Хонаводаи серфарзанде, ки наздик буд аз хона маҳрум шавад, баъди нашри гузориш дар Радиои Озодӣ дигарбора ба хона баргашт. Мақомот баъди гузориш ба хонаи ӯ омада гуфтаанд, ки дар баҳси замину хона, ҳуқуқи оилаи онҳо нодида гирифта шудааст ва хонавода дар ҷое зиндагӣ мекунад, ки ба тарафи даъвогари замини ҳавлии онҳо тааллуқ надорад.
Ин хонавода бо як соҳибкори дигар тақрибан 15 сол аст, ки сари қисме аз замин ва иншоот даъво доштаанд ва додгоҳ чанде пеш баҳсро ба нафъи тарафи муқобил ҳал кардааст. Раҷабмоҳ Абдурашидова, сокини Душанбе ҳафтае пеш ашк дар чашм мегуфт, ки ӯ ва шавҳарашро дар мавсими сармо бо 7 фарзанд аз хона берун мекунанд. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино ин оила бояд то 3- юми декабр хонаро холӣ мекард ва ҳеҷ хонаи дигаре ҳам ба онҳо дода намешавад.
Замони ҳузури хабарнигорони Радиои Озодӣ ҷиҳозу оиларо таҳти назари намояндагони хадамоти иҷрои қарорҳои додгоҳ аз хона берун мекарданд. Аъзои хонавода иддао доштанд, ки онҳоро ғайриқонунӣ аз манзили зист маҳрум мекунанд. Пас аз нашри гузориш дар Радиои Озодӣ дар бораи хонавода ба онҳо гуфтаанд, ки метавонанд, молу ашёро ба хона баргардонанд ва қисме аз замине, ки тарафи дигар сари он даъво дорад, аз худи онҳост.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҷабмоҳ Абдушаҳидова, мегӯяд, баъди 3 рӯзи баҳс барои берун кардани онҳо аз хона, намояндагони Кумитаи замин омада гуфтаанд, нақшаҳои моҳвораӣ собит мекунанд, ки иншоот ва қисме аз замини даъвоӣ ба онҳо тааллуқ дорад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз Кумитаи замин омада гуфтанд, ман на аз тарафи шумо ва на аз тарафи соҳибкор ҳастам. Гуфт, тавассути спутник (моҳвора) ҳамаро муайян карда нишон медиҳам. Вақте ҳамаро ченак ва ҳисоб карданд, маълум шуд, ки иншооте, ки мо зиндагӣ мекунем ба қаламрави 21 сотихи замини соҳибкор намедарояд.”
Раҷабмоҳ Абдушаҳидова мегӯяд, баъди баҳси чандсола ва талошҳои қатъии маъмурони иҷрои амри додгоҳ барои берун кардан аз хона, ӯ ва фарзандон дигар умедашонро сарпаноҳе, ки 20 сол зиндагӣ мекарданд, канданд. Ба гуфтаи Раҷабмоҳ ӯ бо фарзандонаш ҷое барои рафт надоштанд: “Куҷо рафтанамонро намедонистем. Шумо дидед, ки ҳама сарсон ҳар тараф нишаста буд. Аммо ҳамааш бо амри Худованд ва бо кумаки шумову дуои ин қадар халқе, ки дар ҳаққи мо карданд, ҳал шуд. Ман миннатдории худ ва фарзандонамро ба Радиои Озодӣ мерасонам, ки аз беадолатиҳо пешгирӣ мекунанд.”
Раҷабмоҳ Абдушаҳидова мегӯяд, аз касе кӯмак талаб надорад ва ягона хоҳишаш ин буд, ки дар баҳси одилона ҳал шавад ва ӯву фарзандонашро бехона намонанд: “Ман фақат мехостам, аз дари ҳамин хона дарун шавем. Дигар кӯмаки касеро талаб надорам. Сад шукр як бурида нонро ёфта мехӯрем.”
Баҳси 14-сола, ки зоҳиран идома мекунад
Баҳси хонаводаи Раҷабмоҳ Абдушаҳидова ва ҳамсараш Қурбоналӣ Афғонов бо як соҳибкор сари 21 сотих замине, ки хонаи онҳо ҳам дар ҳудуди он аст, 14 сол боз идома дошт. Додгоҳ чанде пеш қарор кард, ки хона ба соҳибкор Акбар Судуров тааллуқ дорад. Соҳибкор ҳам гуфт, ҳуҷҷатҳои расмии макони баҳсиро дорад ва ӯ соҳибмулк аст. Баъди тағйири маҷрои моҷаро ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари Акбар Судуровро бигирад. Дар додгоҳ ҳукмро дуруст медонанд.
Абдушаҳидова мегӯяд, баъди таҳқиқи масъулини Кумитаи замин, ки маълум кард, хона ва як қисми замин ба онҳо таалуқ дорад, ӯ аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино ва Хадамоти иҷро ба мақомоти болоӣ шикоят бурдааст.
Абдушаҳидова ва ҳамсараш мегӯянд, ҳарчанд ҳанӯз даъвои онҳо пурра қонеъ нашудааст, вале хушҳоланд, ки билохира садояшон шунида шуд ва дар фасли сармо аз хона берун намонданд.
Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, дар 21 сотих замине, ки хона дар ҳудуди он аст, сохтмони маҷмааи варзишӣ пешбинӣ шудааст. Баҳси замину хона дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ аст ва додгоҳҳо тақрибан ҳар рӯз парвандаҳои монандро баррасӣ мекунанд.