Шаҳбол баъди 7 соли ранҷу азоб даргузашт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳбол Мирзоев, як сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи Шаҳбол дар додгоҳҳо саҳм доштааст, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.