Додситонӣ: Имом-хатибе, ки худро таслим кард, озод нахоҳад шуд

Орифҷон Эргашев

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Орифҷон Эргашев, имом-хатиби пешини масҷиди "Тақво"-и Хуҷанд ва узви фирории "Ихвонулмуслимин", ки аввали моҳи ҷорӣ худро ба пулис таслим карда буд, аз боздошт раҳо нахоҳад шуд. Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд, гуфт, аммо ин ҳолат гуноҳи имом-хатиби собиқро сабуктар мекунад.

Орифҷон Эргашев бар асоси қисми 3-и моддаи 307 (иловаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "иштирок дар созмони экстремистӣ" муттаҳам мешавад. Ҳабибулло Воҳидов мегӯяд, кирдори имом-хатиби пешини "Тақво" барои озода намудани вай аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва раҳо шуданаш аз боздошт рост намеояд.

Вай афзуд, "мутобиқи эзоҳи ин банди Кодекси ҷиноӣ шахс дар он ҳолат аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд, ки агар ихтиёрӣ аз созмони фаъолияташ мамнуъ даст кашида, худро таслим кунад. Ба тафтишот ёрӣ расонад. Дар чунин ҳолат аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад. Вале шомил будани Эргашевро ба созмони экстремистӣ мақомоти тафтишотӣ маълум намуда, нисбат ба вай парвандаи ҷиноӣ кушод ва чун бо даъват ҳозир нашуд, дастури ғоибона ба ҳабси пешакӣ гирифтанашро дод. Танҳо баъд аз ин ҳама ҳаракатҳои тафтишотӣ вай ба назди мақомот ҳозир шуд."

Ҳабибулло Воҳидов

Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи додситони Суғд, ихтиёрӣ ба назди мақомот ҳозир шудани Орифҷон Эргашев ва сидқан иқрори гуноҳ ва изҳори пушаймонӣ намудани вай гуноҳашро сабуктар хоҳад кард. "Мутобиқи муқарраррароти қонун, ин ки Эргашев ихтиёрӣ омада худро ба мақомоти тафтишот супурд, аз кардааш сидқан пушаймон аст, бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад ва ёрӣ мерасонад, ҳамчун ҳолтҳои сабуккунанда ба ҳисоб гирифта мешавад," – шарҳ дод додситон.

Дар сурати исботи гуноҳаш ба Орифҷон Эргашев маҳрум шудан ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Вакили дифоъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, иқрори гуноҳ ва пушаймонии Орифҷон Эргашев ҳамчун ҳолатҳои "сабуккунандаи ҷазо" дар назар гирифта хоҳад шуд.

Ба иттилои пулиси Суғд, Орифҷон Эргашев баъди боздошти ҳафт имом-хатиби узви "Ихвонулмуслимин" дар моҳи марти соли ҷорӣ аз кишвар фирор карда буд ва пас аз шунидани эҳтимоли афваш пушаймон шуда, ба кишвар баргаштааст.

Масъулони одситонии Суғд мегӯянд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 16 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 16 имом-хатиб ва дигар ходимони масъули масҷидҳои минтақа боз карда шудааст. Онҳо асосан мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – "иштирок дар ҳизбу ҳаркатҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, ки фаъолияти онҳо дар кишвар манъ карда шудааст" ва "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ" айбдор шудаанд.

Тафтишоти ин парвандаҳо аз ҷониби мақомоти додситонӣ ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба анҷом расонда шуда, аксари имом-хатибони боздоштшуда бо ҳукми додгоҳҳо ба маҳбас фиристода шудаанд.

"Ихвонулмуслимин" соли 2006 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон шуда, ҳатто дар замони ба сари қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони ин ташкилот дар Миср ба фаъолияташ иҷоза нашуда буд.