Муҳоҷири тоҷик бо рафтораш соҳибкори русро тасхир кард. Видео

Аҳмадҷон Расулов

Як муҳоҷири 33-солаи тоҷик бо баргардонидани беш аз сад ҳазор рубл ва санадҳои муҳим ба як соҳибкори рус, ӯро ҳайратзада кард. Аҳмадҷон Расулов, сокини Роғун, рӯзи 11-уми июл дар назди шаҳрдории Якутски кишвари Ёқутистон ҳамёни бузургеро ёфт ва дар муддати ду соат соҳиби онро ёфт ва баргардонд.

Вячеслав Владимиров, раиси ширкати “Профотсенка” дар Якутск, ки ҳамёни пур аз санадҳои муҳимашро дар маркази шаҳр афтондааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ тасаввур намекард, ки ҳамён ва чунин маблағи бузургро баргардонанд.

“Ман дар воқеъ такон хӯрдам, чун ҳар инсони дигар буд, 100 ҳазор рублро мегирифт ва ҳамёнро дар партовгоҳ меандохт. Барои ҳамин ин шахс, инсони бовиҷдон ва хуб аст“ – гуфт, соҳибкори рус ба Радиои Озодӣ.

Вячеслав Владимиров

Вячеслав Владимиров аз хурсандӣ муҳоҷири тоҷикро ба навор гирифта ва аз ӯ барои некиаш изҳори сипос кардааст. Ӯ, ки нимашаби 12-уми июл аз ин минтақаи дурдасти Русия бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин замон инсонҳои ҷавонмард ба мисли Аҳмадҷон Расулов кам ҳастанд ва тоҷикон бояд бо ингуна фарзандони худ ифтихор кунанд.

“Аҳмад яке аз намояндаҳои хуби миллати шумост. Ба волидонаш ташаккури зиёд, ки чунин фарзанди ҷавонмардеро бузург кардаанд” – гуфт, Вячеслав Владимиров.

Худи Аҳмадҷон Расулов дар амалкардаш қаҳрамоние намебинад ва мегӯяд, ҳар инсон бояд мисли ӯ рафтор кунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми ронандагӣ дар маркази Якутск дар назди шаҳрдорӣ чашмаш ба ҳамёни бузурге афтод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷавонмардии муҳоҷири тоҷик соҳибкори русро "шок" кард

“Ҳамёнро аз назди мошини Лексус ёфтам ва гуфтам, зоҳиран ҳамён аз соҳиби ҳамин мошин аст. Дар тани мошин як ду бор задам, ки сигнализатсияааш кор кунад, соҳибаш биёяд, ҳамёнро баргардонам. Касе наомад, дар як курсие 15 дақиқа мунтазир шудам, баъд рафтам ба ҷойи кор” – гуфт, Аҳмадҷон.

Бозгашт ба маҳалли ҳамёни гумшуда

Муҳоҷири тоҷик, ки ба таъмири хона дар Ёқутистон машғул аст, баъди бозгашт ба ҷойи кораш, ҳамёнро боз карда ва дар дохили он бештар аз 100 ҳазор рубл, гувоҳиномаи ронандагии зану шавҳар ва дигар кортҳои бонкиро дидааст.

wallet

Аҳмад бо умеди пайдо кардани соҳиби ҳамён дигарбора ба маҳалле баргашт, ки ҳамёнро ёфта буд, аммо на мошини Лексусро пайдо кард ва на касеро, ки ҳамён ҷустӯҷу дошт. Андаки дигар мунтазир шуд ва дигарбора ба ҷойи кор баргашт.

Аҳмадҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо яке аз афсарони пулиси Русия аз наздик ошноӣ дорад ва ба ӯ ҳодисаро нақл кард ва хост, дар пайдо кардани соҳиби ҳамён кӯмак кунад.

“Аз ӯ пурсидам, ки ҳамингуна шахс ҳаст, гувоҳиномаи ронандагиаш чунин аст, мумкин аст, бо ҳамин мушахассот хона ва адресашро пайдо кунем. Гуфт, мумкин аст, кӯшиш мекунем,кову шӯр мекунем, меёбем. Баъди ним соат, шиносам занг зад, як рақам фиристод ва гуфт, ки ҳамин рақам занг зан, мумкин ҳамин бошад”- гуфт, ӯ.

