Нишони давлатии Қирғизистон дар замини Чоркӯҳ?

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд борҳо шоҳиди муноқишаву хунрезӣ ҳам шудааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафт дар музокироти таъйину аломатгузории марз сӯҳбат мекунанд, баҳсу кашмакаш байни сокинони баъзе аз деҳоти сарҳадӣ дар ноҳияҳои Исфара ва вилояти Бодканд тундтар шудааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафт дар музокироти таъйину аломатгузории марз сӯҳбат мекунанд, баҳсу кашмакаш байни сокинони баъзе аз деҳоти сарҳадӣ дар ноҳияҳои Исфара ва вилояти Бодканд тундтар шудааст.

Неъмат Олимов, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ”-и ноҳияи Исфара рӯзи 23 сентябр ба Озодӣ гуфт, “Мақомоти маҳаллии Қирғизистон 5-6 рӯз пеш ба ҳудуди 500 метр дарунтари замини мо дар канори деҳаи Оқсой нишони давлати худро гузоштанд ва он заминро аз худ карданианд. Он ҷоро 24 соат сарҳадбонҳои қирғиз посбонӣ мекунанд ва намегузоранд ба заминҳоямон дохил шавем".

Мусоҳибам афзуд, ки мулоқоту гуфтушунидҳои мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкил натиҷае надодааст. “Субҳи ҳамин рӯз дар ҳукумати шаҳри Исфара ба мо гуфтанд, ки барои ҳалли ин мушкил аз Душанбе гурӯҳи кории муайян кардани хати сарҳад меояд ва масъаларо дар ҷояш меомӯзад. Баъд бо гурӯҳи кории Қирғизистон ҳаллу фасл мекунад”, - гуфт Неъмат Олимов.

Неъмат Олимов

Ба гуфтаи мусоҳибам, қитъаи замини мавриди баҳс аз қабл ба хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ”-и ноҳияи Исфара мутааллиқ буда деҳаи Оқсои Қирғизистон низ он ҷо каме замин дорад. Қабл аз ин хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки нимашаби рӯзи душанбе "6 нафар афроди шахсияташон номаълум" ба хати шартии сарҳадии байни деҳаҳои Кок Тош ва Сомониён ҳозир шуда, садди бетониеро, ки сокинони қирғиз чун нишонаи шартии хати сарҳад гузошта буданд, барканор кардаанд.

Вале ба гуфтаи ин манбаъ, “ба зудӣ ба ҷои ҳодиса мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳозир шуданд” ва тасмим гирифтанд “то муайян намудани мансубияти ин қитъа” тибқи тартиби пештара назорат шавад.

Назорати марз аз тарафи қирғизҳо

Ин қитъаро, ки шоҳроҳи мошингарди Бодканд-Андарак роҳи нақлиётии Исфара-Ворухро бурида мегузарад, сарҳадбонҳои қирғиз ба таври шабонарӯзӣ посбонӣ мекунанд. Вале нақлиёти сокинони ҳар ду кишвар озодона равуо доранд ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ сарҳадбонҳо онҳоро тафтиш мекунанд.

Дар тӯли 25 соли истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз мушаххас нашудани хати марз... мушкилро сол то сол печидатар мекунад

Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Вале соли равон дар минтақаҳои марзии байни Суғду Бодканд оромӣ буд ва байни сокинон муноқишаву ҷанҷолҳои ҷиддӣ рух надодааст. Мақомоти маҳаллӣ, кӯҳансолону сокинон борҳо бо ҳам мулоқотҳо кардаву якҷоя ҷашнвораҳо ороста, сухан аз таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҳалли мусолиҳатомези масоили марзӣ ва раҳ надодан ба ҷанҷолу хушунатҳо мезаданд.

"Мушкили кӯҳна сол то сол печидатар мешавад"

Тилав Расулзода, таҳлилгари масоили марзии минтақа мегӯяд, дар марҳалаи наздик ба тавофуқ дар таъини хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон даъвои соҳибӣ ба қитъаҳои замин дар мавзеъҳои баҳснок табиист. Чунки сокинон бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷӯҳи бештари мақомотро бори дигар ба мушкилоти кӯҳнаи худ ҷалб кунанд. Ӯ гуфт, дар чунин шароит бояд Тоҷикистону Қирғизистон дар қадами аввал сари ҳалли мушкили марзии мавзеъҳои доғ ва низоъхез ба тавофуқ бирасанд ва хати сарҳадро дар ин гуна мавзеъҳо муайян кунанд. Он гоҳ метавонанд марзбандиро дар қисматҳои дигар идома диҳанд, гуфт коршинос.

Тилав Расулзода

"Ингуна минтақаҳои баҳснок дар байни деҳаҳои Чоркӯҳу Ворух ва Оқсойи ноҳияҳои Исфараву Бодканд ва Овчӣ Қалъачаву Кулунду миёни ноҳияҳои Ғафурову Лайлаки вилоятҳои Суғду Ботканд хеле зиёд аст. Дар тӯли 25 соли истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз мушаххас нашудани хати марз дар минтақаҳои зичаҳолӣ, ки ҳар ваҷаби замин барои сокинон арзиш дорад, боиси нофаҳмиҳову баҳсҳо байни сокинони сарҳадӣ мегардад ва мушкилро сол то сол печидатар мекунад", гуфт Расулзода.

Мақомот: Музокирот идома дорад

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз ҳукумати шаҳри Исфара ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз аз омадани гурӯҳи кории ҳалли масоили сарҳадӣ ҷиҳати ҳалли баҳси сокинони марзӣ ва гузоштани нишони давлатии Қирғизистон дар минтақаи баҳсноки байни Чоркӯҳу Оқсой ба маҳали ҳодиса хабар надоранд. Дар ҳамин ҳол мақомоти Исфара ба сокинони Чоркӯҳ гуфтаанд, ки бо ҳамтоёни қирғизи худ ба ҳаллу фасли ин мушкили марзӣ талош доранд.

Аз 976 километр марзи муштараки байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километр пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.