Ҳудуди 10 иттиҳодияи эҷодӣ ва донишгоҳи олии Тоҷикистон аз Олга Тутубалина, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия плюс» ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои «Озодӣ» танҳо гуфт, ки ин тасмим дар як ҷаласаи муштарак бо ширкати раҳбарони Академияи улум, донишгоҳҳои олӣ, Иттиҳодияҳои нависандагон, оҳангсозон, рассомон, киносозон ва дигар иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон гирифта шудааст:
«Мо тасмим гирифтаем, ки рӯзи душанбе ҳама масъалаҳоро ҳал карда, ба додгоҳ муроҷиат кунем. Мушкил ин аст, ки то ба ҳол вакилони дифои мо суроғаи зисти он хонумро муайян накардаанд. Воқеан, ҷои зисти ӯ умуман маълум нест. Аз ин хотир, рӯзи душанбе боз ҷамъ омада, боз маслиҳат мекунем».
Сабаби ба додгоҳ муроҷиат кардани иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон матлаби Олга Тутабалина-«Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») будааст, ки ба бозгашти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бахшида шудааст. Муаллиф дар оғози матлаб суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ - «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд» - ро иқтибос оварда, гуфтааст, ки бозгашти шоир ӯро ба чунин хулоса овардааст. Аммо рӯзноманигор мегӯяд, на танҳо дар бораи Бозор Собир, балки дигар зиёиён низ метавон чунин гуфт.
Раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон мехонанд.
Ато Мирхоҷа, муовини сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки матлаби интиқодиеро алайҳи Олга Тутубалина иншо кардааст, мегӯяд, рӯзноманигор аз доираи одоби касбӣ берун омада, аз ғараз ин қадар олим, адиб, духтур, муаллим, журналист, оҳангсоз, рассом, мураббӣ, сиёсатмадор, донишҷӯ ва ғайраро, ки дар Тоҷикистон зиндагиву кор мекунанд, наҷосат унвон кардааст: «Дар мақола суханони Ленин оварда мешаванд, ки аз сӯи рӯзноманигор таҳриф шудаанд. Ленин дар як номааш ба Горкий ҳарфи «г» - ро истифода бурдааст ва рӯзноманигор онро наҷосат хондааст. Мо гуфтем, ин «гадость» - «расвоӣ» аст. Агар одами дуруст он қадар ҳам ба хашм ояд, ин суханонро намегӯяд.»
Дар ҳамин ҳол, Олга Тутубалина мегӯяд, аз ҳамчунин як даъво алайҳи худ хабар надорад ва далоили ба додгоҳ кашидани ӯ ҳанӯз барояш рӯшан нестанд: «Ростӣ, ин хабар барои ман хеле ҳайратангез аст, зеро ман бар ин боварам, ки дар як кишвари демократӣ ба сар мебарам, он ҷо, ки мардум ҳаққи озод гуфтану андешиданро доранд. Воқеан, он чӣ навиштам, андешаи шахсии ман буд, ба он бовар дорам ва аз он даст нахоҳам кашид.»
Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик тасмими иттиҳодияҳои эҷодиро фармоишӣ унвон карда, мегӯяд, надидааст, ки 20 соли ахир зиёиёни тоҷик аз бебарқӣ, беобӣ, тобутҳои муҳоҷирин, боздошти соҳибкорони муваффақ ва ҳазорон мушкили дигари мардум садо баланд карда бошанд: «Ягон номаи боз аз ягон иттиҳодия тайи 20 соли ахир набуд, аммо чаро баногоҳ барои як иқтибос аз Ленин худро таҳқирдида меҳисобанд? Тутубалина тайи солҳои ахир шояд ягона рӯзноманигорест, ки ҳақиқатро менависад. Ба фикрам, ин як маъракаи сиёҳ кардани ӯ бо дастони зиёиён аст, ки ин худ маънои зиёӣ набуданро дорад. Ин вазъ иттиҳодияҳои солҳои 30-ро ба хотир меорад, ки алайҳи Ахматова, Станиславский, Пастернак, Мейерхолд ва дар Тоҷикистони мо алайҳи Айниву Улуғзода маъракаи сиёҳкуниро пиёда карда буданд. Алайҳи Оля ин корро зиёиён набояд кунанд. Агар дар Душанбе бошам, ман ба додгоҳ рафта, Оляро тарафдорӣ мекардам ва ба бархе, таъкид мекунам, ба бархе зиёиён дуруст будани суханони Ленинро собит менамудам.»
Олга Тутубалина чанд сол ба ин сӯ муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи русии «Азия плюс» аст, ки бештар бо таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ва колламнистӣ ё сутуннависӣ машҳур аст ва борҳо унвони «Журналисти сол» дар Тоҷикистонро аз сӯи созмонҳои мустақили рӯзноманигориро соҳиб шудааст. Бо он вуҷуд, ки ҳамеша дар масоили доғ бо интиқоди шадид менавишт, ин маротибаи аввал аст, ки ба додгоҳ кашида мешавад.