Талаби Тоҷикистон аз Русия барои таҳқиқи ҳамла ба Баҳриддин (ВИДЕО)

Баҳриддин Шаропов, муҳоҷири захмии тоҷик дар Русия

Баҳриддин Шаропов, муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифта, 3 зарби корд хӯрдааст, мегӯяд, ба ӯ шабона дар ҷои кораш бо нидои "Чурки, вон из России!" ҳамла кардаанд.

Масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти ин кишвар талаб кардаанд, қазияи ҳамла ба Баҳриддин Шаропов ва захмӣ шудани ин муҳоҷири тоҷикро одилона таҳқиқ карда, аз ҷузъиёташ онҳоро огоҳ намоянд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, Шаропов сокини участкаи Комсомоли ноҳияи Рӯдакӣ буда, ҳоло вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд аст.

Ӯ афзуд, рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ барои ошноӣ бо вазъи ин муҳоҷири тоҷик Бадриддин Мирзоев -- корманди сафорат ба беморхонаи рақами 7-и Маскав рафта, бо ҷарроҳ Дмитрий Волков низ дар бораи Баҳриддин Шаропов суҳбат кардааст. “Бино ба қавли духтури ҷарроҳ, ҳоло ки Баҳриддинро аз шӯъбаи эҳё ба палатаи умумӣ гузаронданд, вазъаш хеле хубтар буда, боис ба ташвиш нест”,-гуфт Эгамзод.

Мусоҳиби мо илова кард, “сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки дар ҷараёни ин ҳодиса аст, дастур дод, аз аҳволи ин шаҳрванд мунтазам огоҳ бошем. Инчунин, аз мақомоти Русия талаб шудааст, то ҳарчӣ зудтар аз ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти ин ҳодисаи хунин сафоратро дар ҷараён гузоранд. Умедворем, тафтишот одилона бар ин масъала рӯшанӣ хоҳад андохт ва гунаҳкорони қазия дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.”

Нидои "Чурки, вон из России!"

Баҳриддин Шаропов, муҳоҷири 26-солаи тоҷик, ки шаби 11 октябр дар дӯкони шаурмафурӯшие дар назди истгоҳи "Коломенское" дар шаҳри Маскав дучори ҳамла шудааст, мегӯяд, ҳамлагарон 3 ҷавони зоҳиран рустаборе буданд, ки бо нидои "Чурки, вон из России!" ба ӯ ҳамла кардаанд.

Баҳриддин дар як навори видеоӣ, ки созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12 октябр баъди аёдат аз ин муҳоҷири захмӣ дар шӯъбаи реанитматсияи бемористони рақами 7-уми минтақаи Коломенское нашр кард, мегӯяд, он шаб дар басти шабона кор мекард ва дар дӯкон танҳо буд.

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, пулис аз се нафаре, ки ба Баҳриддин Шаропов ҳамла кардаанд, то имрӯз танҳо якеро мушаххас ва дастгир кардааст. Ин ҳамлагар ҳангоми фирор телефонашро афтондааст ва ӯро тавассути шумораи телефонаш боздошт кардаанд. Аммо пулис, ба гуфтаи Иззат Амон, дар қиболи ин қазия танҳо бо иттиҳоми "авбошӣ" парванда боз карда, дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтани ин ҳамларо рад мекунад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, аъзои ҳамин гурӯҳ дар ҳамон шаби 11 октябр дар ҳамин минтақаи Коломенское ба ду муҳоҷир аз Узбакистон низ бо корд ва бо айни нидои "Чурки, вон из России!" ҳамла кардаанд ва яке аз онҳо дар ҳамин бемористони 7-ум даргузаштааст. Вазъи муҳоҷири дуюм аз Узбакистон ва ҳамин тавр, вазъи Баҳриддин Шароповро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Иззат Амон гуфт, онҳо аз дирӯз талош доранд, то ягон нафар аз наздикони ин ҷавонро пайдо кунанд, вале ҳанӯз муваффақ нашудаанд. Ӯ, ки аз дохили бемористони 7-уми Коломенское бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, наздикони Баҳриддин Шаропов метавонанд бо шумораи (7) 964 559 49 61 занг зананд.

Иззат Амон мегӯяд, ду шаби охир дар Маскав зоҳиран шабҳои "шикор"-и скинҳедҳову дигар гурӯҳҳои қавмгаро будааст. Бино ба ҳисоби онҳо, дар ин ду рӯзи охир дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти Русия дастикам 8 муҳоҷир ҳадафи чунин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд. Аз ҷумла ду нафар дар кӯчаи Миклухо-Маклай.

Кушташудаҳо дар Миклухо-Маклай аз Қирғизистон будаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум кардааст, ки дар кӯчаи Миклухо-Маклай ду муҳоҷир аз Қирғизистон кушта шудаанд. Матбуоти Русия қаблан хабар дод, ки дар инҷо ду тоҷикро куштаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12 октябр ба Озодӣ хабар дод, ду муҳоҷири кушташуда дар ҷангалаки кӯчаи Миклухо-Маклай дар ҷанубуғарбиии шаҳри Маскав зодагони Қирғизистон будаанд, на шаҳрвандони тоҷик.

