40 соли ҲНИТ: Аз як гурӯҳи пинҳонкор то ҳизби соҳиби ҷой дар парлумон

Панҷ асосгузори ҲНИТ

Умдатарин ташаккули мухолифини тоҷик - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон- дар ин шабурӯз 40-солагиашро таҷлил мекунад.
Нахустин гурӯҳи мазҳабиву сиёсии пинҳонкор дар Тоҷикистони Шӯравӣ, нирӯи асосӣ дар Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик – тарафи дувуми сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистон, умдатарин ташаккули мухолифини кунунӣ ва танҳо ҳизби мазҳабии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ. Чунин аст як таърифи кӯтоҳ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ), ки таърихи фаъолияташро аз баҳори соли 1973, аз нишасти 5 асосгузораш дар манзили Қаландари Садриддин дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳисоб мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чил соли ҲНИТ




Аввалин нишаст дар манзили Қаландари Садриддин

Ин 5 тан ҳама аз шогирдони Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, мулаққаб ба Мавлавии Ҳиндустонӣ буданд, ки баъди хатми мадрасаи Девбандияи Ҳинд дар манзилаш дар маҳаллаи Аэропорти кӯҳнаи Душанбе пинҳонӣ аз Ислом дарс медод. Дар оғози соли 1973 мақомоти амниятӣ ин “мадраса”-ро ошкор карданд ва як ҳадафи 5 нафари ҷамъшуда дар манзили Қаландари Садриддин ташкили ҳалқаҳои нави таълими мазҳабӣ ва таъмини амнияти ин дарсҳо буд.


Қаландари Садриддин

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар оғоз кадом ҳадафи мубориза бо давлати Шӯравиро надоштанд, балки талоши онҳо танҳо табиати маърифатӣ дошт: “Мо, албатта, сиёсати Русияро ҳанӯз хуб намедонистем, аз таърихи ҷавонбухориҳо низ огоҳии зиёд надоштем. Ба сурати ҷаласа ҳам набуд, вале фикрҳое дар сар доштем, ки ҳуқуқи худро чигуна талаб кунем. Дар он замон талаби ҳуқуқ осон набуд, агар заррае садо мебаровардӣ, масъалаат ҳалл мешуд. Дар он нишаст ман будам, Абдуллоҳи Нурӣ буд, Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон ва Қорӣ Муҳаммадҷони Муҳиддин. Се масъаларо гузоштем мо. Якум, чӣ кор кунем, ки мардумро бо фарҳанги исломӣ бештар шинос кунем, чунки мардум бисёр дар торикӣ қарор гирифта буд. Дувум, мубориза бо бидъату хурофоте, ки дар он замон хеле аз домани мардум гирифта буд ва ҳамин бадъатҳоро Ислом медонистанд. Ва сеюм ҳадаф ин буд, ки сукути уламоро бишканем. Аммо мо аз инаш намедонистем, ки ин кори мо паёмад дорад.”

М. Салимзода, муаллифи рисолаи илмии “Аз таърихи зуҳури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” менависад, Исломи сиёсӣ дар асри 20 маъмулан аз тариқи шабакаҳои мавсум ба “ҳуҷра”-ву “давра” ва “ҳалқа”-ҳои дарсӣ густариш ёфтаву ба таълимоти уламое, чун Ҳасан Бано, Саид ва Муҳаммад Қутб, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дар Тоҷикистон ба ашъори инқилобии Муҳаммад Иқбол низ такя мекард. Дар авоили солҳои 90 наҳзатиҳо маҳз шеъри “Аз хоби гарон хез!”-и Иқболро дар майдонҳо мисли гимн мехонданд.

