100 ҳазори Носир Қосимов бо шарофати се фарзанди баномусаш

Падари се муҳоҷир, ки пайваста аз писаронаш пул дарёфт мекард, дар сабқати "Бонки Эсхата" пирӯз шуд ва 100 ҳазор сомониро бо худ бурд.

Як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки писарони муҳоҷираш ба ӯ аз Русия пул равон мекарданд, ғайриинтизори худаш як маблағи чашгир ба даст овард. Мақомоти бонки «Эсхата» дар минтақаи Кӯлоб, ин 100 ҳазорро рӯзи 20 феврал ба муштарии худ, ки дар аксияи вижаи «Интиқоли тиллоӣ» иштирок дошт, тақдим карданд. Ин бурд дар ҳоле насиби хонаводаи Носир Қосимов шуд, ки писари бузургаш дар се интиқоли алоҳидаи бонкӣ ба падараш аз 20 то 100 ҳазор рубли русӣ фиристодааст.

Носир Қосимов, сокини 75-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи чоршанбеи 25 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамеша ба писаронаш талқин кардааст, ки дар аксияҳои бонкӣ иштирок кунанд. Писари бузурги оқои Носиров дар Маскав корхонаи хусусӣ дорад ва кӯмакҳои молиашро ба хонаводааш аз тариқи "Бонки Эсхата" мефиристод. Носир Қосимов мегӯяд, ки дар бораи бурди бонкӣ дар сабқати “Интиқоли тиллоӣ” хабар надошт ва ҳатто умед ҳам надошт, ки соҳиби ҷоизаи вижа мешавад.

«Хай, Худованд дод"- мегӯяд Носир Қосимов, ки дар фикри бунёди хона барои писари хурдияш буд. Аз се писари Қосимов, писари бузургаш корхонаи хусусӣ дорад ва маблағҳои чашмгирро ӯ ба падараш мефиристад.

Аксияи "Бонки Эсхата" моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуд ва аз чор давр иборат буд. Дар се даври аввали он ду нафар сабқатро бурда, яке 10 000 сомонӣ ва дигаре мошини тамғаи «Mersedes klass» -ро дарёфт кард. Мақомоти бонки «Эсхата» дар сӯҳбат Озодӣ гуфтанд, ки баъди пирӯзии Носир Қосимов сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ аз онҳо воқеияти бурди Носир Қосимовро пурсон шудаанд.

Ҷӯрабек Ботуров, роҳбари филиали бонки «Эсхата» дар ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт: «Вақте мо ба бобои Носир телфон кардем, ӯ дар бистари беморӣ буд. Аз ин рӯ, мо нагуфтем, ки ӯ бурди калон кардааст ва ба хонааш рафта, ин хабарро расонидем ва ӯ аз шодӣ бемор буданашро фаромӯш карда ба сӯи бонк шитофт.»

Бонки «Эсхата» баъди «Агроинвестбонк» дуюмин ниҳоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб аст, ки дар муқоиса бо бонкҳои дигар муштарии бештар дорад. Худи муштариён мегӯянд, ки ин бонк ба хотири аксияҳои муфидаш ҷалби таваҷҷӯҳ кардааст.

Бурди 100 ҳазор сомонии як сокини Ҳамадонӣ

Низомиддин Комилов, устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, ки дар байни 17 банки Тоҷикистон, "Эсхата" аз ҳама замонавӣ ва муваффақтар аст: «Кори ҳозираи ин бонк нисбати бонкҳои дигар беҳтару хубтар аст. "Агар ин бонк дар оянда ҳам аз непотизм ё тағобозӣ канор бимонад, мумкин аст аз бонкҳои сермуштарии кишвар шавад. Дар ҳар сурат, аввалин бонке ҳаст, ҷоизаашро як сокини деҳаи дурдасти Тоҷикистон дарёфт кардааст» "- мегӯяд устоди донишгоҳи Кӯлоб.

Бурди Носир Қосимов, дар ҳолест, ки сокинон ҳанӯз ҳам ба аксияҳои бонкӣ чандон эътимод надоран ва ин маъракаҳоро роҳи боз ҳам бой шудани бонкҳо мешуморанд. Ҳоло Носир Қосимов бурди худро дар бонк нигаҳ дошта, мехоҳад барои писари сеюмаш хона бунёд кунад.

Баҳриддин Қосимов, писари савуми Носир Қосимов 35 сол дошта, бинобар надоштани хона, ҳоло ҳам бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Баҳриддин алакай маҳсулоти сохтмонии хонаашро харидорӣ кардааст ва мегӯяд, ки баробари расидани гармо, хонаашро месозад. Дар минтақаи Кӯлоб барои аввалин бор аст, ки як муштарӣ соҳиби ҷоизаи чашмгири бонки маҳаллӣ шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пирамарди тоҷик 100 ҳазор сомонӣ бурд