Кикбоксерҳои тоҷикро кишварҳои хориҷӣ харидор шудаанд

Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони як хонавода дар ноҳияи Восеъ даъвати Олмону Узбакистон ва Русия барои ҳунарнамоӣ дар дастаи ин кишварҳоро дар мусобиқот, рад кардаанд.

Афроди як хонавода дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки ба ҷуз модари оила ҳама варзишгаранд, аз Олмону Узбакистон ва Русия даъват шудаанд, то дар мусобиқоти байналмилалӣ ин кишварҳоро намояндагӣ кунанд, аммо онҳо ин даъватро напазируфтаанд.

Ду духтар ва се писари ​Сафаралӣ Холов, раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ин риштаи варзишро интихоб намуда, дар он муваффақиятҳо ба даст овардаанд. Шамшер--писари 15-солаи Сафаралӣ Холов се маротиба унвони Чемпиони ҷаҳонро гирифта ва аввалин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки “Камарбанди тилло”-ро соҳиб шудааст.

Шамшер Саидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз дусолагӣ ба тамрини ин навъи варзиш оғоз кард ва то ба ҳол се карат қаҳрамони ҷаҳон ва панҷ карат қаҳрамони Осиё гаштааст. Ӯ мегӯяд, ки бо раҳнамоии падараш ва тамринҳои тӯлонӣ тавонист дар моҳи январ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон соҳиби “Камарбанди тилло” шавад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло талош доранд, ҷоизаҳои баландтар ба даст биёрад.

"Камарбанди тилло"-и Шамшер Саидов.

Дар 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон Шамшер Саидов аввалин нафарест, ки ба Тоҷикистон “Камарбанди тилло” овардааст.

Аммо Сафаралӣ Холов -- падари Шамшер мегӯяд, ки бинобар мушкили молӣ, онҳо дигар имкони ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар ин сабқатҳоро надоранд.

Ҷаноби Холов, ба сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як мусобиқаи ахири байналмилалӣ аз ҷайби худ 80 ҳазор сомонӣ масраф кардааст ва аз ҳеҷ ҷониб ва ё ниҳоде дастгирӣ наёфтааст. Ӯ мегӯяд, ки то кунун онҳо як сарпараст наёфтаанд, ки барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маблағгузорӣ кунад.

Сафаралӣ Холов афзуд, "рости гап, ин писари ман се карат чемпион шуд, ҳамааш аз ҷайби худам сарф шуд, ҳеҷ дастгирӣ нест. Боз бар замми ин ду духтарам ва ду писарам низ чемпион шуданд, аммо касе ба мо сарпараст нашуд, аз ин рӯ духтари бузургам дилшикаста шуд. Писарамро бо Олмон даъват карданд, ки он ҷо тамрин карда ва дар мусобиқот иштирок кунад, аммо ман розӣ нашудам. Ҳоло бошад Русия даъват дорад. Агар ягон сарпараст ёфт нашуд, маҷбурем, ба Русия рафтан аз номи ин кишвар баромад кунем.”

Ба гуфтаи Сафаралӣ Холов, бо вуҷуд дарёфти даъватнома, онҳо ба далели камбуди маблағ наметавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонии кикбоксинг дар Тайланд иштирок кунанд.

Коршиносон мегӯяд, ки ба далели дастгирии кофӣ наёфтан, бархе варзишгарони ботаҷриба Тоҷикистонро тарк карда, аз номи кишварҳои дигар дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.