Муҳаммад Холов, маъруф ба "Мадоннаи тоҷик"-ро ин шабурӯз чанде аз фаъолони Фейсбук барои аксбардории тоблуҳои таблиғотӣ омода мекунанд. Ин марди раққос ва ҳаҷвнигор баъди 11 соли беморӣ рӯзи 22 октябр ба саҳнаи ҳунар бархоҳад гашт. Аммо на мисли пешина бо ду пойи равон, балки бо ёрии асобағал.
Сабаби бо тахаллуси “Мадонна” маъруф будан дар он аст, ки аввалин нақше ки бозида будам, тақлид ба ҳунарманди машҳури Аврупо Мадонна буд. Ҳамин нақш маро машҳур кард ва то ҳол дар зеҳни мардум ҳамчун “Мадоннаи тоҷик” боқӣ мондаам.Муҳаммад Холов
"Мадоннаи тоҷик" рӯзи 2 октябр гуфт, ки ёздаҳ сол боз аз саҳна дур афтода буд ва ахиран ӯро барои бозгашт ба саҳна чанде аз фаъолони Фейсбук ҳавасманд кардаанд. "Ман ба садамае дучор шуда, аз пойи равон монда буд. Барои ҷарроҳӣ шудан умед надоштам. Аммо баъди ин солҳо дӯстони фаъоле мисли Шаҳнозҷон, Зебоҷон ва Бахмалҷон гуфтанд, ки мо дастгирӣ мекунем, то дубора ба саҳна бароед", - илова кард ӯ.
Муҳаммад Холов дар саҳна бо асобағал ҳунарнамоӣ хоҳад кард, вале умед дорад, ки маблағи аз ин барнома ба дастовардааш барои барқарории пойҳои ӯ ёрӣ хоҳанд кард. Табобати пойҳояшро пизишкони бемористони Қарияи Боло ҳудуди 7 ҳазор доллар нархгузорӣ кардаанд.
Навори видео инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳноз Комилзода, як фаъоли Фейсбук, ки аз ташаббускорони ин барномаи хайриявӣ аст, гуфт, онҳо ният доранд, барномаҳои ҳунарии "Мадоннаи тоҷик"-ро дар минтақаҳои дигари кишвар низ баргузор кунанд. Ӯ афзуд, "агар дар барномаи ҳунарии Мадонна дар Душанбе маблағи кам ба даст омад, ният дорем, онро дар шаҳри Хуҷанд, навоҳии вилояти Хатлону Бадахшон доир намуда, маблағи кофӣ ҷамъоварӣ кунем."
Паёми ҳунарнамоии дубораи "Мадоннаи тоҷик" ва дархости дастгирии ӯ дар шабакаи Фейсбук дар давоми 10 рӯзи гузашта даҳҳо танро ба ҳам муттаҳид карда ва чандин нафар барои дастгириаш изҳори омодагӣ кардаанд. Чанде аз овозхонони маъруфи тоҷик низ гуфтаанд, ки ба "меҳмонии Мадонна" хоҳанд рафт. Шаҳноз Комилзода гуфт, "вақте ин огоҳиро нашр кардам, ба ман Ҷонибек Муродов, гурӯҳи Ғарибшо, Баҳром Ғафурӣ ва чанде дигар аз ҳунармандон гуфтанд, ки дар барномааш иштирок мекунанд. Вале кумаки бештарро вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ваъда кардаанд, ки толорро бароямон бепул медиҳанд."
Муҳаммад Холов ҳоло 44 сол дорад ва баъди хатми шуъбаи коргардонии Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар гурӯҳҳои ҳаҷвии ҳозирҷавобон, Ғарибшо-Компания, театри драмавии русии ба номи Маяковский кор кардааст. Ӯ ҳунари овозхонӣ, ҳаҷвнигорӣ ва рақсро балад аст, вале мухлисонаш ӯро бештар чун “Мадоннаи тоҷик” мешиносанд.
Муҳаммад Холов мегӯяд, “сабаби бо тахаллуси “Мадонна” маъруф будан дар он аст, ки аввалин нақше ки бозида будам, тақлид ба ҳунарманди машҳури Аврупо Мадонна буд. Ҳамин нақш маро машҳур намуд ва то ҳол дар зеҳни мардум ҳамчун “Мадоннаи тоҷик” боқӣ мондаам”.
Муҳаммад Холов ё “Мадоннаи тоҷик” мегӯяд, ҳарчанд тӯли ин солҳо дар саҳна набуд, аммо ба қавли худаш “шикаста бошад ҳам, нарехтааст”. Вай ният дорад, баъди дубора барқарор шудани пойҳояш гуруҳи ҳунариеро бо шумули нафарони имконияташон маҳдуд, ки соҳиби истеъдод ҳастанд, таъсис дода ва таваҷҷуҳро барои ҳимоят аз ин қишри аҳолӣ бештар кунад.