Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус "Одноклассники" дар ин авохир чандин навори таблиғотии афрод ва гурӯҳҳои тундрав ба нашр расидаанд, ки зоҳиран посухе ба матолиби расонаҳои тоҷикӣ ва изҳороти рӯҳониёни Тоҷикистон дар мавриди маҳкум кардани ширкати ҷавонон дар гурӯҳи Давлати Исломии Ироқ ва Шом ё ДИИШ-анд. Дар яке аз ин наворҳо ду ҷавон, ки ба лаҳҷаи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, ширкати худро дар ҷанг ва амалиёти бераҳмонаи ДИИШ зидди мусулмонон дуруст ва фармони Оллоҳ мешуморанд.
Дар навори дигар се ҷавони тоҷик аз ҳамдиёрони худ, ки дар гурӯҳҳои дигари тундрав амал мекунанд, хостаанд, ки “Давлати исломӣ” бипавайванданд. Яке аз онҳо, ки ба фарқ аз дуи дигар рӯяшро пӯшондааст, иддао дорад, ки наворро дар Ироқ забт кардааст. Ин навор 26-уми ноябр, зери номи “Даъвати муҷоҳидини тоҷик аз Нуробод- Самсолиқ” нашр шуд ва нотиқи о мегӯяд: “Даъвати мо аз муҷоҳиддини “Ансоруллоҳ” аз Тоҷикистон, “Ҷундуллоҳ” аз Узбакистон ва “Толибон” аз Афғонистон ин аст, ки кибрро як тараф гузошта, бо давлат-ул-исломӣ байъат кунанд.”
Ин ҷавон худро Абу Умариён ва ду ҳамроҳашро Абу Ёсир ва Абу Ҳамза меномад. Ҳангоми сӯҳбати ӯ, садои дигарон ва ҳатто кӯдаки бо лаҳни тоҷик бозикунанда низ шунида мешавад. Ин ҷавон ҳам бо ангушт ишора мекунад, ки “ин бародароне, ки ин ҷо нишастаанд, дар Ироқ ҳастем, даъват мекунем, ба давлат-ул исломӣ, халифат-ул-Бағдодӣ байат кунед.”
Бори аввал аст, ки ҷавонони тоҷик ҳузури худ дар Ироқ, ки қисмати зиёдаш зери тасарруфи гурӯҳи худхондаи бо ном “Давлати исломӣ” аст, тасдиқ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон ва рӯҳониёни бонфузуи он ширкати ҷавононро дар ҷангҳои Ироқу Сурия шадидан танқид мекунанд ва ҷангҳои ДИИШ-ро ҷиҳод намешуморанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар пайи муайян кардани афроде ҳастанд, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд ва гуфтаанд, агар ин афрод ҷинояти сахт содир накардаанд, бо бозгашт ба ватан мавриди авф қарор мегиранд.
Назари сокинони Тоҷикистон ба тарафдорони ДИИШ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан, гузориш шуда буд, ки 90 тан аз ҷавонони тоҷик тариқи ширкати ҳавопаймоии туркӣ ба Ироқ рафтаанд, аммо ин хабарро ҳеҷ ҷонибе расман тасдиқ накард.
Гуфта мешавад, ҳоло дар ҷангҳои Сурия, ки доманааш аксари шаҳрҳои Ироқро ҳам печонидааст, ҳудуди сесад ҷавони тоҷик ширкат мекунанд ва ҳади ақал 50 нафар аз ин ҷавонон ҳалок шудаанд. Аммо худи ҷавонони тоҷик дар наворҳои видиоӣ шумораи худро болотар аз 600 нафар медонанд.
“Давлати исломӣ” як созмони низомии мазҳабист, ки дар Ироқу Сурия бо ҳадафи сохтани як “хилофат”-и воҳиди исломӣ меҷангад. Ин гурӯҳ дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар зарфи чанд моҳ ба бахши бузурге аз қаламравҳои Сурияву Ироқ даст ёфт. Бераҳмие, ки ин гурӯҳ нисбати мусулмонон ва гаравгонҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ҷаҳонро такон дод. Наворҳое нашр шудаанд, ки аъзои ин гурӯҳ садҳо нафар аз сарбозони артишҳои Ироқ ва Сурия, эзидӣ ва курдҳоро бераҳмона қир кардаанд ё сар буридаанд.
Дар як харита, ки ҳамчун нақшаи “Давлати исломӣ” барои 5 соли оянда нашр шудааст, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, Афғонистону Покистону Ҳинд ва шарқи Эрон дар як устон бо номи “Хуросон” зикр шудаанд. Ҳамин тавр, дар ин нақша сарзаминҳое, ки дар чанд асри аввали густариши Ислом таҳти султаи хилофатҳои Димишқу Бағдод қарор доштанд – аз Андалузияи Испания то Қошғари Чин, аз Қафқозу Балкан то Саҳрои Кабир – ҳама дар як давлати воҳид, яъне “хилофат” тасвир шудаанд.