Моҷаро барои сохтмони роҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сохтмони ин роҳ боис ба нофаҳмӣ шудааст

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 31-уми август аз сар задани низои навбатӣ дар марзи ду кишвар, дар миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд, хабар доданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин ҳодиса гунаҳкор медонанд.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, марзбонҳо ва сокинони Қирғизистон монеи сохтмони роҳе шудаанд, ки "дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҷойгир буда, минтақаи баҳсӣ нест". Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, ки ин минтақаи номуайяни сарҳадӣ аст ва сохтмони ҳамагуна роҳ бояд аз қабл бо Бишкек ҳамоҳанг шавад.

Шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки марзбонҳои Қирғизистон барои монеъ шудан ба мумфаршкунии роҳ дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳаво чанд тири огоҳкунанда холӣ кардаанд. Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон инро рад намекунанд. Онҳо ба хабаргузории 24.kg гуфтаанд, "пас аз он ки ҷониби Тоҷикистон ба талаби сарҳадбонон гӯш надод ва кӯшиши бо санг заданро кард, ба ҳаво тир сар доданд". Вале онҳо мегӯянд, ки моҷаро дар деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Бодканд рух додааст.

Нодирахон Авезова, раиси деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "роҳе, ки мо мумфарш мекунем, пурра аз дохили деҳа мегузарад ва аз панҷ километри он як километраш мумфарш карда шуд. Ин ҳудуди Тоҷикистон аст."

Авезова афзуд, ҷараёни ҳодисаро ба навор гирифта, як нусхаашро ба раиси ҷамоати Уқтатири ноҳияи Бодканд, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Хоҷаи Аъло қарор дорад, супурдаанд, то чора андешад.

Баъд аз гуфтугӯи марзбонҳо, маъмурони милиса ва ҳукуматҳои маҳаллии ду кишвар вазъият дар марз муътадил шудааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, азбаски бунёди роҳ маслиҳат нашуда буд, корҳои сохтмонӣ боздошта шуд. Раиси деҳаи Хоҷаи Аъло гуфт, ки "фардо ба мумфаршкунии роҳ идома медиҳем".

Моҳҳои охир дар бораи чанд задухӯрд ва кушта шудани сокинон дар моҷароҳои марзӣ дар байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш шудааст.

Рӯзи 24-уми августи имсол низ дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон байни гурӯҳе аз сокинони ду ноҳия ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашид.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Дар муноқишаҳо дар рӯзҳои 22 ва 23-юми июли имсол миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Баъди ин раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар ноҳияи Исфара мулоқот карда, гуфтанд, ки бояд мушкилоти марзӣ ҳарчӣ зудтар ва аз роҳи гуфтушунид ҳал шавад.

Агар дар ҷойи ҳодиса будед, аксе ва ё видеое доред пас ба мо бифристед ва ба ин рақамҳо:

+420 607900808;

+992 980151010;

+420 724056681;

+420 724053959