Аҳмадҷон афзуд, баъди занг задан ба соҳибкори рус, ному насабашро гирифта ва аз ӯ пурсидааст, ки оё чизеро гум кардааст. Вячеслав Владимиров аз тарси онки дигар ҳамёнашро намебинад аз Аҳмадҷон хостааст, телефонашро қатъ накунад, чун ӯ ҳамон лаҳза ҳаркуҷое, ки бошад, ба наздаш меояд.

“Аммо ман гуфтам, ки шумо натарсед, ман андаке дуртар ҳастам, худам ба наздатон меоям, тамоми санадҳоятон дар ҷояш ҳаст, касе нарасидааст, шумо ташвиш накашед” - гуфт, Аҳмадҷон.

Ҳар қадар мехоҳӣ пул бигир

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, баъди ним соат ба назди соҳибкори рус омад ва ҳамёнро ба ӯ баргардонд. Ба гуфтаи Аҳмадҷон, соҳиби ҳамён аслан пулашро ҳисоб накард ва фақат гуфт, бовар намекард, ки дар “ин замона чунин инсонҳое пайдо мешаванд.”

Аҳмадҷон Расулов афзуд, соҳибкори рус пулҳояшро баъдан ҳисоб кард ва гуфт, ки ҳар қадар мехоҳӣ бигир, аммо “ман гуфтам, ки ин пули шумост, ба ман лозим нест, аммо маҷбур кард ва 10 ҳазор рубл ба ман дод”.

Дар ҳаққи ҳеҷ як миллат набояд бад гуфт, чун ин ҷавон аз миллати дигаре мебуд, шояд барнамегардонд.

Вячеслав Владимиров саҳнаи гуфтӯгуяш бо Аҳмадҷон Расуловро сабт кардааст ва дар он мегӯяд, ки “дар ҳаққи ҳеҷ як миллат набояд бад гуфт, чун ин ҷавон аз миллати дигаре мебуд, шояд барнамегардонд."

Аҳмадҷон Расулов гуфт, мухолифи ба навор гирифтанаш буд, аммо соҳибкори рус гуфтааст, наворро барои он мегирад, то нишон бидиҳад, ки чунин ҷавонмардоне ҳастанд.

Аҳмадҷон Расулов, сокини ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун аст ва панҷ сол боз барои кор ба Русия меравад. Ҳамсар ва се фарзанди ӯ дар Тоҷикистон қарор доранд. Дар Русия ба корҳои муваққатӣ машғул аст. Бо дархости сокинон хонаҳои онҳоро таъмир мекунад.

Тасвири манфӣ аз муҳоҷирон ва таъсири он ба зеҳни мардум

Азбаски дар матбуоти Русия доир ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон гузоришҳои манфӣ зиёд аст ва номи онҳоро ба маводи мухаддиру қатлу таҷовузу терроризм зиёд иртибот медиҳанд, мардуми таҳҷоӣ аз чунин рафтори муҳоҷирон ҳайратзада мешаванд.

Муҳаммадсалим Ёқубов, муҳоҷири 46-солаи тоҷик, ки наздики 20 сол боз дар Русия кор мекунад, рӯзи 11-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте мо аз наздик бо сокинон ошно мешавем ва хубие барояшон мекунем, ҳайрон мешаванд ва мегӯянд, бовар надоштанд, ки муҳоҷирон одамони хубанд. На танҳо нисбати тоҷикон, балки нисбат ба қирғизу узбекҳо низ чунин муносибат вуҷуд дорад.”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, накукориҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад, нигоҳи манфӣ ба муҳоҷиронро тағйир бидиҳад. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳамеша муҳоҷиронро ба накукорӣ ташвиқ мекунанд, чун рафтори шоистаи муҳоҷирон эҳтироми сокинони бумиро нисбат ба онҳо бештар мекунад.