Таъсири дарсҳои Мавлавии Ҳиндустонӣ низ дар эҳёи ақидаҳои исломӣ дар Тоҷикистон андак нест ва тақрибан ҳамаи рӯҳониёни саршиноси имрӯзаи мо шогирдони ӯянд, ки баъдҳо ба ду шоха ҷудо шуданд: пайравони ақоиди “муҷаддадия”, ё навгароён, ки аз паси Саид Абдуллоҳи Нурӣ рафтанд ва дар ниҳоят дар ҳизби наҳзати исломӣ ҷамъ омаданд ва қадимгароёне, ки муборизаи навгароён алайҳи одатҳое, чун “оши саритахта” дар манзили маййитро напазируфтанд. Худи Мавлавии Ҳиндустонӣ баъдан батадриҷ ба қадимгароён наздиктар шуд ва Нуриро маҳкум ҳам мекард, ки ба Ислом ҷомаи сиёсӣ пӯшондааст.

40 сол: Муболиға ё воқеъият?


Иброҳими Усмон

Бархе муаррихон 40 сол нишон додани таърихи ҳизби наҳзатро муболиғаомез меноманд ва мегӯянд, ҳалқаҳову давраҳои бештар дарсии Нуриву пайравонаш, ҳатто бо вуҷуди фаъолияти зеризаминӣ ҳанӯз ба маънои ҳизб нест, чунки то миёнаҳои солҳои 80 ягон ҳадафи сиёсиро дунбол намекард. Иброҳими Усмон мегӯяд, таърихи ҳизб бояд аз соли 1990, ки ин ҷунбиш бори аввал ҳамчун ҳизб садо баланд кард, ҳисоб шавад: “Ҳар он чӣ ки то соли 1990 буд, сарахбори ба вуҷуд омадани ин ҳизб аст, кӯшиши ташкил кардани ҳизб нест. Ҳеҷ кас дар он замон худро ҳизбӣ ҳисоб намекард, касе дар бораи ҳизб гап намезад. Онҳо ҳеҷ зарар намебинанд, агар гӯянд, ки таърихи мо аз соли 1990 шурӯъ мешавад. То он замон дар ин ҳаракат на хусусияти ҳизбӣ, балки хусусияти бедории исломӣ бештар ба назар мерасид.”

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин мегӯяд, албатта, дар солҳои аввал онҳо худро як созмони ҷавонон мегуфтанд, ё ҳаракати ҷавонон, на ҳизби наҳзати исломӣ, вале бо ҳар вуҷуд, ҳизби имрӯза меваи талошҳоест, ки аз соли 1973 оғоз мегирад: “Дуруст аст, ки ҳизбро соли 1991 сабтином карданд. Аммо ин ҳаракат ҳамчун як ҷунбиши сиёсиву фарҳангӣ аз ҳамонҷо бархост. ҲНИТ баъдҳо аз ягон ҷои дигар шакл нагирифт, балки шаклгириаш аз ҳамон ҷаласаи баҳори соли 1973 аст.”

Вақте КГБ хабар ёфт...

Аммо Султони Ҳамад, ки дар даврони Шӯравӣ дар ниҳодҳои амниятии вилояти Қӯрғонтеппа кор мекард ва таърихи ҲНИТ-ро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, нахустин хабарҳо дар бораи вуҷуди гурӯҳи пинҳонкори мазҳабӣ дар Тоҷикистон алакай соли 1975 ба идороти амниятӣ расид, ки аз вуҷуди як шабакаи муташаккили мазҳабӣ дарак медод: “Соли 1977 аз сӯи КГБ нахустин маълумотнома барои Кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Тоҷикистон ироа шуд. Дар он гуфта мешуд, ки як гурӯҳи наве пайдо шудааст, ки дар маъракаҳо таблиғи дин ва баъзан аз ҳукуматдорон ҳам интиқод мекунад. Дар Кумитаи марказӣ ин санадро хеле ҷиддӣ гирифтанд, чунки медонистанд, ки ҳар маълумоте, ки аз КГБ меояд, ҳатман ба идораи марказии КГБ дар Маскав ва аз онҷо ба КМ КПСС расонда мешавад.”

