Парвандаи ҷавони тоҷикро ба Додгоҳи Аврупо бурданд

Қароргоҳи Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Страссбурги Фаронса.

Як вакили дифои Русия аз истирдоди ба қавли ӯ ғайриқонунии шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар шикоят бурдааст. Сокини Душанберо ба ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" муттаҳам мекунанд.

Роза Магомедова, аз созмони ҳомии ҳуқуқи «Мемориал», рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии Русия тобистони имсол бо дархости Тоҷикистон, Хуршеддин Фозилов як ҷавонеро, ки ба ҷалби шаҳрвандони кишвар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ муттаҳам мешавад, ба Душанбе супурдааст.

Як тоҷики бечора, ки дар масҷид гӯшт мефурӯхт ба кӣ даркор аст.

Ба гуфтаи Роза Магомедова, истирдоди Хуршеддин Фозилов ғайриқонунӣ буд, зеро Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар, бо назардошти эҳтимоли «азобу шиканҷа шудани ӯ» дар ватанаш ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардани сокини 39-солаи Душанберо мамнӯъ карда буд, вале додситонии Русия ин ҳукмро ба эътибор нагирифтааст.

«Ман барои он ба додгоҳ шикоят кардам, то бо дигарон чунин рафтор накунанд, зеро амалкарди мақомот як бедодгарии воқеӣ буд» -гуфт Роза Магомедова. Ба гуфтаи Роза Магомедова, азбаски Хуршеддин дар Русия соли гузашта дархости паноҳандагӣ кардааст, истирдоди ӯ мухолифи меърҳои байналмилалӣ ва худи қонунҳои Русия аст. Хуршеддинро моҳи июли соли 2015 дастгир кардаанд, вале бо назардошти тақозои паноҳандагии ӯ аз Русия парвандаи истирдоди ӯ то тобистони имсол кашида шудааст.

Додситонии Тоҷикистон гуфтааст, ки Хуршеддин бо моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ яъне «ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо» муттаҳам мешавад. Муҳоҷири кории тоҷик соли 2014 ба Русия омада ва дар метрои Новокузнестки Маскав дар назди масҷиди таърихии инҷо дар як фурӯшгоҳи гӯшт кор мекардааст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҷараёни кораш ӯ даҳҳо нафар аз ҷавонони тоҷикро ба сафи гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» ҷалб карда ва онҳоро аз ҳисоби худаш аз тариқи Туркия ба Сурияву Ироқ фиристодааст. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, дар рӯзи таътил шарҳи мақомоти додситонии Тоҷикистонро бигирад.

Роза Магомедова, мегӯяд, истирдоди Хуршеддин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст.

Аммо Роза Магомедова, вакили дифои ӯ, санади ФСБ ва ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русияро нашр кард, ки дар он омадааст, маъмурони амниятии Русия дар бораи дар масҷидҳои Маскав ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон машғул будани Хуршеддинро дар даст надоранд. Айни замон дар ин санад гуфта шудааст, ки монеаеро барои ба Тоҷикистон додани Хуршеддин Фозилов намебинанд.

Дар амри додситонии Русия ҳам омадааст, ки ҳеҷ маълумоте дар бораи ҷиноят кардани ин шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон дар даст надоранд, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳам боз нашудааст, вале айни замон монеае барои ба мақомоти Тоҷикистон додани Хуршеддин вуҷуд надорад.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, дар сурати истирдод мумкин аст, фарди гумонбар ба додгоҳҳои байнлмилалӣ шикоят барад. Роза Магомедова гуфт, дар посухи расмии мақомоти боздоштгоҳи Маскав, ки Хуршеддинро нигаҳ медоштанд, омадааст, ки ӯро рӯзи 15-уми июл ба кормандони раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон супурданд.

Ӯ аз беэътиноӣ ба сарнавишти Хуршеддин шикоят кард. «Дар Русия сарнавишти ингуна одамон аҷиб нест. Як тоҷики бечора, ки дар масҷид гӯшт мефурӯхт ба кӣ даркор аст. Бояд 124 миллион доллар пайдо кунанд, бояд дар калисо ба рӯи касе туф кунанд, бозигарони Покемонро дастгир кунанд. Ба онҳо тоҷики бечорае, ки дар Тоҷикистон шояд зада бикушанд, муҳим нест.»

Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи соли 2015 ба зидди Хуршеддин Фозилов парвандаи ҷиноӣ боз карда ва дархости расмии боздошти ӯро ҳам додаанд. Истирдоди шаҳрвандони аз Русия, бар хилофи ҳукми Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар гузашта ҳам дида шудааст.

Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, ба гуфтаи вакилони дифоаш ғайриқонунӣ ба Душанбе супурда шуда буд. Баъди ин соли 2011 Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар истирдоди сиёсатмадори тоҷикро, ки ба терроризм гунаҳкор дониста шудааст, мухолифи қонунҳои байналмилалӣ донист ва аз Русия хост, ба Искандаров 30 ҳазор евро ҷуброни моливу маънавӣ бипардозад.