Комроншоҳ барои “Тоскулоҳи бузург” ба Абу Даби рафт

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки имрӯз, 28-уми октябр, дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – ба поён мерасад, ҳанӯз медал ба даст наовардаанд.

Имрӯз чаҳор гуштигири тоҷик дар се вазн –90 кг, -100 кг ва +100 кг - вориди рақобат мешаванд. Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” дар Абу Даби бо ширкати 276 варзишгар (171 мард ва 105 зан) аз 46 кишвар ҷараён дорад.​

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш нафар гуштигирон шомиланд. Вале дар ду рӯзи аввали мусобиқот ду нафари онҳо - Суҳроб Боқиев ва Кароматулло Ҳакимов – бе медал монданд.

Сӯҳроб Боқиев

Суҳроб Боқиев рӯзи 26-уми октябр бар асоси қуръакашӣ рақобатро дар вазни зери 60 кило аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Фелип Пелим аз Бразилия пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Роберт Мшвидобадзеи русиягӣ, қаҳрамони феълии Аврупо, шикаст хӯрд. Баъдан Боқиев дар даври тасаллобахш аз Франсиско Гарригоси испаниягӣ мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд. Ӯ дар натиҷа мақоми ҳафтумро азони худ кард.

Кароматулло Ҳакимов бошад, дар рӯзи дувуми мусобиқот - 27-уми октябр - дар вазни зери 81 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Саги Муки (IJF) мағлуб шуд.

Имрӯз, 28-уми октябр, чаҳор варзишгари дигари тоҷик барои медалҳо мубориза мебарад. Комроншоҳи Устопириён, ки бар асоси қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило аз даври дувум ба рақобат мепардозад, бо ғолиби ҷуфти Кирил Гроссклаус (Швейтсария) /Яҳё Имомов (Узбакистон) қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни зери 90 кило боз як гуштигир - Талабуддин Файзов – Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бо Маттиас Куусик (Эстония) рақобат менамояд. Саидҷалол Саидов вазни зери 100 кило дар даври аввал бо Ниёз Билолов (Русия) қувва меозмояд. Рақиби Одилҷон Сафаров дар даври муқаддамотӣ дар вазни +100 кило Макиеҷ Сарнаски, гуштигир аз Лаҳистон, мебошад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқоти байналмилалӣ 154 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ супурда мешавад:

ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

ҷойи 3-юм 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи аввали мусобиқот:
М
ардон

-60 кг
1. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
2. КИТАДАИ Фелип (Бразилия)
3. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)

-66 кг
1. ФЛИКЕР Тал (IJF)
2. ШИХАЛИЗОДА Ният (Озарбойҷон)
3. АБДУЛҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

-73 кг
1. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
2. МОГУШКОВ Мӯсо (Русия)
3. БУТБУЛ Тоар (IJF)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)

-81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
2. ОТГОНБААТАР Ууганбаатар (Муғулистон)
3. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. МОЛЛАӢ Сайид (Эрон)