Ба навиштаи М. Салимзода, муаллифи рисолаи “Аз таърихи зуҳури ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, муллоҳои навгаро дар оғоз бештар ба ташкили ҳалқаҳои дарсӣ, умдатан дар ҳудуди вилояти вақти Қӯрғонтеппа ва Душанбе, эҳёи Исломи асил ва мубориза бо хурофот, назири ҳамон “оши саритахта”, масрафи беш аз ҳадд дар худоиҳо, тақсим кардани ертиш ё тоқивор дар маросими дафн, ва парастиши авлиёву мазорҳо, машғул буданд. Муллоҳои нав ҳамин тавр ба эшонҳои дар ҷомиа пурнуфуз ҳамла мекарданд, ки Исломро ба як манбаъи даромад табдил додаанд. Ин ҳама дар ниҳоят рӯҳониёни суннатгароро дар муқобили онҳо қарор дод.

Ҳаводорони ҷунбиши ҷадид дар ҳалқаҳои махфии панҷгонае муттаҳид мешуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ифшо шудани ҳаракат, аъзои як панҷгона аз панҷгонаи дигар дарак надошт. Шамсиддини Саид, аз собиқадорони ҲНИТ, ки соли 1980, ҳанӯз дар 16-солагиаш ба ин ҷунбиш пайвастааст, мегӯяд, ӯ фақат баъди 3 сол дарак ёфт, ки падараш низ узви ин ҳаракат аст: “Як рӯз хостам, ки падарамро низ ба ин гурӯҳ даъват кунам. Падарам як табассум карду гуфт, баъдан сӯҳбат мекунем. Баъди чанд рӯз даъватам карду гуфт, ки ман ҳам чанд сол боз узви гурӯҳи шумо ҳастам.”

17 шумораи “Ҳақиқати Ислом”


Яке аз шумораҳои "Ҳақиқати Ислом"

Аммо алакай дар аввали солҳои 80 аз ин гурӯҳи дар оғоз хурду маъдуд як шабакаи пинҳонкори муназзам ва саросарие ба майдон омад, ки аз соли 1984 ҳатто ба нашри рӯзномаи зеризаминии “Ҳақиқати Ислом” шурӯъ кард. Сардабирии ин шабномаро Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси кунунии Шӯрои уламои ҳизби наҳзат, бар ӯҳда доштааст. Ӯ мегӯяд, то боздошти онҳо дар соли 1986 17 шумораи “Ҳақиқати Ислом” рӯи чоп омад: “Ҳарфҳоро аз газетаҳо якто-якто бурида, калима месохтанду дар ҷои сарлавҳа мечиданд ва дар ксерокс чоп мекарданд. Мисли дафтар буд. Ҷамъу ҷузв мекардем ҳамарову аз як қоғази тунук муқова месохтем ва дар болояш менавиштем, ки “Ҳақиқати Ислом”. Боз рақам ҳам мемондем, ки шумораи як, шумораи ду... Мавзӯъи сиёсӣ кам дошт, ягон оят тафсиру маънидод мешуд, ё ягон ҳадис, ё ягон хабаре ки аз дунёи Ислом ба дастамон мерасид. Мо онро фақат ба аъзои ҳизб медодем ва онҳо – ба одамони дилпури худ, чунки ин як чизи пинҳонӣ буд.”

Султони Ҳамад мегӯяд, то соли 1985 доманаи фаъолияти ин созмони пинҳонкор чунон вусъат ёфт, ки идораи марказии КГБ аз Маскав низ дигар дастбакор шуд: “Соли 1985 дар хонаи як раҳбари наҳзат маъракае доир шуд ва мақомоти амниятӣ тавонистанд онро сабт кунанд. Баъди ин дарк карданд, ки ин як созмони муташаккилест иборат аз 4 бахши иршод, иқтисод, маориф ва амният. Боз дар ҳамон шабу рӯз рӯзномаи “Ҳақиқати Ислом”-ро пайдо карданд. Ин хабар ба идораи марказии КГБ дар Маскав расид, намояндагонаш омаданд инҷо ва диданд, ки вазъият хеле ҷиддист.”

