"Тоҷикистон ризқи худро пеши по мезанад"

Далер Ҳасанов

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз тартиби нави додани пулҳои интиқолӣ дар бонкҳои Тоҷикистон интиқод мекунанд ва умедворанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ризқи бе ин ҳам хеле камшудаи онҳо "шарик" намешавад.

Далер Ҳасанов, як муҳоҷири тоҷик дар Маскав мегӯяд, ӯ ҳар моҳ аз се ду ҳиссаи музди кориашро ба волидонаш мефиристад. Ба гуфтаи Далер, бо уфти қурби рубли русӣ шароити зиндагии хонаводааш дар Тоҷикистон поин рафтааст ва ҳар рублро волидайнаш ҳоло сарфакорона харҷ мекунанд. Далер аз он нигарон аст, ки қоидаҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон марбут ба интиқоли рубли русӣ, сатҳи даромади хонаводаи ӯву муҳоҷирони дигаронг боз ҳам поинтар мебарад.

Ба ҷои рубли русӣ бо сомонӣ додани пулҳои интиқолӣ дар бонкҳои Тоҷикистон боиси норозигии муҳоҷирон шудааст. Муҳоҷирон дар сӯҳбатҳои алоҳида ин иқдоми Бонки миллиро "ҳиллагарӣ" ва "дастдарозӣ ба ҷайби мардикорон" меноманд. Ба гуфтаи онҳо, ин тасмим ба хотири ба дӯши муҳоҷирон партофтани мушкилоти молии ҳукумат гирифта шудааст.

Коршиносони рус бо муҳоҷирон ҳамфикранд ва мегӯянд, ки бо чунин усул, Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад қурби сомониро мӯътадил кунад. Аза Мигранян, мудири бахши иқтисоди Пажӯҳишгоҳи кишварҳои СНГ дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бо боварӣ метавон гуфт, истифодаи чораҳои маъмурӣ дар бозор, таҳкими назорат аз болои пул бахше аз маҳдудиятҳои гардиши асъор аст, ки мақомоти Тоҷикистон мекӯшад бо ҷорӣ намудани ин маҳдудиятҳо мушкилиҳои мавҷудаашро ҳал намояд. Дар асл ин чораҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, чунки пурзӯр намудани назорати амалиёти молиявии ошкор ба пинҳонкорӣ меоад. Дар ин ҳол барои мақомот назорати қурби асъор дар қиёс ба қолаби қонунии он боз ҳам вазнинтар мешавад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Тоҷикистон ризқи худро пеши по мезанад"

Мувофиқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳаҷми интиқоли доллар аз Русия ба Тоҷикистон то 33% коҳиш ёфтааст, интиқоли рубл бошад баръакс то 10 % афзудааст. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 90 дарсади пулҳои интиқолӣ ба ин кишвар бо рубли русӣ меоянд. Омили дигари маҳдудсозии гардиши рубли русиро дар Тоҷикистон, коршиносон кӯшиши афзудани воридоти доллари амрикоӣ меноманд.

Ҳоло ширкатҳои интиқоли пул дар Русия, ба муштариёни тоҷикистонияшон зимни интиқоли рубл, мубодилаи онро ба доллар ва ё евро пешниҳод менамоянд. Намояндаи “Золотая корона”, яке аз ширкатҳои пулфиристии Русия дар шаҳри Новосибирск ба Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон аз 2 феврал дар мавриди додани пулҳои интиқолӣ бо рубл маҳдудият ҷорӣ кардааст ва муштариён барои интиқол бояд ягон навъи дигари асъор – доллар, евро ё сомониро интихоб кунанд.”

Новобаста аз ин муҳоҷирони тоҷик ҳоло дар мубодилаи рубл ба доллар шитоб намекунанд. Сабаби ин қурби номӯътадили сомонӣ ва тафовути бузург байни харид ва фурӯши доллар дар бозори арз мебошад. Ҳамзамон коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки маҳдуд сохтани интиқол ва гардиши рубли русӣ дар Тоҷикистон, метавонад ба иқдомоти ҷавобии ҳукумати Русия оварад. Онҳо тасмими Бонки миллии Тоҷикистонро кӯтоҳбинона меноманд.

Аза Мигранян

Аза Мигранян мегӯяд: «Бо чунин маҳдудиятҳо Бонки миллии Тоҷикистон, рамзан гӯем, ризқи худро пеши по мезанад. Ҳамин тавр, муҳоҷирон маҷбур мешаванд василаҳои дигари фиристодани пул ба Тоҷикистонро ҷустуҷӯ кунанд, ё мақомоти Русия тадобире биандешанд,ки талафоти худро ҷуброн намоянд. Ҷониби Русия аз тадбири ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон то имрӯз эҳсоси таҳдид накардааст, чунки амалӣ намудани он имконнопазир аст.»

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз омода нестанд аз роҳҳои ғайрирасмӣ барои интиқоли маблағ истифода баранд, зеро ин роҳҳо риски зиёд ҳам доранд.Онҳо аз иқдоми ба назарашон ғайриодилонаи Бонки миллӣ интиқод карда, дар айни замон умед доранд, ҳукумат аз шарик шудан ба ризқи ночизи онҳо даст мекашад ва тартиби нави интиқоли пулро тағйир медиҳад.

Ҳар сол то 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Ин мардум солона ба Ватан то 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, ки баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон буд. Аммо бӯҳрони иқтисодии Русия боиси башиддат коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз ин кишвар шуд. Дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон танҳо аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул рафтааст, ки назар ба солҳои қабл бамаротиб камтар аст.