Алӣ ё Ъалӣ? Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат..?

Бархе аз зиёиён мегӯянд, забони тоҷикӣ имрӯз ба беморе монанд аст, ки табибону парасторон аз нишастан дар паҳлӯяш парҳез мекунанд.

"Аз баъзе барномаҳои телевизионӣ сахт дилгир мешавам, баъзе аз калимаҳову вожаҳои хабарнигорҳо чун хор ба чашму гӯшам мехаланд".

Саидобид Маҳмадов, як сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ки ӯ забондон нест, вале "соҳиби забон" аст ва мехоҳад, ки ҳам нутқи хабарнигорон ва ҳам "сатри равон" на фақат бехато, балки соддаву равон ва фасеҳ бошанд.

"Барои мисол, ҳоло дар телевизион ибораи “нафарони зиёд” фаровон истифода мешавад, Аммо “нафар” дар ҳоле мегӯянд, ки шумора маълум аст, яъне даҳ нафар ё бист нафар... Чаро содда карда, одамони зиёд ё касони зиёд намегӯяд? Ё калимаи “довар”, ки ҳоло бо ҷояш калимаи “ҳакам”-ро истифода мекунанд. Ҳарду калимаҳо арабиянд. Аммо “довар” як калимаест, ки дар забон ҷойгоҳ дорад ва ба гӯш ҳам хуш мерасад. Аммо “ҳакам” аз калимаи “ҳукм” гирифта шудааст, қозӣ ё додрас ҳукм мекунад, довар бошад на ҳукм, балки доварӣ мекунад," -- мегӯяд ӯ.

Саидобид Маҳмадов меафзояд, дар рӯзномаҳову телевизион калимаи “ҷаҳонпаҳлавон” ҳам истифода мешавад ва он “дар забон маъноеро медиҳад, ки ҷаҳон паҳлавон аст, аз рӯи меъёри забони мо бояд "паҳлавони ҷаҳонӣ" бошад”. Мусоҳиби мо мегӯяд, ки вожаи солҳои ахир сохташудаи Душанбешаҳр ё Кӯлобшаҳр низ тоҷикӣ нест. “Душанбешаҳр маънои онро дорад, ки Душанбе деҳа не, балки шаҳр аст, агар мо пойтахтро дар назар дошта бошем, мегӯем, ки “шаҳри Душанбе”. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар телевизион истифодаи калимаҳои тумтароқ ва арабӣ зиёд шудааст, ин шояд таъсири баъзе муллоҳо бошад, ки ба хотири намоиши саводи динии худ калимаҳои арабиро махсус талаффуз мекунанд. “Наход забони қадимаи мо чун забони англисӣ ё забони русӣ ягон чаҳорчӯбе надошта бошад, ки хабарнигорон натавонанд берун аз он пой гузоранд”, ҳайрон аст Саидобид.

"АЛӢ" НАВИСЕМ Ё "ЪАЛӢ"?

Ҷумъахон Муродӣ, муаллими забон ва адабиёти яке аз коллеҷҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки иштибоҳҳои имлоиву услубӣ дар рӯзномаҳо ва телевизион ба хонандагон ҳам бетаъсир намондааст ва ин ҳангоми тафтиши диктант ё иншои онҳо ошкор мешавад. Баъзе аз хонандагон бо тақлид ба баъзе нашрияҳо аз “айн” зиёд истифода мекунанд ва ҳатто баъзан ному Алиро Ъалӣ менависанд. Онҳо мебинанд, ки дар телевизион ё дар рӯзнома калимаеро хато менависанд ва фикр мекунанд, ки тарзи дурусти навишт ҳамин гуна аст. "Талабаҳо ҳатто дар имтиҳон ин иштибоҳҳоро такрор мекунанд ва муаллимон маҷбур мешаванд, ки ба онҳо баҳои паст гузоранд..."

