Низорамо Қурбонова, як зани бознишастаи 56-солаи тоҷик, аз ноҳияи Ҷайҳун, 25 сол иҷоранишин аст, як фарзандаш афсар аст ва дар Бадахшон хизмат мекунад ва келину ду набераи дигараш низ аз хонаи танг ба ҷойи дигар рафта ва иҷора менишинанд.
Борҳо ба мақомоти ноҳия ариза додааст, ки замин бидиҳанд, вале азбаски посухҳо манфӣ буд, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ нома навишт ва ду моҳ пеш посух гирифт.
Дар посух омдааст, ки мақомоти маҳаллӣ бояд шикояти занро бисанҷанд ва ба мушкилаш расидагӣ кунанд. Низорамоҳ, мегӯяд, ки хушҳол буд, ки ба арзаш расидаанд, аммо хушҳолиаш дер давом накард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Аз дастгоҳи президент посух омад, ки мушкилро ҳал кунед, яъне баррасӣ кунед. Аз ҳукумати вилоят низ омад, вале мушкил ҳал нашудааст. Охирин умедам дастгоҳ буд, албата аввал ба Худованд буд. Лек ҳеҷ натиҷа надоданд” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Низорамоҳ солҳост дар хобгоҳи садамавие бо чанд зане мисли худаш зиндагӣ мекунад. Дар нома ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ 4 сотих замин барои хонаводаи 13 нафарӣ тақозо кардааст.
Мисли Низорамоҳ зиёданд
Ӯ ягона нафаре нест, ки умеди ахирашро дар дастгоҳи президент медид ва ноумед шудааст. Сокинони дигаре ҳам ҳастанд, ки мисли ӯ баъди нома навистан ба дастгоҳи раисиҷумҳур ноумед шудаанд.
Рустами Сафар, як сокини шаҳри Бохтар чанд моҳи пеш хонаашро дар ноҳияи Носири Хусрав фурӯхта ба Бохтар омад. Ӯ мегӯяд, ки пок накардани заҳбурҳои назди хона сабаби шӯршавӣ ва нам гирифтани хонаҳо шуд. Онҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ навиштанд, як ҳайати корӣ аз ноҳия омад.
“Аз дастгоҳ санҷиш гузарониданд, гуфтанд, ки мушкилро ҳал кунеду заҳбурро пок кунед, вале баъди бозгашти коммисия, мақомоти ноҳия шаҳрвандонро ҷамъ карда, гуфт, ки имкони тоза кардани заҳбурро надоранд ва барои замин мо равем дар ҷойи дигар хона созем” – мегӯяд, Рустами Сафар.
Ба қавли мусоҳиби мо ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки баъди навиштан ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба мардум фишор меорад ва шикоят бар зарарашон тамом мешавад.
Ҳукуматдорон мардумро чап мегиранд
“Ҳукуматдорон мардумро чап мегиранд, баръакс бо ҳар роҳҳо фишор меоранд, ки шумо аз болои мо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят кардед” – мегӯяд, Рустами Сафар.
Аммо на ҳамаи сокинон ноумед ҳастанд ва баъзе аз онҳо мегӯяд, бидуни шак баъди муроҷиат то ба дастгоҳи баландтарин дар ҳукумат, муаммои корашонро боз мешавад. Аюбҷон Гиёев, сокини ноҳияи Кушониён яке аз онҳост ва чанд сол боз бо модаранда ва бародараш баҳси замин дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аз рӯи инсоф хизмат мекунам". Савганди 18 мақомодор дар Фархор“Борҳо гуфтам, ки агар мушкилро ҳал накунед, ба ҷойи дигар шикоят мебарам. Дар ҳалномаи суд гуфта шудааст ва ба фоидаи ман, вале касе инро ба инобат намегирад, ман ариза дорам, ки бояд ба дастгоҳи президент муроҷиат мекунам ва лозим шавад ба назди президент ворид мешавам, бовар дорам, ки ҳал мешавад.” – мегӯяд, Аюбҷон.
Аз ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз аввали сол 10 нома аз дастгоҳ ба дасти онҳо расидааст, ки аксарияти онҳо баррасӣ мешаванд, вале гуфта нашудааст, ки оё онҳо ба фоидаи мардум ҳал шудаанд ё мушкил ҳамоно боқӣ мондааст.
Дар ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, 90 дар сади арзу шикоятҳое, ки ба онҳо мерасад, вобаста ба замин, тақсимоти замин будааст. Дар як соли ахир ба гуфтаим мақомот ба онҳо тақрибан 100 нома аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои расидагӣ ба шикояти сокинон расидааст ва ба аксарияти ин шикоятҳо ё расидагӣ шудааст ва ё ба муаллифони номаҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ посухи расмӣ додаанд.