Курск. Парвандаи тоҷике ки ба номуси хоҳарзодааш расидааст

Дар шаҳри Курски Русия як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси хоҳарзодаи ноболиғи ҳамагӣ 13-солааш ба додгоҳ эҳзор мекунанд.

Кумитаи тафтишоти ҳавзаи маъмурии Марказии шаҳри Курски Русия мегӯяд, таҳқиқи парвандаи як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро, ки ба таҷовуз ба номуси хоҳарзодаи ноболиғаш айбдор мешавад, анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Мақомоти тафтишотӣ исми ин муттаҳамро наовардаанд, вале мегӯянд, ки ӯ дар ду маврид бар асоси банди 131-уми Кодекси ҷиноии Русия(таҷовуз ба номуси ҷабрдидаи зери синни 14) айбдор мешавад. Кодекси ҷиноии Русия барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндонро пешбиинӣ мекунад.

Тафтишот мегӯяд, ин шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон моҳи октябри соли 2013 барои мардикорӣ ба шаҳри Курск омада, ҳамроҳ бо хоҳари калониаш ва се духтари ӯ манзилеро ба иҷора гирифтаанд. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ “ба хотири қонеъ сохтани талаботи шаҳвонии худ бори аввал дар поёни моҳи декабри соли 2013 ва бори дувум дар январи соли 2014 аз вазъи ба далели синни хурдаш оҷизонаи ҷияни 13-солааш истифода бурда, ду дафъа бо ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад.”

Гуфта мешавад, ки таҷовузгар ҷиянашро таҳдид кардааст, ки ба касе хабар надиҳад, вагарна ӯро хоҳад кушт. Вале ин духтари 13-сола билохира бадрафториҳои тағояшро ба модараш хабар медиҳад ва ӯ ба пулис шикоят мебарад.

Кумитаи тафтишоти вилояти Курски Русия мегӯяд, ки муфаттишон дар ин 5 моҳ далоили кофии даст доштани ин нафар дар ду мавриди таҷовуз ба номуси хоҳарзодаи ноболиғашро ҷамъ овардаанд ва бояд акнун парванда моҳиятан дар додгоҳ баррасӣ шавад. Мақомоти тафтишотӣ аммо ба далоили башарӣ аз ифшои исми ҳам таҷовузгар ва ҳам ҷабрдида худдорӣ кардаанд ва аз ин рӯ, ҳамаи 6 расонаи маҳаллӣ, ки ба ин мавзӯъ дахл кардаанд, танҳо бо нашри хабари кӯтоҳе дар ин бора иктифо кардаанд.

"Маняк"-ҳои тоҷик дар ҷангалҳову тангкӯчаҳои Русия

​Ба таҷовуз ба номуси хоҳарзодаи худ ва он ҳам як духтари ноболиғи 13-сола айбдор шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия нахустин мавриди расонаишудаи чунин бадрафтории ҷинсии мудҳиш, яъне инсест ё зино бо маҳрами наздики худ, аз сӯи муҳоҷирони тоҷик аст. Ин дар ҳолест ки матбуоти Русия моломоли хабару гузоришҳо бо сарлавҳаҳои пурсарусадое, чун

“Тоҷик кампири 78-соларо таҷовуз кардааст”,

“Гастарбайтери тоҷик ба номуси ду зани раҳгузар расид”,

“Тоҷик фурӯшандаи дӯконашро таҷовуз кард”,

“Тоҷикҳо як хонандаи мактабро ҳам ғорат ва ҳам таҷовуз карданд” ва амсоли ин аст.

Ҳамин тавр, дар чанд маврид шаҳрвандони тоҷик дар силсилаи ҳамлаҳо бо қасди таҷовуз ба номус гумонбар шуда, дар матбуоти Русия ҳамчун “тоҷики маняк” лақаб гирифтаанд. Аз ҷумла расонаҳои русӣ дар моҳи октябри соли гузашта аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Екатеринбург бо гумони даст доштан дар силсилаи таҷовуз ба номуси занон хабар доданд. Пулис мегӯяд, гумонбар дар нимашаб дар ягон тангкӯчаи торик дар ҳудуди ноҳияи Орҷоникидзе ба занони танҳое, ки аз кор ё меҳмонӣ бармегаштанд, ҳамла мекард. Дар робита ба ин ҳамлаҳои шабона дар Екатеринбург 150 нафар ҳамчун гумонбар дастгир шуда буд, вале пулис ангушти иттиҳомашро билохира рӯи як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гузошт.

Дар соли 2010 низ як тоҷик дар Екатеринбург ҳамчун “маняк” дастгир шуда буд.