Ба гуфтаи Ҷумъахон Муродӣ, ӯ худ ҷонибдори истифодаи "айн" ё аломати сакта дар ҳама калимаҳои арабӣ аст ва, бигирем, ҳангоми қироат ё навиштани ғазали Ҳофиз дар калимаи "гулъузор" аз "айн" истифода мекунад, ҳарчанд дар китоби дарсӣ ин калима бидуни "айн" омадааст. Ин гуна намунаҳо, ба гуфтаи ӯ, хело зиёданд ва ҳам муаллимон ва ҳам талабаҳоро саргуму ҳайрон мекунанд,

Мусоҳибони мо мегӯянд, дар ҳоле, ки дар забони мардум вожаҳои нобу хос тоҷикӣ боқӣ мондаанд, истифодаи калимаҳои бегона саҳеҳ нест. Аз

Зафар Мирзоён

нигоҳи Зафар Мирзоён, ҷомеашиноси тоҷик, дар забони тоҷикӣ бояд истифодаи калимаҳое чун "қазон" (дег), "қатиқ" (дуғ), "милтиқ" (туфанг), "қилиқ", "қитиқ", "чимилиқ"(парда), "юрт" (хайма), "инженер" (муҳандис), "директор" (сардор, раис, мудир), "герб" (нишон) сарфи назар шавад. Ӯ мегӯяд. хатоҳои имлоиву услубӣ, ки ҳам дар рӯзномаҳову сомонаҳои интернетӣ ва ҳам дар барномаҳои телевизионӣ фаровон ба чашм мерасанд – баёнгари идомаи ҳарҷу марҷ дар забони тоҷикӣ ва дуршавии тоҷикон аз забони модарияшон аст, ки баъд аз инқилоби болшевикӣ шурӯъ шуд – “навхонадорон” аз сарфу навҳи қадима парҳез карда ва барои забони тоҷикӣ бар пояи забони русӣ грамматикаи дигар сохтанд.. Кор то ҷое расид, ки тоҷикиро «забони сотсиалистӣ» ва дариву форсиро «забони капиталистӣ» ном мебурданд. Ба болои ин, меафзояд мусоҳиби мо, тағйири хат ба лотиниву сириллик аз хати арабӣ, ки забон беш аз ҳазор сол дар қолаби он нашъунамо карда буд, зарбаи дигаре ба пайкари забони тоҷикӣ буд.

ЗАБОН БА "ТАВАЛЛУДИ ДИГАР" НИЁЗ ДОРАД?

Зафар Мирзоён бо таассуф мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам дар мактабу донишгоҳҳо ҳамон грамматикае таълим дода мешавад, ки хоси сарфу навҳи тоҷикӣ набуда, тарҷума ва устухонбандии грамматика ва синтаксиси забони русӣ мебошад. Чун барномаи вазорати маориф ҳам тарҷумаи таҳтуллафзии вазорати маорифи собиқ СССР будмӯҳтавои он ба омӯзиши фарҳангу вожаҳои миллӣ нигаронда нашуда буд.

Ба гуфтаи Зафари Мирзоиён, ки моҳҳои ахир дар робита ба мушкилоти забон ва сарфу навҳ тақрибан 20 матлаб нашр кардааст, забони тоҷикӣ бемор аст, вале табиби ҳозиқе нест, ки аз пайи шифояш шавад. «Барои рафъи бемории забон мо ба як ҷунбише ё наҳзати «таваллуди дигар»- и забон ниёз дорем. «Ба хотири ислоҳот ва бозбинии сарфу навҳ бояд дар шаҳри Душанбе як кунгура ё конгресси забоншиносон ва дӯстдорони забони форсии тоҷикӣ баргузор шавад».

Ӯ таъкид мекунад, ки дар ин нишаст на фақат унвондорон, балки дӯстдорони забон низ ҳаққи ибрози назар ё пешниҳодҳое дар робита ба бозбинии забонро дошта бошанд. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, дар ин нишаст бояд мавзӯъҳои муҳиме чун ба забон баргардонидани пешванду пасвандҳои феълсози забони тоҷикӣ матраҳ шаванд, пешвандҳои «дар», «бар», «боз», «во» «фар», ки дар сохтани калимаҳое чун «даррафтан», «барсохтан», «баргирифтан» ё «бозомӯхтан»… истифода мешуданд, аз байн бурда шуданд ва ба ин васила як боли забон шикаста шуд.«Ҳатто боре раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷашни гиромидошти забони давлатӣ барои тағйироти куллии сарфу навҳ ё грамматикаи забони тоҷикӣ дастур дода буд, аммо ба назар мерасад, ки касе дар пайи таҳияи сарфу навҳи воқеан тоҷикӣ нест».

