Бомб бозӣ нест. Боздошти як ҷавони тоҷик барои "шӯхии беҷо"

Як шӯхии беҷо дар бораи "бомб" сабаби боздошти як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар Маскав шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 1 декабр гуфт, қазияи як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав барои як шӯхии беҷо дастгир шудааст, пайгирӣ дорад. Сокини ноҳияи Ҷиликӯл А.Хоҷақулов, ки барои гусели як дӯсташ омада буд, ҳангоми вуруд ба бинои фурудгоҳи Внуково ва гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ ба суоли кормандони фурудгоҳ ки “дар ҷайбатон чӣ доред?”, шӯхиомез посух додааст, ки “бомба дорам.” Ҳатто вақте аз ӯ такроран ин суолро кардаанд, Хоҷақулов айни ҷавобро додааст ва ӯро боздошт кардаанд.

Азбаски нозирони фурудгоҳ духтарони ҷавон будаанд, гумон меравад, ки муҳоҷири тоҷик шояд ба хотири гап партофтан ба онҳо бидуни андеша ин ҳарфҳоро задааст. Аммо сардори бахши тафтишоти пулиси фурудгоҳи Внуково Аиша Новикова ба масъулини сафорати Тоҷикистон гуфтааст, танҳо баъди анҷоми тафтиш маълум хоҳад шуд, ки ин ҷавони тоҷик ба кадом далел ин ҳарфҳоро ба забон овардааст. Наздикони ҷавон низ ҳоло умедворанд, ки тафтишот шӯхии беҷо будани суханони Хоҷақулов дар бораи “бомба” доштанашро маълум кунад ва ӯ бо ягон ҷазои нисбатан сабуктар раҳо шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар ин робита ба шаҳрвандони тоҷик дар Русия ҳушдор додааст, ки мувозеҳи рафтор ва суханони худ бошанд, зеро қонунгузории Русия барои шӯхӣ ё хабари бардурӯғе ки амнияти ҷамъиятиро зери хатар мебарад, муҷозот таъйин кардааст.

Алайҳи Хоҷақулов бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин банди Кодексаи ҷиноии Русия барои ахбори бардурӯғе, ки ҳаёти одамонро зери хатар мебаранд ваё боиси хисороти молӣ ё дигар паёмадҳои барои ҷомеа хатарнок мешаванд, ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 200000 рубл, муодили 3000 доллар, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол, корҳои иҷборӣ ба мӯҳлати то 3 сол ё то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сафорат бо нашри ин хабар умедвор аст, ки “ин ходиса бояд барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, бахусус ҷавонону наврасони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки саводи казоии ҳуқуқӣ надоранд, дарси ибрат бишавад. Дар чунин замони ҳассос, ки дунё аз падида ва ҳаводиси террористӣ дар ларза аст, чунин шӯхиҳои бемаънӣ ва ноҷо, оқибатҳои сангин хоҳад дошт.“

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои чунин ба истилоҳ “шӯхиҳои беҷо” нест. Дар соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург як ҷавони тоҷик тавассути телефон ба пулис хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бомб гузоштаанд. Мақомот баъди ин таҳдид мардумро аз фурудгоҳ кӯчонданд. Баъди боздошт ин ҷавон иқрор кардааст, ки ба ҳавопаймояш дер мекард ва хостааст, бо ин хабари бардурӯғ парвоз ба таъхир афтад ва ӯ худро ба ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бирасонад.

Дар соли 2014 дар Екатеринбург дар бораи боздошти як муҳоҷири дигари тоҷик гузориш доданд, ки низ тавассути телефон дар бораи гузоштани маводи тарканда дар як фурӯшгоҳи ин шаҳр хабар дода буд. Баъди боздошт ин ҷавон гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар наздикии ин фурӯшгоҳ боздошт ва хеле азият карданд ва ӯ бо ин роҳ хостааст, аз онҳо интиқом бигирад.