Ҳукми ихроҷи Саидҷонов баъди шикояташ аз пулиси Русия

Саид Саидҷонов

Як муҳоҷири тоҷик, ки баъди латукӯбаш аз сӯи афсарони пулис ба додгоҳ шикоят бурда буд, мегӯяд, ӯро дониста мехоҳанд қабл аз оғози мурофиа аз қаламрави Русия берун кунанд.

Ба Саид Саидҷонов, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки баъди латукӯби шадидаш аз сӯи ду афсари пулиси маҳаллӣ дар шаҳри Ханти-Мансийск, 2600-километрии шимолушарқи Маскав, пойтахти Русия ба додгоҳ шикоят бурда буд, хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Эдуард Аванесов, вакили мудофеи ин муҳоҷири тоҷик низ бар ин бовар аст, ки бо берун кардани ҷабрдида раҳбарони пулиси Ханти-Мансийск мехоҳанд, ҳамсафони гунаҳкори худро аз ҷавобгарӣ раҳо кунанд.

Саид Саидҷонов рӯзи 5 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ ҳанӯз рӯзи 22 май, вақте барои тамдиди ҳуҷҷати сабти номаш ба пулис рафт, санадеро барои имзо додаанд, ки тибқи он, ӯ бояд дар зарфи 3 рӯз тарки Русия кунад: “Афсари пулис гуфт, ки ин қарорро ФМС -- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – ҳанӯз рӯзи 12 май қабул кардааст ва ман бояд онро имзо ва дар зарфи 3 рӯз тарки кишвар кунам. Далелашон ду мавриди таъхир кардани ман барои тамдиди замони сабти номам дар пулис будааст. Аммо ман имзо накардам ва ба вакили мудофеам Эдуард Аванесов занг задам. Ӯ омад, маро аз пулис гирифт ва ҳоло мо аз ин қарор низ расман ба додгоҳ шикоят бурдаем.”

Осори латукӯб дар бадани Саидов

Исми ин муҳоҷири кории тоҷик, ки аз соли 2012 ба ин тараф дар сохтмонҳои Ханти-Мансийск мардикорӣ мекард, зимистони имсол баъди он дар забони расонаҳо уфтод, ки баъди латукӯбаш аз сӯи ду афсари пулис рӯдааш кафид ва ӯро 7 соат ҷарроҳӣ карданд. Бо гузашти инак беш аз 4 моҳ аз он ҳодисаи латукӯб, ки рӯзи 31 январ рух дода, камераҳои назоратии шӯъбаи пулис ҳам сабташ кардаанд, Саид Саидҷонов ҳамчунон пурра табобат наёфтааст ва ба ин далел кори вазнин карда ҳам наметавонад. Ӯ мегӯяд, бояд дастикам як бори дигар шикаму рӯдаҳояшро ҷарроҳӣ кунанд ва ин ҷарроҳии дуюми ӯ ба рӯзи 5 июл таъин шудааст. “Албатта, агар маро то он рӯз дастгир ва аз Русия пеш накунанд,” – алам кард дар сӯҳбат бо Озодӣ ин шаҳрванди тоҷик.

Саид Саидҷонов мегӯяд, зоҳиран қарори берун кардан (выдворение)-и ӯ ба баҳси додгоҳиаш бо пулиси маҳаллӣ марбут аст, вагарна ду мавриде ки далел овардаанд, чандон ҷиддӣ набуд: “Баъди ду қонуншикании маъмурӣ метавонанд касро берун кунанд. Ман ҳам гӯё ду қонуншиканӣ доштаам ва ҳардуяш – таъхир дар тамдиди ҳуҷҷати сабти ном (регистрация). Бори якумаш аз соли 2012 аст, ки ман ҳамагӣ як рӯз дер карда будам ва маро 2000 рубл ҷарима баста, ҳуҷҷатамро тамдид карданд. Бори дуюм моҳи марти имсол буд, ки ман баъди ҷарроҳӣ дар бемористон будам ва наметавонистам аз сарҳад рад шуда, боз баргардам.”

