Марзбонони қирғиз мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар марз боздоштаанд, вале латукӯб накардаанд.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, 6 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави кишвари худ боздошт кардаву пас аз анҷоми расмиёт онҳоро ба марзбонони тоҷик дар посгоҳи Чорчинор таслим кардаанд. Ин мақомот ҷой доштани латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон рад мекунанд ва мегӯянд, ба сабаби он ки тоҷикон ба забони модарии худ ҳарф мезаданд, маҷбур шудаанд, тарҷумонро ба кӯмаки онҳо фароҳам кунанд. Барои бозпурсӣ ва таҳияи санади убури марз 2 соат вақт сарф шудааст. Мақомоти қирғиз мегӯянд, тоҷикон дар куҷо будани хатти марзро намедонистанд.
Изҳороти ин мақомоти пас аз хабари Радиои Озодӣ дар бораи ин воқеа садо дод. Исфандиёр Сангинов, як сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе тахминан соати 13 ба вақти Душанбе дар деҳаи Санги шикофи ҷамоати Ворух 8 сокини маҳаллӣ аз ҷониби афроде лату кӯб шудаанд, ки эҳтимолан марзбони қирғиз буданд. Сангинов гуфт, ки аксари тоҷикони лату кӯбшуда сокини ҷавони ин ҷамоат буданд. Ба гуфтаи ӯ, марзбонон аввал талаб кардаанд, ки онҳо ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳанд, вале мунтазири посух нашуда, онҳоро латукӯб кардаанд ва баъдан гурӯҳи таъиноти махсусро даъват карда ин ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро ба қисми марзбонии воқеъ дар деҳаи Тангаӣ бурдаанд. Ин сокини Ворух гуфт, ки яке аз осебдидаҳо додари ӯ - Исмоилҷон Сангинов аст.
Исмоилҷон - яке аз ҷавонҳое, ки аз тарафи марзбонони қирғиз латукӯб шудааст, мегӯяд, ки деҳаи Санги шикоф ба Тоҷикистон таалуқ дорад ва онҳо ҳеҷ интизор надоштанд, ки сарҳадбонони қирғиз онҳоро дар ин қаламрав бозмедоранд. Вай мегуяд, ки боздоштшудаҳо шабона дар қисми марзбонӣ нигаҳдорӣ шуданд ва онҳоро шадидан лату кӯб карданд. Ба гуфтани Исмоилҷон, “манаҳи ду нафари онҳо шикастааст ва ҳоло ин ду нафар дар беморхонаи марказии Исфара бистарӣ ҳастанд”.
Исмоилҷон Сангинов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки марзбонони қирғиз бо онҳо “дағалона ва бо забони фаҳшу дашном” сӯҳбат мекарданд.
Барои раҳоии ин сокинони Ворух нозири минтақавии умури дохилаи ҷамоати Ворух мудохила кардааст. Фаррух Тӯхтаев, нозири минтақавии ҷамоати Ворух ба радиои Озодӣ гуфт, дар мавзее, ки сокинони Исфараро боздошт кардаанд, ба Қирғизистон таалауқ надорад ва марзбонони қирғиз ҳангоми назорати марзи худ дар манотиқи Санги шикоф ин ҷавонҳоро “ғайриқонунӣ” боздошт кардаанд.
Фаррух Тӯхтаев таъид кард, ки дар ҳақиқат устухони манаҳи ду тан аз ин ҷавонҳо шикастааст ва онҳо бояд аз як ташхиси расмӣ дар беморхонаи шаҳри Исфара гузаранд. Ҷаноби Тӯхтаев гуфт, ки дар робита бо ин ҳодиса “протокол тартиб дода шудааст” ва онҳо ният доранд ҳуҷҷатҳоро ба Додситонии Қирғизистон пешниҳод кунанд.