Вазири корҳои дохилӣ: "Гунаҳкори садамаи ахир муайян нест"

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, мегуяд, гунаҳкори садамаи ахир дар шаҳри Душанбе, ки се кушта ва се маҷруҳ барҷой гузошт, рушан нест.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, рузи ҷумъаи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, дар иртибот ба садамаи ахир бо ширкати Расули Амонулло, писари Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи Оҳан, гуфт, ки "ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва ҳанӯз гунаҳкори аслии ҳодиса муайян нашудааст".

Аммо ҷаноби Раҳимов, афзуд, "дар сурати муайян шудани гунаҳкори садама вай дар ҳар куҷое бошад оварда мешавад ва агар аз тафтишот канорагирӣ кунад, нисбаташ ҷустуҷу эълом мешавад".

Генерал Раҳимов, таъкид кард, ки "ин ҳодиса зери назари бевоситаи вазири корҳои дохилӣ қарор дорад ва гунаҳкори қазия ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт".

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди боздошти келини Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус, гуфт, ки "вай ҳоло дар маҳбас аст ва тафтишот гунаҳгор будани уро дар содир шудани ҷиноят мушаххас хоҳад кард."

Аммо Рамазон раҳимов , дар мавриди ин қазияҳо иҳзори назари бештар накард, вале гуфт, ки " чун сири тафҷтишот аст ва бояд муддати ду моҳ интизор шуд, то натиҷаи тафтишот эълон шавад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазири дохилӣ дар бораи қазияи писари Ҳукуматулло ва келини Қоимдодов



Вай ваъда кард, ки ҳар ҷинояти пурсарусадое, ки таҳти назораташ қарор дорад, ҳатман ошкор хоҳад шуд ва омилони он мушаххас ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ин суҳбат бо вазир дар ҳоле ҷараён гирифт, ки як манбаъи наздик ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 17 октябр вазир Рамазон Раҳимов дар мулоқоташ бо сардори Раёсати тафтишоти вазорат Абдухолиқ Мирзоев таъкид кардааст, ки аз ҷараёни тафтишот ба васоити ахбори умум гузориш диҳанд.

Садамае, ки шаби 8 ба 9 октябр дар хиёбони марказии Душанбе рух дод, се нафарро кушта ва се тани дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Муттаҳами аслии ин ҳодиса писари раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон Расули Амонуллоҳи 16-сола гуфта мешавад. Ин ҳодиса ки баҳсҳои умдаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст, масъулияти додгоҳии фарзандони афроди баландпояву бонуфузи ҷумҳуриро ба чолиш мекашад.

Аз ин хотир рӯзи панҷшанбе дафтари матбуоти ВКД бо пахши як изҳороти мухтасар, гуфт, ки баъзе расонаҳои ба садама “ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад”. Вазорат мегӯяд, ки ҳодисаи мазкур “бо риояи тамоми талаботи қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад. Новобаста ба он, ки гунаҳкор фарзанди кадом шахси воломақом набошад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, таъкид шудааст дар изҳороти сомонаи интернетии вазорат. Айни замон, ин изҳорот исм, шарҳи дақиқи ҳодиса ва ҷузъиёти дигарро нашр намекунад.


Дар ҳамин ҳол, як зердасти огоҳ аз вазъи воқеии хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи Оҳан, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, ки сарусадо дар бораи ба Душанбе оварда шудани Расули Амонулло дуруст нест ва ин наврас ҳанӯз ҳам дар Олмон ба сар мебарад. Тибқи иттилои радиои Озодӣ, ин муттаҳам дар соатҳои баъди садама ба Олмон парвоз кард ва ҳанӯз ҳам дар он ҷо қарор дорад.

Мурод Зоиров, сардори Шӯъбаи тафтишоти садамаҳои автомобилии раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 18 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаро Шуъбаи тафтишоти ВКД идома медиҳад ва тамоми шоҳидону осебдидаҳои ин садама пурсида шудаанд.