"Инҷо барои об ҳар рӯз ҷанг аст" ВИДЕО

Маҳаллаи Меҳробод

Духтари Раҷабмоҳ Хушова, сокини маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Душанбе чанд рӯз пештар барои об ба кӯчаи дигаре рафт, вале дар онҷо барои об даъво шуд ва аз он тараф гирён ва бо либосҳои пора баргашт.

“Духтарчаамро заданд, дар он кӯча, барои об қариб куштанд, куртаашро даронданд. Мегӯянд, об нагир, ба ин тараф аслан наёед. Барои об дар инҷо ҷаҳ рӯз ҷанг аст. Ду сол шуд, ки мо об мекашем, чун дар маҳаллаи мо об тамоман нест” – мегӯяд, Раҷабмоҳ. Ӯ барои собит кардани иддаояш ба хона рафт ва пироҳани порашудаеро овард ва хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод.

Чанд соли ахир дар қисмати болоии маҳаллаи Меҳробод, ки 2 ҳазор сокин дорад, дар фасли тобистон “фақат барои об ҷанг” аст. Дар шаш моҳи гармо дар инҷо об намерасад ва ба гуфтаи худашон касе ҳам ба додашон намерасад.

Агар биёем ҳақорат мекунанд

Сафармоҳ Ғуломова ҳам солҳост дар Меҳробод зиндагӣ мекунад, дар маҳаллае, ки ҳар касеро дидед, дар даст ё сатили об дорад ва ё бо зарфи пластикии холӣ барои гирифтани об меравад.

“Дар ин хонаҳо об нест, об мекашем. Агар аз ягонҷо биёрем, ҳақорат мекунанд. Ҳамсояҳои кӯчаҳои поён мегӯянд, ки аз ин ҷойҳо об нагиред, ин обро мо гузаронидаем” – мегӯяд, Сафармоҳ Ғуломалиева.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар инҷо барои об ҳар рӯз ҷанг аст

Теъдоде аз сокинони маҳалла мегӯянд, аз беобӣ безор шудаанд ва агар харидор ёбанд, хонаҳояшонро бо қимати арзон фурӯхта ба ҷое мераванд, ки об дошта бошад. Аммо хонаҳои маҳаллае, ки аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ, яъне об маҳрум аст, харидор надорад.

Меоям хона даҳонам хушк, сӯхта. Дар поён об зиёд аст.

“Ман ҳаминҷо дар 32 ҳазор доллар хона харидам. Намедонистам, ки об надорад. Хонафурӯш аз куҷое об оварда нишон додааст. Ман даҳ сол аст, ки инҷо ҳастам. Меоям хона даҳонам хушк, сӯхта. Дар поён об зиёд аст. Чаро барои мо об намеоранд, ё ҳисобкунаки об намегузоранд” - мегӯяд, Назира Заурбекова, сокини маҳаллаи Меҳробод.

Дар 5 рӯз об қурбоқа мешавад

Сокинони маҳалла обро мехаранд ва дар ҳавзу бӯшкаҳо нигаҳ медоранд, вале оби ҳаргуна зарф дар дар ҳарорати баланди Тоҷикистон ба зудӣ мегандад. Давлатмоҳ Ғуломалиева, ки дар ҳавлӣ набераҳои зиёд дорад, ба хабарнигори Радиои Озодӣ бушкаи оби хонаро нишон дод, ки барои пур кардани он пули зиёд зарур аст.

Зарфҳои пур аз обе, ки зери офтоб зуд вайрон мешавад.

“Бушкаи моро бинед, бо 130 сомонӣ об мехарем. Бист кӯдак аст, инҷо ҳамааш аз худамон. Дар 5 рӯз об қурбоқа мешавад, вале мо бо ҳамин кӯдакон ҳамин обро истифода мебарем” – мегӯяд, Давлатмоҳ Ғуломалиева.

Дар гузашта, замони шуравӣ дар дар қисмати болоии маҳаллаи Меҳробод 2 ҳавз бо ғунҷоиши 500 тонна об бунёд карданд, ки ҳамаи мардуми маҳалларо бемушкил бо таъмин мекард. Ҳоло ҳавзҳо мисли партобгоҳ шудаанд.

Сокинон мегӯянд, мушкили худро борҳо ба мақомоти шаҳри Душанбе расонидаанд, вале посухи мусбате дарёфт накардаанд.

Мақомоти идораи “Душанбеводоканал” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷиҳати таъмиини сокинони маҳаллаи Меҳробод ҳукумати Душанбе тарҳеро тасдиқ кардааст ва қарор аст, онро ба зудӣ иҷро кунанд.