Амалиёти 22 июн ва тазоҳуроти 14 августи соли 1986

22 июни соли 1986 асосан дар Душанбе ва водии Вахш амалиёти густардае сурат гирифт, дар натиҷааш беш аз 40 узви фаъоли ин созмон боздошт шуд. Мақомот дар рӯзи аввал худи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир карда натавонистанд. Ӯро баъдтар дар Ёвон боздошт карданд. Аммо хабари нопадид шудани Нурӣ рӯзи 14 августи соли 1986 издиҳоми бузурге аз тарафдоронашро дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, дар саҳни бинои кумитаи вилоятии ҳизби коммунист гирди ҳам овард.

Султони Ҳамад

Султони Ҳамад мегӯяд: “Вақте ки мардум омаданду биноро ишғол карданд ва кори мақомот фалаҷ шуд, намояндагони онҳоро ба боздоштгоҳ бурда, Нуриро нишон доданд, ки зиндаву саломат аст. Баъди ин мардум бо хоҳиши Нурӣ пароканда шуд.”

Шамсиддини Саид, ки баъди ҳамин тазоҳурот бо банди 203-юми Қонуни ҷиноӣ, яъне бо ҷурми интиқод аз низоми Шӯравӣ ва ширкат дар тазоҳурот маҳкум ба 3 соли зиндон шуд, мегӯяд, ин аввалин тазоҳурот алайҳи низоми коммунистӣ дар Тоҷикистон буд: “Баъди 70 соли ҳукумати Шӯравӣ касе тасаввур надошт, ки диндорон баланд шаванду барои дифоъ аз як раҳбари динии худ ба майдон бирезанд. 1000-2000 нафар буд онҷо, вале теъдоди зиёде дар атроф буданд ва пулис, ки зуд ба худ омад, атрофро печонд ва мардумро дигар иҷозат надод, ки ба саҳни бинои кумитаи ҳизби коммунист ворид шаванд.”

Баъди тазоҳурот даҳҳо тан аз ҳаводорони наҳзатро ба зиндон андохтанд. Худи Абдуллоҳи Нурӣ низ бо ҷурми интиқод аз низоми Шӯравӣ 1,5 солро дар маҳбас пушти сар кард.

ҲНИТ – дар майдон


Анҷумани ҲНИТ дар Чортут

Моҳи марти соли 1990 банди шашуми Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки нақши яккатози Ҳизби коммунистро қонунӣ сохта буд, лағв шуд ва алакай моҳи июни ҳамон сол дар Астрахани Русия анҷумани муассисони ҳизби наҳзати исломии СССР доир шуд. Дар ин анҷуман ду намояндаи Тоҷикистон Давлати Усмон ва Саидиброҳими Гадозода муовини раиси ҳизб интихоб шуданд. Моҳи августи соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон дархости баргузории анҷумани аввали бахши тоҷикистонии ин ҳизбро радд кард, вале 6 октябр дар масҷиди рустои Чортути ноҳияи Ленин(ҳоло – Рӯдакӣ) ин анҷуманро барпо карданд. Шӯрои олӣ дар пай таъсиси аҳзоби динӣ дар Тоҷикистонро манъ кард.

Аммо дар пайи гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991, ки нирӯи асосиаш пайравони ҲНИТ буд, ин ҳизб иҷозаи фаъолият гирифт ва алакай 26 октябри ҳамон сол бо ширкати қариб 1000 вакилу меҳмон дар Кохи “Ваҳдат” дар маркази Душанбе анҷумани аввалашро баргузор кард. Дар ин ҳамоиш Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро раис интихоб карданд, ҳарчанд аз касе пинҳон набуд, ки раҳбари аслии ин ташаккул Саид Абдуллоҳи Нурист.

ҲНИТ, ҳамин тавр, дар гирдиҳамоиҳои баҳори соли 1992 ва дар ташкили ҳукумати муросои миллӣ нақши марказӣ дошт ва бахши аъзами нирӯҳое, ки ба дифоъ аз ин ҳукумат дар водии Вахш меҷангиданд, низ аз ҳисоби тарафдорони исломиҳо буд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, шумори бузурге аз фаъолону аъзои ҳизб кушта ё зиндонӣ шуда, раҳбаронаш ба Афғонистону Эрон фирор карданд.

