Дувоздаҳ сол баъд дар Тоҷикистон дубора рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон баргузор мешавад. Мақомот мегӯянд, баъди як муддат таъхир дар ҳамкориҳои фарҳангиву иҷтимоии ду ҳамсояи наздик, бояд иртибототи пешина ба хотири коҳиши танишҳои марзӣ аз сар гирифта шавад.
Фарҳангиёни қирғиз бо барномаи ҳунарии серӯза ба Душанбе омаданд ва ният доранд дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои наздимарзӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир кунанд. Фарҳод Бекмаматов, ки ин гурӯҳро раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, дар пасманзари баҳсҳои наздимарзӣ ин сафари ҳунармандони қирғиз муассир хоҳад буд.
Ба гуфтаи Фарҳод Бекмаматов, муовини вазири фарҳанг, варзиш ва туризми Қирғизистон "равобити фарҳангии мо ҳарчанд тӯли солҳои зиёд бо таъсири масъалаҳои сиёсӣ камранг шуда буд, вале ҳунару санъат ҳамеша бесарҳад аст. Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаҳои робитаи сиёсиву иқтисодӣ ҳеҷгоҳ мушкили ҷиддӣ надошт. Аз ин сабаб ман фикр мекунам, ки ҳоло омадану ҳунарнамоӣ кардани ҳунармандони мо онро мустаҳкамтар хоҳад кард."
Бори охир рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон соли 2004 баргузор шуда буд ва ҳоло мақомоти тоҷик ҳам умедворанд, ки аз роҳи фарҳангу ҳунар мешавад яхҳоро об кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, "мушкилие, ки ҳоло байни кишварҳо вуҷуд дорад, ин мушкилиҳои сиёсатҳои гузашта аст. Ҳоло дар ҳалли ин масъала дар сатҳи ҳукумати ду кишвар музокирот рафта истодааст ва вазифаи мо фарҳангиён танҳо мустаҳкамии равобити ҳунарӣ асту бас."
Равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар чанд соли охир чандон ҳамвору якнавохт набуд. Баҳсҳои сокинони наздимарзӣ барои дастрасӣ ба обу чарогоҳу бунёди манзил ҳар сари чанд мояи радду бадалҳо ва гоҳо хушунат шудааст.
Соли 2014, ки шоҳиди беш аз 30 ихтилофи марзӣ шудааст, бо марги 3 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хотирҳо монд. Кори Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ҳанӯз натиҷа надодааст ва ҳалношуда мондани мушкили аломатгузории марз аз саддҳои ҷиддии музокирот боқӣ мемонад. Айни замон, давлатмадорони ҳарду ҷониб таъкид мекунанд, ки ҳама гуна созиши сиёсӣ пеш аз ҳама аз робитаҳои гарми фарҳангиву иҷтимоӣ шурӯъ мешавад