Рӯзи 3 август дар Вашингтон вазири умури хориҷаи ИМА Ҷон Керрӣ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Дар ин мулоқот вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон иштирок хоҳанд кард. Дар меҳвари музокирот – амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, мушкилоти муҳити зисту тағйироти иқлим ва ҳам масоили башарӣ қарор доранд. Дар ин мулоқот инчунин тарҳҳои пешниҳодие баррасӣ мешавад, ки дар мулоқоти ахири кишварҳои панҷгонаи “C5+1” дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон моҳи ноябри соли 2015 матраҳ шудааст.
Ба ин тартиб, ин дуюмин мулоқоти вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА хоҳад буд, ки исми рамзии “C5+1”-ро ба худ касб кардааст. Аз рӯи иттилои ахир, вазири хориҷаи Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов аллакай дар Вашингтон қарор дорад.
Дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти гурӯҳи “С5+1” ба Вошингтон парвоз кард. Масъулони дафтари матбуотии ВКХ Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари Сироҷиддин Аслов ба Вашингтон дар паи сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия ба манзури ширкат дар Конфронси ҳамкориҳои исломӣ сурат мегирад.
Хабари баргузории нишасти навбатӣ дар Вашингтонро нахуст Даниэл Розенблум, ёвари Котиби Давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ рӯзи 28 июл дар як нишасти матбуотиаш бо хабарнигорони Осиёи Марказӣ аз Вашингтон эълон кард. Вай гуфт, ки “дар ин нишаст, агар вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ мувофиқат кунанд, оғози 5 тарҳи муштарак эълон хоҳад шуд".
Даниэл Розенблум афзуд, ки “ҳадафи гурӯҳи “С5+1” андешидани чораҳо алайҳи чолишҳоест, ки пешорӯи кишварҳо қарор доранд. "Ба ин манзур дар нишасти Самарқанд тавофуқ шуд, ки дар чор бахш – иқтисод, тағйирёбии иқлим, амният ва ҳуқуқи башар фаъолият хоҳем кард. Гурӯҳи корӣ низ ташкил шуд ва аллакай дар Бишкек ва Алмаато бо ҳам мулоқот карданд. Ҳамакнун дар нишасти 3 август дар Вошингтон онҳо 6 тарҳи муштаракро пешниҳод мекунанд. Агар раҳбарони ҳайатҳо розӣ бошанд, мо ҳатман ҷузъиёти ин тарҳҳоро эълон мекунем”, гуфт ёвари вазири умури хориҷии ИМА.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Розенблум, нишасти гурӯҳи “С5+1”, ки барои аввалин бор дар Вашингтон доир мешавад, мулоқот бо тоҷирону намояндагони бахши хусусиро дар бар мегирад ва осори фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта мешавад. Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст ӯҳдадориҳои вазирон барои ҳалли масоили доғи минтақа – аз беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили энержӣ, тиҷорат ва транзити молу коло, то чолишҳои зистмуҳитиву амниятӣ, аз мубориза бо терроризму кумак ба пешрафти Афғонистон то ҳимояти ҳуқуқи башар ва тақвияти ниҳодҳои демокративу ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр шудаанд.
Мақомоти ИМА пинҳон намекунад, ки тарафдори тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои ОМ мебошанд ва омодаанд барои муқобилаи ҳукуматҳои ин кишварҳо бо чолишҳои амниятии таҳдидкунанда аз марзҳои Афғонистон, назири Толибон, ДИИШ, қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои терроризму тундгароӣ - мизони кӯмакҳо ба ин кишварҳоро афзоиш диҳанд.
Моҳи июни имсол дар сухарониаш дар баробари Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба афзоиши мизони кӯмакҳо ба ин кишварҳо даъват кард. Вай гуфт, ИМА дар Осиёи Марказӣ ду ҳадафи дарозмуддати амнияти миллиро пайгирӣ мекунад – яке пуштибонии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар бунёди давлатҳои қавии мустақил ва озод аз мудохилаи беруна, ва дигаре таъмини суботи давлатҳои мустақил дар ин минтақа. Ӯ таъкид кард, ки ИМА бояд аз хушунатҳо ва пайдоиши замина барои табдили ин қаламравҳо ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ кунад.
Айни замон, оқои Розенблюм пешниҳод кард, ки мизони кӯмакҳои Департаменти давлатӣ барои соли 2017 дар ин минтақа афзоиш ёбад. Аз ҷумла, барои Қирғизистон 51,8 миллион доллар (39 % бештар), барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар (44 дар сад бештар назар ба соли гузашта), 11,6 миллион доллар барои Ӯзбакистон (9 % бештар), барои Қазоқистон – 8,8 миллион доллар (5 % бештар) ва барои Туркманистон 4,8 миллион доллар (43 % бештар) пешниҳод шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, доираҳои ҳокими Осиёи Марказӣ, бахусус, дар пасманзари ҳаводиси Украина ва ишғоли Қрим аз ҷониби Русия, ба Ғарб ва бавижа ба Амрико ҳамчун ба қудрате умед мебанданд, ки метавонанд тавозунро дар муқобили нуфузҷӯиҳои қудратҳои дигар, бавижа Русияву Чин, нигоҳ бидоранд. Онҳо маҷбуранд ҳузури Маскавро дар ин арса истиқбол кунанд ва ба далели набуди манобеи дигар дасти дарози ёриҳои иқтисодии Пекинро низ бипазиранд, вале дар айни замон дарҳои худро ба рӯи марказҳои дигари қудратманд, ба мисли Брюссел ва Вошингтон низ бастанӣ нестанд. Ва аммо ҳар кадоме аз ин кишварҳо умедворанд, ки Аврупо ё Амрико ба инҷо дасти холӣ нахоҳад омад.
ИМА соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Мароказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст. Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз дарёфт кардааст.