Д.Самадова: Ҳалокати сарбоз дар артиш бояд ба дигарон дарс шавад

Дилафрӯз Самадова

Баррасии аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида зидди вазорати дифои Тоҷикистон ба таъхир андохта шуд.

Баррасии аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида зидди вазорати дифои Тоҷикистон ба таъхир андохта шуд. Интизор мерафт, ки имрӯз додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе хулосаҳои худро дар заминаи аризаи пардохти ҷубронпулии маънавӣ аз марги Фирдавс Раҳматов эълон мекард. Додрас Нарзулло Шараф дар мурофиаи рӯзи 26 июл дар Душанбе гуфт, ки ҳукм аз рӯи ин парванда ба мӯҳлати номуайян ба таъхир афтод. Дар мурофиаи имрӯза танҳо баромади вакилони мудофеъ Дилафрӯз Самадова ва Дилшод Ҷӯраев, ки аз хонаводаи Раҳматовҳо намояндагӣ мекунанд, шунида шуд.

Вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳануз моҳи маи соли равон ба додгоҳи горнизонии шаҳри Душанбе аз ҷониби волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматов аризаи даъвогӣ барои руёнидани зарари маънавӣ ирсол гардида буд ва мурофиаи додгоҳии он тӯли бештар аз як моҳ ҷараён дорад. Дар аризаи даъвогӣ омадааст , ки аз ҷониби вазорати мудофиа зарари маънавӣ ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ ба фоидаи Дилором Раҳматова ва 26 ҳазор сомонӣ ба фоидаи Ғаниҷон Раҳматов ситонида шавад".

Вакилони мудофеъ интизор доранд, ки талаби хонаводаи Раҳматовҳо ба пуррагӣ қонеъ мегардад, зеро онҳо ҳамаи даъвоҳои хешро асоснок кардаанд. Вале ҳадафи аслии онҳо бо гирифтани зарари маънавӣ на фақат ба даст овардани ҷуброн аст, балки, ба қавли Дилафрӯз

Фирдавс Раҳматов баъди як моҳи хизмат дар артиш ба ҳалокат расид

Самадова, тавассути ин қазия, талош дар боло бурдани масъулияти афсарону масъулони вазорати дифоъ ҷиҳати пешгирӣ кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ аст. Хонум Самадова афзуд:

"Модоме, ки вазораи мудофеа ҳамчун ҷавобгар баромад мекунад ва аз буҷаи худ чунин маблағҳоро пардохт мекунад, албатта маъракаҳои бузургтареро барои пешгирии чунин ҳолатҳо роҳандозӣ мекунад".

Дар ин мурофиа вакилони созмони "Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа" аз ҳуқуқи наздикони Фирдавс Раҳматов ҳимоят мекунанд.

Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард, рӯзи 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд. Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар лату кӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант -Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ- Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд. Созмони "Озодиҳои шаҳрвандӣ", ки масоили бадрафторӣ дар артишро таҳқиқ мекунад, аз соли 2014 то имрӯз 17 ҳолати бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикисторо ба баррасӣ гирифтааст. Аз ин шумор, 8 ҳолати ҳодисаҳо бо фавти сарбозон анҷомидааст. Вале ба гуфтаи ин созмон, омори асосӣ ва дақиқро вазорати дифоъ дар ихтиёр дорад.