои мо, ки рақами хориҷӣ дорад, то ду ҳазор рублӣ, баробар ба 300 сомонӣ, мепардозем. Ҳамин маблағ дар ягон санад навишта нашудааст, лекин агар надиҳӣ, иҷозаи гаштугузори 15-рӯзаро намедиҳанд," -- афзуд ӯ.

Дар идораи асосии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Душанбе аз додани ҳар гуна иттилоъ дар мавриди пардохтҳои гумрукие, ки барои мошинҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст, худдорӣ намуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳдудият барои мошинҳо бо рақами хориҷӣ дар Тоҷикистон

Боймурод Файзуллоев, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 4-уми декабр гуфт, танҳо бо дастрас кардани мактуби расмӣ дар ин бора иттилоъ хоҳанд дод. Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми декабр ба номи Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, нома фиристод. Рӯзи 5-уми декабр сухангӯи Хадамот тасдиқ кард, ки номаро гирифтаанд ва худи ҳамин рӯз мутахассисон посух медиҳанд. Дертар пешниҳоди маълумотро ба вақти дигар гузошта, ба зангҳои такрории мо ҷавоб надод.

Дар баъзе аз раёсатҳои минтақавии хадамот то ҷое масъалаи муҳлати 15-рӯзаи мошинҳоро шарҳ доданд. Сабзалӣ Саидов, сардори раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати 15-рӯзаи ҳаракати мошинҳое, ки вориди кишвар мешаванд, бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад.

Ӯ гуфт, пешниҳодҳо шудааст ва эҳтимол дорад, ин муҳлат дароз карда шавад. "Баъди анҷоми муҳлати 15-рӯза соҳибони мошинҳо метавонанд, бо дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муддати то 2 сол зери низоми гумрукии муваққатӣ бошанд. Дар чунин ҳолат пардохтҳои сефоизаи шартӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳар як дидбонгоҳи наздисарҳадӣ рақамҳои телефон аст, метавонанд тамос гиранд, то ҳол ҳеч шикояти расмӣ ба сабт нашудааст".

Бархе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро низ доранд, гуфтанд, бо рақамҳои Тоҷикистон дар қаламрави Русия то 3 моҳ гаштан имкон дорад ва беҳтар аст, муҳлати гаштугузори мошинҳои ин кишвар ҳам дар Душанбе дароз карда шавад.

Бархе аз коршиносон бо таваҷҷуҳ ба ин ки саҳми муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисод назаррас аст, дархости онҳоро барои дароз намудани муҳлати гаштугузори мошинҳояшон қобили қабул медонанд. Онҳо мегӯянд, аз тарафи дигар муҳоҷирон бо харҷи камтар худ ва мусофиронро ба Тоҷикистон мерасонанд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, ки бино ба омори ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар аст, манбаи асосии таъминкунандаи рӯзгори хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бахши зиёди онҳо бо ҳавопаймо ва мусофирбарҳо ба Русия мераванд, вале ҳамеша аз гаронии нарх ва ё фиреби ширктаҳои мусофиркашон шикоят мекунанд.