Саид Саидҷонов, зодаи рустои Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, тоза рӯзи 29 апрели соли 2015 бо як духтари маҳаллӣ ақди никоҳ бастааст ва мегӯяд, ихроҷи ӯ аз Русия, ки қарораш ҳамагӣ 2 ҳафта баъд аз арӯсии онҳо содир шудааст, сабаби вайроншавии оилаашон мешавад.

Гувоҳномаи ифтитоҳи парванда

Бино ба нақли Саид Саидҷонов ва вакили ӯ Эдуард Аванесов, раҳбари маркази ироаи ёриҳои ҳуқуқии созмони “Бештау”, асли моҷаро ин аст, ки Саидҷоновро ду афсари пулиси роҳ (ГИБДД) Евгений Нарушев ва Анатолий Макаров барои нодуруст парк кардани мошинаш дар яке аз кӯчаҳои Ханти-Мансийск нигоҳ дошта, 2000 рубл ҷарима мебанданд.

Бо ин вуҷуд, нозирон ба ҳуҷҷати байналмилалии ронандагие, ки Саидҷонов аз Тоҷикистон гирифтааст, эътироз карда, бо ин баҳона, ки ӯ бо ин ҳуҷҷат ҳаққи ронандагӣ дар Русияро надорад, онро мегиранд. Ду рӯз баъд, вақте Саидҷонов барои гирифтани ҳуҷҷати худ ба шӯъбаи пулис меояд, вале ҳуҷҷатро намедиҳанд. Аммо баъди рафтанаш аз шӯъба, ҳамон ду нозир - Макаров ва Нарушев - мошини ӯро таъқиб карда,Саидҷоновро сахт латукӯб мекунанд ва ба боздоштгоҳи пулис меоранд. Саидҷонов дар инҷо аз ҳуш меравад ва барояш маҷбур “Ёрии таъҷилӣ” даъват мекунанд. Табибон барои наҷоти ҷонаш муҳоҷири тоҷикро билофосила рӯи мизи ҷарроҳӣ мебаранд ва ин ҷарроҳӣ 7 соат идома мекунад.

Евгений Нарушев, гумонбари асосӣ дар латукӯби муҳоҷири тоҷик, аз сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ин қазия худдорӣ кард. Пулиси шаҳри Ханти-Мансийск ҳам то ҳол ин моҷароро шарҳ надодаанд, вале манобеи расонаҳои маҳаллӣ дар пулис гуфтаанд, ки Нарушев дигар дар ин ҷо кор намекунад.

Нашрияи маҳаллии “Правда УрФО” рӯзи 4 июн навишт, ки ҷониби пулис гӯё худи Саидҷоновро айбдор мекунад, ки гӯё ба афсарони пулис ҳамла кардааст. Саидҷонов инро рад мекунад. Бино ба иттилои як манбаи ин нашрия, бо ҳамин шева, "чанде пеш дар минтақаи Пойковски ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси низ 4 афсари пулис баъди латукӯби тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, онҳоро ба ҳамла айбдор карданд. Вале сабти камераи назорати шӯъбаи пулис нишон додааст, ки тоҷикон ба афсарони пулис ҳамла накардаанд.”

Бахши маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия низ 4 март алайҳи Нарушев ва Макаров бо иттиҳоми “сӯиистифода аз мақом” ва “расондани осеби ҷиддӣ ба саломатӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки нахустин баррасиаш дар додгоҳ мебоист рӯзи 10 июн оғоз шавад. Албатта, агар Саид Саидҷонов – тарафи ҷабрдида дар ин парвандаро то он рӯз аз Русия берун накунанд.

Худи Саид Саидҷонов мӯътақид аст, ки қарори берун кардани вай иқдоме ҳамоҳангшуда аст, чунки мегӯяд ӯ, “раҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Ханти-Мансийск бо ҳам мисли бародаранд, аз як ҷо об мехӯранд ва дар чунин ҳолатҳо, албатта, аз ҳамдигар ҳимоят мекунанд, на аз як муҳоҷири бепуштупаноҳе мисли ман.”