Аммо Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, ки «ҳоҷат ба навиштани грамматикаи нав нест, он чизе, ки ҳазор сол дар забони мо буд , боз ҳазор соли дигар мемонад, ҳарчанд тағйироти ҷузъӣ рӯй медиҳад». Ба гуфтаи ӯ, баҳси тағйири сарфу навҳ аз замони омодагӣ ба қабули Қонуни забон идома дорад ва бисёриҳо то ҳоло иддаъо доранд, ки грамматикаи забони тоҷикӣ аз забони русӣ тарҷума шудааст. Аммо шояд на ҳама медонанд, ки дар ҳар забон, аввалан захираи луғавӣ ва сониян сохти ҷумлабандӣ, ба забони дигар тарҷума намешавад.

"ЗАБОНИ "ШОҲНОМА" БА ТОҶИКӢ НАЗДИКТАР АСТ"

Баҳриддин Камолиддинов

Дар ҳамин ҳол, меафзояд донишманди тоҷик, дар сохти ҷумлабандии тоҷикӣ, бидуни шак, таъсири забони арабӣ боқӣ мондааст, зеро тайи ҳазор сол забони тоҷикӣ бо ин забон робита дошт ва инро, зимнан, донишманди маъруф Муҳаммадтақӣ Баҳор ҳам дар «Сабкшиносӣ»-ияш иқрор кардааст. Ба гуфтаи Баҳриддин Камолиддинов, забонҳои туркӣ ҳам рӯи забони тоҷикӣ таъсир гузоштаанд. «Боре фурсат даст доду ман бо донишманди маъруф Ричард Фрай барои ду соат ҳамсӯҳбат шудам. Аз ӯ пурсидам, ки тақдири забонамон чӣ мешавад, дар куҷо пойдор мемонад - дар Эрон, дар Афғонистон ё Тоҷикистон? Ӯ беибо гуфт, ки дар Тоҷикистон ва барои ин чанд далел овард. Далели аввал, ба гуфтаи ӯ, бисёр унсурҳои қадимаи ҳам луғавӣ ва ҳар сарфу навҳ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Далели дуввуми ӯ ин буд, ки забони «Шоҳнома» назар ба забони форсии Эрон ва дарии Афғонистон бо забони шумо наздиктар аст… Ва далели сеюмаш ин буд, ки тоҷикҳо бумӣ ҳастанд ва ҷилои ватан намекунанд. Аммо дар Афғонистону Эрон аллакай парокандагӣ сар шудааст..»

Аммо, ба гуфтаи забоншиноси тоҷик, дар ҳоле, ки мавзӯи сарфу навҳи тоҷикӣ бояд пайваста омӯхта ва баҳсу баррасӣ шавад, Дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АФ Тоҷикистон шӯъбаи грамматикаи забони тоҷикӣ нест - солҳои пеш дар ин шӯъба донишмандони маъруфе чун Ниёзмуҳаммадов ва Шарофиддин Рустамов кор мекарданд, аммо ҳоло ба далели набудани мутахассисон, онро бо шӯъбаи шевашиносӣ ҳамроҳ кардаанд. Баҳриддин Камолиддинов меафзояд, солҳои 60-уму 70-ум дар ин пажуҳишгоҳ 15 нафар ба таҳияи луғату фарҳанг машғул буданд ва устодони мактабҳои олӣ ҳам ба ин кор ҷалб мешуданд. Имрӯз бошад дар ин бахш ҳамагӣ чаҳор нафар кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Фаррух, як донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба баъзе калимаву вожаҳо рӯзномаҳо аслан сарфаҳм намеравад ва агар як сол пеш маънои он калимаҳоро аз фарҳангу луғатҳо меҷуст, ҳоло барои варақ задани он луғатҳо вақту ҳавсала надорад ва. ба хотири асабӣ нашудан рӯзномаро зуд канор мегузорад. Фаррух мегӯяд, ӯ агар иҷоза медошт, аввалан, як қоидаи мушаххас ва шикастнопазири имлои забонро муқаррар мекард ва сониян ҳар касеро, ки ин қоидаро поймол менамуд, ҷазо медод. "Фикр мекунам, ки баъди ду-се сол на дар рӯзнома ягон хато меёфтед ва на дар ягон сайт", бо итминон мегӯяд Фаррух.