Акс аз бойгонӣ

Қаблан расонаҳои русӣ, аз ҷумла шабакаи телевизионии Lifenews хабар доданд, ки субҳи 12 октябр дар кӯчаи Миклухо-Маклайи шаҳри Маскав дар минтақаи як ҷангалаки воқеъ дар ин маҳал ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардаанд.

Муҳаммади Эгамзод гуфт, азбаски дар қисмати ҷанубуғарби Маскав хобгоҳҳои чандин донишгоҳи Русия ҷойгир шудааст ва дар ин мактабҳои олӣ даҳҳо донишҷӯи тоҷик ҳам таҳсил мекунанд, хабари куштор сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторовро сахт нигарон кард. Вале тавре Руслан Гребенов, нозири калони шӯъбаи пулис дар кӯчаи Миклухо-Мклай ба кормандони ба ҷои ҳодиса фиристодаи сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ду марди кушташуда аз Қирғизистон будаанд, на аз Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, як корманди дигари сафорат ба бемористони рақами 7-уми Коломенское рафтааст, то ҷузъиёти ҳамла ба Баҳриддин Шароповро дақиқ кунад.

Шабакаи телевизионии Lifenews қаблан хабар дод, ки маъмурони пулиси Маскав субҳи барвақти 12 октябр аз як ҷангалаки воқеъ дар назди бинои рақами 21-уми кӯчаи Миклухо-Маклай, дар ҷанубуғарби пойтахти Русия ибтидо ҷасади мардеро бо захмҳои корд пайдо карданд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯ аз ҳамон наздикӣ ҷасади боз як нафаре ёфт шуд, ки аз ноҳияи гарданаш чанд зарби корд хӯрда буд. Пулиси Маскав мегӯяд, ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст ва дар ҳоли ҳозир ду марду як духтарро бо гумони даст доштан дар ин ҳамла таҳти таъқиб қарор додааст.

Тоҷикон - як сайди "шикор"-и гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия

Иля Горячев - гумонбари асосӣ дар буридани сари Салоҳиддин Азизов

Бовар меравад, ки ҳамла алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон дар истгоҳи метрои “Коломенское” аз сӯи қавмгароён ва дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шудааст. Дар солҳои охир даҳҳо нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар Русия тӯъмаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро мешаванд.

Ахиран додгоҳи Русия чанд нафар аз раҳбарони гурӯҳи БОРН (Боевая организация русских националистов)-ро маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва раҳбари аввали ин гурӯҳи қавмгароён Никита Тихоновро маҳкум ба ҳабси абад ва ахиран иловатан боз боз ба 18 соли дигари зиндон кард. Тафтиши парвандаи як узви дигари ин созмон бо номи Иля Горячев, ки то баҳори соли ҷорӣ дар Сербистон дар ҳоли фирор ба сар мебурд, тоза ба анҷом расид ва ба гуфтаи вакилаш Николай Полозов, онҳо ҳоло ба мутолиаи 20 ҷилди ин парванда машғуланд.

Салоҳиддин Азизов

Аъзои БОРН дар анҷоми чандин куштори пурсарусадо дар заминаи адовати қавмӣ, аз ҷумла буридани сари шаҳрванди он замони ҳамагӣ 20-солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов дар декабри соли 2008 айбдор мешаванд. Онҳо баъди ҳамла ба Салоҳиддин дар як ҷангалзори воқеъ дар вилояти Маскав сари ӯро бурида, чанд рӯз дар яхдон нигоҳ доштаанд ва сипас ҳамчун аломати ҷиддиӣ будани муборизааш барои “пок кардани Русия аз ҳузури ақвоми ғайр” сари ин муҳоҷири бечораро дар назди бинои ҳукумати минтақаи Можайски шаҳри Маскав партофтанд.

Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристода, гуфтанд, БОРН куштори ин рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр медонад.

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҳалок мешавад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе ҳам – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.

Шоҳҷон Раҳматшоев

Аммо қатли ваҳшиёнаи қариб 6 сол пеши Салоҳиддин Азизов дар қатори куштори Хуршеда Султоноваи 9-сола, ки дар таърихи 9 феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург дар пеши чашмони падараш кушта шуд, ва қатли низ мудҳиши Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки шаби 26 декабри соли 2013 дар Маскав сари ӯро ҳам мисли Салоҳиддин Азизов аз танаш ҷудо карданд, аз пурсарусадотарин мавридҳои қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия эътироф шудаанд.

Ин се маврид мавҷи бавижа шадиди интиқодҳо дар матбуоти Тоҷикистонро ба бор овард ва мақомоти Душанбе ҷомиаро таскин медоданд, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаҳоро зери назари худ мегиранд. Волии вақти Петербург Валентина Матвиенко ҳам дар мазҳари ом ҳатман пайдо кардану ба зиндон шинондани қотилони Хуршедаи маъсумро ваъда дода буд. Вале ба фарқ аз қазияи Салоҳиддин Азизов, ки қотилонаш баъди қариб 6 сол ба додгоҳ мераванд, қотилони Хуршеда Султонова ва Шоҳҷон Раҳматшоевро то ҳол наёфтаанд.