Ду медали тиллои паҳлавони тоҷик дар Амрико. ВИДЕО

Хушбахт Қурбонмамадов.

Варзишгари тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Garden State Judo Classic", ки 29-уми январ дар иёлати Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, ду медали тилло ба даст овард. Вай дар вазни то 66 кило дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кило бар чаҳор рақибаш пирӯзӣ ба даст овард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ёдовар мешавем, Хушбахт Қурбонмамадови 23-сола моҳи декабри соли гузашта дар се мусобиқаи гуштии ҷудо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаш медал – ду тилло ва чор биринҷӣ - ба даст оварда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Варзишгари тоҷик Амрикоро намояндагӣ мекунад

Вай нахуст дар мусобиқаи “The Big Apple Judo Classic-2016” дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин Хушбахт дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships" , ки дар иёлати Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.

Паҳлавони тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов таҳти раҳбарии мураббии маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов, ки пештар барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 Расул Боқиевро машқ медод ва ҳоло устоди қаҳрамони Осиё Комроншоҳи Устопириён мебошад, тамрин мекунад.