Антон Рижов, ҳуқуқшиноси созмони “Стимул”, рӯзи 23-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай яке аз ҳамлагарон боздошт шуда, се нафари дигар дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Рӯзи 23-юми август талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари полис дар вилояти Маскав натиҷа надод.
Ҷавони 27-солаи тоҷик, ки ба хотири амнияташ аз ӯ шартан "Алӣ" ном бурда мешавад, гуфт, чанд рӯз пеш мавриди ҳамлаи гурӯҳе аз тоҷикистониҳое қарор гирифт, ки бо баҳонаи гӯё “дарси ахлоқ додан” ӯро латту кӯб карда ва пул талаб намудаанд.
Вай рӯзи 23-юми август дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, худро узви гурӯҳи ақаллиятҳои ҷинсӣ мешуморад. “Алӣ” шаш сол боз дар Русия дар ошхонаву фурӯшгоҳҳо кор мекунад.
Мусоҳиби мо мегӯяд, дар оғози моҳи август тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо як ҷавоне шинос шуд, ки худро ҳамҷинсгаро муаррифӣ кард ва баъд аз муддате муоширати интернетӣ қарор карданд дар беруни шаҳри Маскав мулоқот кунанд. Мулоқоти онҳо шоми 9-уми август бо моҷаро анҷомид. Ҷавон Алиро дар истгоҳи автобус пешвоз гирифта, ба хонааш бурдааст. “Баъд аз чанд дақиқа чаҳор нафар шуда, бо таппонча таҳдид карданд ва хеле заданд. Таҳқир карданд, “кофир шудагӣ” гуфтанд. Мегуфтанд, ки “дар назди ту нишаста гап задан ҳаром аст”.
Ҳамаи ин саҳна ва эътирофи ин ки ӯ як ҳамҷинсгаро аст, дар навори видеоии телефони ҳамлагарон сабт шуд. Алӣ мегӯяд, ҳамлагарон, ки ҳама тоҷик буданд, ба ӯ таҳдид карданд, наворҳои видеоиро дар интернет мегузоранд ва хешовандонаш мефиристанд. Ҳамлагарон зуд ба талаби пул гузаштаанд.
«Маҷбур шудам, ки ба ёру дӯстон занг зада, пул фиристоданашонро хоҳиш кунам. Ҳамлагарон ваъда доданд, ки танҳо дар ивази пул ин видеоро дар ҷое нашр намекунанд», -- нақл крад ӯ.
Яке аз дӯстони Алӣ омода шуд субҳи дигар пулро ба ӯ фиристад. То субҳ Алиро аз курсие, ки нишаста буд, хестан нагузоштаанд. Ба гуфтаи Алӣ, дар ҳузури ӯ рӯзи дигараш ба ҳамин хона як ҷавони дигарро низ оварда мисли ӯ латту кӯб карданд.
“Субҳи дигар (10-уми август), - мегӯяд Алӣ, - бо яке аз ҳамлагарон барои гирифтани пул ба кӯча баромадем ва азбаски шанбе буд, ду нуқтаи “Золотая корона” баста буд. Вақте ҳамроҳи ман хост барои харидани чизе ба фурӯшгоҳ ворид шавад, зуд фирор кардам”.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, мушкили ӯ дар он аст, ки ҳеҷ нафаре аз наздиконаш дар бораи тамоюлҳои ҷинсии ӯ иттилоъ надоранд ва дар қазияи ахир ҳам ба касе нагуфт, ки ҳамин ҳолат сабаби ҳамлаи гурӯҳӣ шуд.
Худи Алӣ мегӯяд, кори ин гурӯҳ сирф ҷинояткорӣ аст ва, ба гуфтааш, “агар онҳо мехостанд, маро ба қавле аз роҳи бад бигардонанд, насиҳат мекарданд, бо гап мегуфтанд, ин корро накун. Вале онҳо аз роҳи таҳқиру азияти ман, латту кӯби ман ва таҳдиди шарманда кардани ман пул талаб мекарданд.”
Алӣ мегӯяд, ҳоло ҳам хатар ба ҷонаш таҳдид мекунад, чун се нафари дигар дар озодӣ ҳастанд.
Ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирони узви гурӯҳҳои ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Русия дар гузашта ҳам рух додааст. Соли 2014 дар Новосибирски Русия ҳам гурӯҳи муҳоҷирони узбек як ҳамванати худро, ки зери навори видео эътироф мекунад ҳамҷинсгаро аст, шадидан латту кӯб ва таҳқир карда, дар ниҳоят ӯро бо зарфи шишагӣ таҷовуз карданд.
Созмони “Стимул” мегӯяд, ба созмони онҳо, ки аз соли 2015 фаъолият мекунад, бори аввал як намояндаи Тоҷикистон муроҷиат кард. То имрӯз чунин муроҷиатҳо аз шаҳрвандони Узбекистону Қирғизистон ва инчунин зодагони Қафқози шимолии Русия ворид шудааст.
Ҳуқуқшиноси созмон Антон Рижов мегӯяд, ки ҳамлаҳои гурӯҳии муҳоҷирон ба ҳамватанон бо сабаби ҳамҷинсгаро буданашон зиёд рух медиҳад, вале на ҳамаи онҳо омода мешаванд, ки аз полис ваё созмонҳои ҳомии ҳуқуқ кумак хоҳанд.
“Мушкили аввали чунин муҳоҷирон ин аст, ки дар ҳолатҳои зиёд санади муҳоҷирати онҳо комил нест. Яъне, онҳо метарсанд, ки вақте дар бораи ҳамла шикоят мекунанд, худашон мавриди пайгард қарор мегиранд ва ё ихроҷ мешаванд. Дар мисоли Алӣ бояд гуфт, ки ӯ дар Русия қонунӣ ба сар мебарад. Вале дар ҳолати қонунӣ будани муҳоҷир мушкили дигаре пеш меояд. На ҳамаи ин афрод розӣ мешаванд, ки тамоюлҳои ҷинсии худро ошкор кунанд, чунки ба полис ҳам эътимод надоранд. Чунин беэътимодӣ ба полис дар миёни дигар намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар Русия ҳам вуҷуд дорад. Ва ниҳоят сабаби сеюм ин аст, ки аксари онҳо аз фош шудани вазъашон дар назди хешу табору дӯстон ҳарос доранд. Тарс аз он аст, ки хешовандон аз онҳо рӯй мегардонанд ваё онҳоро ҷазо медиҳанд”, -- шарҳ дод Рижов.
Рижов мегӯяд, аз соли 2019 ба ин созмон бо ҳадафи дарёфти кумаки ҳуқуқӣ тақрибан 90 нафар аз намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо муроҷиат кардаанд ва аз ин миён “тахминан 10-15 ҳолат марбут ба мулоқоти дурӯғин аст”.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҷомеаҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Русия ва минтақаи Қафқози Шимолӣ ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуди афроди ҳамҷинсгоро бо ҳассосият муносибат мекунанд ва назари манфӣ нисбат ба ин нафарон дар бисёр ҳолат дар сатҳи давлату матбуот таблиғ мешавад.
Чанд сол пеш созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Тоҷикистонро барои тартиб додани феҳристи беш аз 300 ҳамҷинсгаро интиқод карда буданд. Ин гурӯҳи афрод мегӯянд, худро амн эҳсос намекунанд ва дар баробари афроди ҷудогона, аз дасти ходимони ҳифзи ҳуқуқ ҳам азият мешаванд.