Дар Тоҷикистон то ҳол назаре роиҷ аст, ки ҳамроҳӣ ба тазоҳуроти баҳори 1992 ва он ҳам ба хотири дифоъ аз вазири вақти дохила Мамадаёз Навҷувонов, ки на демократ буду на исломӣ, бузургтарин иштибоҳи стротегии ҲНИТ шуд. Иштибоҳе ки нафақат ба сарнавишти ҳизб, балки роҳи таърихии Тоҷикистонро дигар кард. Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав мегӯяд, як далели чунин бераҳмона саркӯб шудани ҳукумати муросои миллӣ ва нирӯҳои милливу демократӣ дар соли 1992 маҳз иттиҳоди онҳо бо ҲНИТ шуд: “Агар ҲНИТ сиёсату идеологияи худро бор намекард, шояд касе барои иваз кардани ҳукумати соли 1992 ташкилшуда кӯшиш намекард. Вале инҳо бо рафтори худ тамоми ҷаҳонро тарсонданд. Ва он табаддулоте ки дар Тоҷикистон шуд, алайҳи ҲНИТ шуд.”

Имрӯз ҷои наҳзат куҷост?


Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 1993 фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард. Вале муборизаи мусаллаҳона алайҳи давлати Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро асосан ҳамин ташаккул раҳбарӣ мекард ва сулҳи соли 1997 бо Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо кард. Баъди ин сулҳ, ҲНИТ дар соли 1999 дигарбора сабтином шуд ва дар интихоботи президентии ҳамон сол Давлати Усмонро номзад кард, ки бино ба натоиҷи расмӣ, ҳамагӣ 4 фоиз овоз гирифт. Дар 3 интихоботи парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 ҲНИТ тавонист соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси намояндагон шавад, вале дар интихоботи президентии соли 2006 номзад надошт.

Як нуқтаи авҷи марҳалаи баъдиҷангии фаъолияти ҲНИТ интихоботи соли 2010 буд, ки тавонист бо ҷалби электорати норозӣ баъди ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дувум шавад. Сарони ҳизб иддао доштанд, ки дастикам 30 дарсад раъй ба даст овардаанд, вале дар ниҳоят барояш 8 фоиз ва боз ҳамон ду курсии вакилиро “лоиқ” донистанд ва ҲНИТ ҳам қаноат варзида, зиёд эътироз накард.

Ҳолиё дар маҳофил ҲНИТ-ро ба муросо ва эҳтиёти беш аз ҳадд дар муносибат бо давлат айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин ҳизб дар интихоботи ахир аз орои мардум, ки пешаш амонат буд, натавонист дифоъ кунад. Ба бовари мунтақидон, ҲНИТ ба қоидаҳои дар саҳнаи сиёсӣ таъйинкардаи давлати Эмомалӣ Раҳмон сар фуроварда, аз хатти кашидаи мақомот берун пой намениҳад, ки мабодо дардисарҳое барояш эҷод кунанд. Ин назар ҳам дар зеҳни як бахши мардум ҳаст, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад.


Раиси кунунии ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ

ҲНИТ имрӯз бо беш аз 40 000 узв аз марзи 40 мегузарад. Ояндаи ин ташаккули мухолиф, ба бовари бисёриҳо, ба интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, балки бештар ба ҳавлу ҳоли атрофи ин корзор бастагӣ хоҳад дошт. Дар соли 2006 аз гузоштани номзадиаш худдорӣ кардани раиси кунунии ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ интригаи интихоботро аз қабл аз байн бурд ва Эмомалӣ Раҳмонро амалан дар майдон берақиб гузошт. Кабирӣ имсол низ майли чандоне барои рафтан ба интихобот нишон намедиҳад. Бархе инро аломати ҳамон мӯҳтотиву муросоҷӯии оқои Кабирӣ ва ҳизби ӯ унвон мекунанд. Бархе мегӯянд, ки ҲНИТ ба ҳайси як ҳизби мазҳабӣ мулзам аст, нисбат ба ҳар ташаккули дунявигаро аз эҳтиёти ба маротиб бештар кор бигирад ва аз ин рӯ, пояшро дониста ба андозаи кӯрпааш дароз мекунад.