Ҳамин тавр, дар соли 2012, баъди як силсила таҷовузи занон дар як ҷангалистон дар минтақаи Бутовои шаҳри Маскав “маняки Бутово” ба як қаҳрамони дигари матбуоти рус табдил ёфт. Дар моҳи ноябр зодаи шаҳри Кӯлоб Қурбонмад Зариповро бо гумони даст доштан дар ин силсилаи ҳамлаҳо дастгир карданд. Зарипов бо як чеҳраи тарсолуда дар зери шуоъи даҳҳо камера дар додгоҳ гуфт, ки айбдор нест, балки ҳамагӣ моҳе пеш аз Тоҷикистон омада, нодониста телефони яке аз ҷабрдидаҳоро аз даст харидааст. Ба дунбол дар оғози соли 2013 эълон шуд, ки “маняки Бутово” гӯё аз Доғистон будааст. Баъдан ин фарзия ҳам рад шуд, вале ин доғ, ки занони русро дар ҷангали Бутово гӯё ба истилоҳ "сиёҳ"-ҳо (лақаби дар Русия роиҷи зодагони Қафқозу Осиёи Марказӣ) таҷовуз мекунанд, тавассути матбуоти Русия хеле таблиғ шуд.

Қазияи Гавҳар ба куҷо расид?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бадрафториҳои ҷинсӣ дар байни худи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ зиёд ба мушоҳида мерасад, вале маъмулан аксари чунин ҷиноятҳо сирри сарбамӯҳр боқӣ мемонанд, чунки занони ҷабрдида одатан аз тарси шарманда шудан ба ҷое шикоят намебаранд. Аз ин миён танҳо мавриди ошкоршуда қазияи Гавҳар ном духтаре аз шаҳри Ваҳдат аст, ки соли гузашта, вақте ҳамагӣ 13 сол дошту ҳамроҳ бо модару хоҳари 5-солааш ба Русия муҳоҷират карданд, аз тарафи як тоҷики дигар, ки ҳамроҳи онҳо иҷора менишаст, таҷовуз шудааст.

Падари Гавҳар баъд аз он ки маълум шуд, ҳамсараш саратон дорад, оилаашро аз хона ронд ва модар маҷбур шуд, дар ҷустуҷӯи рӯзӣ ба Русия равад. Он вақт Гавҳар дар синфи 7-ум мехонд. Ӯ намехост, аз ҳамсинфонаш ҷудо шавад, аммо нигоҳубини ӯ ва хоҳарашро касе ба ӯҳда нагирифт ва модар ночор онҳоро бо худ бурд. Онҳо дар Русия дар хонаи як кампири рус зиндагӣ мекарданд, ки яке аз ҳуҷраҳояшро ду муҳоҷири тоҷик иҷора гирифта буданд

Ба нақли ин духтараки 14-сола, ӯ ва хоҳари 5-солаашро модараш дар назди зани рус монда худаш ба кор мерафт. Пиразани рус ҳам маъмулан ҳар субҳ ба мағоза мерафт. Аз ин рӯ замоне, ки марди тоҷик вориди хонаи хоби ду духтари ноболиғ шудааст на пиразан ва на модари онҳо дар хона набудааст. Гавҳар мегӯяд: «Саҳари барвақт очаам кор рафта буду худам ҳоло хоб будам. Марди ҳамсоямон омада, хоҳарамро хонаи дигар бурду худаш ба ҷойгаҳи ман даромад. Ҳамин қадар гиря кардам, ки акаҷон, накунед, гӯш накард. Сахт тарсидам. Боз гуфт, агар ба касе бигӯӣ, мекушамат. Аз тарс 6 рӯз ба очаам нагуфтам.»

Марде ки ба номуси Гавҳар расида буд, баъди шикояти модари ӯ гурехта, ба Тоҷикистон омадааст. Вале мақомоти ин ҷо ба ин баҳона ки ҷиноят дар Русия рух додааст, аз таҳқиқи парванда худдорӣ кардаанд. Танҳо баъди нашри мақолаи Озодӣ эълон шуд, ки мақомоти додситонӣ он марди гумонбар ба таҷовузро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад. Дар қисми 3 банди а-и моддаи 138-и Қонуни ҷинои Тоҷикистон, барои таҷовуз ба номуси ноболиғи то синни 14-сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли ҷорӣ ягон мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғ сабт нашудааст. Аммо соли гузашта дар кишвар 51 мавриди таҷовуз ба номус сабт шуда буд, ки дар миёни қурбониёни онҳо ноболиғон низ ҳастанд.