Сӯхтор дӯконҳои бозори Панҷро нобуд кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар бозори ноҳияи Панҷ даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафтааст. Ҳодиса субҳи 5-уми сентябр рух дод. 36 дӯкони тоҷирон осеб дидаанд ва масоҳати сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Видеоро корбарони Радиои Озодӣ ба мо аз тариқи Вайбер фиристоданд. Шумо ҳам бифристед ва ба ин шумора: +420 724053959