Созиши истифодаи об дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Самарқандак санадеро имзо кардаанд, ки бар асоси он бидуни мамониати марзбонҳо сокинони деҳоти марзӣ ба сарбандҳои оби якдигар дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Самарқандаки Бодканд санадеро имзо карданд, ки бар асоси он сокинони марзӣ, бахусус миробҳо бе мамониати сарҳадбонону кормандони пулис ба сарбандҳои оби деҳоти якдигар роҳ дода мешаванд. Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, 21 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санади ҳамкорӣ дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ ба имзо расидааст.

Ӯ гуфт, "бар асоси ин санад сокинони ду ҷамоати марзӣ, асосан миробҳо, метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба сарбандҳои манобеи обии ҳамдигар рафта, бо тақсиму додани об ва тоза намудани каналу ҷӯйборҳо машғул шаванд".

Оқои Шарифов дар идома афзуд, ин санад ба марзбонон ва кормандони умури дохилии Тоҷикистону Қирзистон супурда шудааст ва онҳо низ дар ба иҷрои ин кор ризоят додаанд. "Ҳамакнун аз рӯи зарурат сокинони ҷамоатҳо метавонанд, аз деҳаҳои якдигар убур карда, кори худро ба сомон расонанд," -- афзуд Абдухалил Шарифов.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ин бори аввал аст, ки ҷамоатҳои ду навоҳии марзӣ як чунин санадро ба имзо расондаанд ва онҳо бовар доранд, ки ин таҷруба дар навоҳии дигари марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба кор бурда мешавад.

Сокинони деҳоти марзӣ борҳо ҳангоми убури деҳаҳо дучори мамониати марзбонҳо шудаанд, ки баъдан ба моҷаро бадал шудааст. Дар авоили моҳи август дар деҳаи Сомониён даҳҳо сокини Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон ҷамъ шуда, бар сари дастрасӣ ба манобеи об баҳс карданд. Сокинони қирғизнишин роҳи обро ба деҳоти тоҷикнишин баста ва талаб карданд, ки дар иваз роҳи онҳо ба қабристони муштараки ду тараф боз карда шавад. Муноқиша ба сангандозӣ кашид ва баъди ин давоми се рӯз аъзои комиссияи ҳукуматии ҳарду кишвар ба баррасии қазияву роҳҳалҳои он пардохтанд.

Дар охир ҳарду ҷониб гузашт кард. Тарафи Тоҷикистон девори як хонадони маҳаллиро ду метр ақибтар кашида, роҳи қирғизҳо ба қабристонро боз кард ва дар посух ҷониби Қирғизистон барои тоҷикҳо роҳи обро боз намуд.

Баҳси таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.