Халил Каримов бо трактораш "шудгори коинотро идома медиҳад"

Халил Каримов

Яке аз муҳофизони табиату ҷонварон ва роҳбалади тоҷик дар Амрико сазовори ҷоизае эълон шуд, ки онро ба Теодор Рузвелт, раиси ҷумҳури 26-уми ин кишвар лоиқ донистаанд. Халил Каримов, ки дар Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои ҳифзи ҷонварони нодир кӯмак мекунад, рӯзи 27-уми октябр аз тарафи Даллас Сафари Клаб, барандаи ҷоизаи Осори Шикори Питер Ҳатвей Капстик дар соли 2017 эълон шуд.

Қарор аст, ҷоизаро рӯзи 6-уми январ дар анҷумани солонаи ин гурӯҳ ба роҳбалади тоҷик тақдим кунанд. Халил Каримов рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ бовар надошт, ки соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз эълон мешавад.

Dallas Safari Club яке аз қадимтарин ҷамъияти шикорчиён ва муҳофизони ҷонварон дар Амрико аст ва аз соли 2005 ба ин тараф ҷоизаи мазкурро ба онҳое тақдим мекунад, дар ҳифзи ҷонварону муҳити зист саҳми зиёд гузоштаанд. Питер Ҳатвей Капстик яке аз адибони маъруф дар Амрико аст, ки бо китобҳои худ дар ҳифзи ҷонварон нақши зиёде гузоштааст. Соли 2006 ҷоизаи мазкурро ба Теодор Рузвелт сазовор донистаанд, ки ӯ аз соли 1901 то соли 1909 раиси ҷумҳури Амрико будааст. Ӯ соли 1919 даргузашт.

Ҷамъияти Dallas Safari Club мегӯяд, Каримов ба ҳайси як роҳбалад, шикорчӣ ва муҳофизи ҷонварон бо ташкили Ҷамъияти шикорчиён ва ҳифзи муҳити зист, дар ҳифзи мамнӯгоҳҳо, ҷалби мардум ба ҳимояти ҷонварон саҳми зиёде гузоштааст. Ричард Читҳам, раиси кумитаи тақдими ҷоизаи Капстик гуфтааст, ки “Халил Каримов, меъмори эътирофшудаи мудирияти ҳифзи ҷонварон аст, ки эҳтироми ҷомеаи байналмилалро ба даст овардааст.”

Паланги барфиро дар кӯҳҳои Ҳисор ҳам дидаанд.

Мусоҳиба бо Халил Каримов​Радиои Озодӣ: Бовар доштед, ки ин ҷоизаро мебаред?

«Ҳанӯз боварам намеояд, ки маро лоиқи чунин як ҷоизаи обруманд донистанд. Агар ба рӯйхати барандагони ҷоиза нигоҳ кунед, он ҷо шахсиятҳои маъруфи олам, ки барои ҳифзи табиат корҳои нодиреро анҷом додаанд, ҷой гирифтаанд. Мисли Теодор Рузвелт, президенти Амрико, ки асосгузори Паркҳои миллӣ дар ин кишвар аст ва ё Ларри Потерфилд – асосгузори яке аз ширкатҳои муввафақ бо номи «Midway USA”, инсоне, ки барои ҳифзи табиат 20 миллион доллар харҷ кардааст. Аз ин нигоҳ, ин ҷоиза яке аз ҷоизаҳои мӯътабар дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот, омӯзишу парвариши муҳити зист, одоби истифодаи дурусти захираҳои табиат, ба хусус дар олами ҳайвонот ба ҳисоб меравад.

Радиои Озодӣ: Кӣ шуморо ба ин ҷоиза пешбарӣ кард?

Халил Каримов: «Ин бароям ҳанӯз суол боқӣ мондааст, вале ба фаъолияти кории мо садҳо афроди касбӣ назорат мебаранд ва зоҳиран мо кори дурусте кардаем, ки ба чашми онҳо намудор шудааст. Ҷоиза ба ман дар Амрико дар як маҳфили хос дар Даллас супурда хоҳад шуд. Умедворам, ки бори дигар кори моро он ҷо бо кафкубиҳо қадрдонӣ мекунанд, вале бештар аз ҳама ман ба кишварам ва мардуми меҳнатдӯсти он фахр хоҳам кард. Ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, беҳтар кардани зиндагии мардум, ҳамзистӣ бо табиат, ки дигар аз ин бештар барои як инсони оддӣ чӣ лозим аст? Мо ба ин корҳо даҳ сол боз машғулем. «

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегуянд, ки шикор бераҳмӣ аст, шикорчиён ҷонваронро мекушанд. Вале худи шикорчиён мегуянд, ки шикори дуруст барои зиёд шудани ҷонварон ёрдам мекунад? Метавонед инро шарҳ диҳед?

Халил Каримов: «Албатта, баъзан дар таҷрибаи корӣ ҳодисаҳои нохушеро шоҳид мешавем, ки ба афзоиши олами ҳайвонот зиён мерасонад. Дар гузашта на ҳар кас шикорчӣ мешуд. Дар деҳот хонаводаҳое буданд, ки насл ба насл шикорчӣ буданд ва қоидаҳои шикорро хеле хуб медонистанд ва риоя мекарданд. Ҳоло вазъ тамоман дигар аст, ки ҳар касе хост, метавонад, «шикорчӣ» шавад. Силоҳ мехарад ва ба ҳамин шикорчӣ мешавад. Ҳар ҷонваре пеш омад, дар ҳар ҷое ва ҳар қадаре хоҳад, шикор мекунад. Ин ҳама таъсири бисёр бад ба табиат ва олами ҳайвонот мерасонад. Маҳз барои ҳамин илме вуҷуд дорад, шеваи шикорро меомӯзад. Феълан дар Тоҷикистон танҳо ду нафар- Қодир Маскаев ва Нуралӣ Раҳимов ҳастанд, ки мутахассисони дипломдори соҳаи шикор ҳастанд. Ман ҳам шикоршиносиро таҳқиқ кардам ва дар кафедраи «Муҳити ҳайвоноти ваҳшӣ ва шикоршиносӣ» дар Донишгоҳи Вена рисола ҳимоя кардам. Кори шикоршинос аз он иборат аст, ки афзоиши ҳайвоноти ваҳширо меомӯзад, шароити шикорро меомӯзад, тавсия медиҳад, то саршумори ҳайвонот кам нашаванд ва баръакс, афзоиш ёбад.

Саволе пайдо мешавад, ки чӣ тавр метавонед дар баробари ҳифзи ҳайвонот боз онҳоро шикор кунед ва ҳамзамон онҳоро афзоиш диҳед. Посух оддист, ки ҳар рӯз барои манту ва палов садҳо бузу гусфанди хонагӣ кушта мешаванд, ки ин саршумори онҳоро кам намекунад ва баръакс, ҳайвоноти хонагӣ афзоиш меёбад. Ба ин далел, ки чорпои хонагӣ ба онҳо даромад меорад, сокинон ба афзоиши онҳо барои фурӯш дар бозор талош мекунанд. Муҳим аз ҳама шикорро дуруст, қонунӣ ва аз рӯи виҷдон бояд кард.


Радиои Озодӣ: Шумо бо созмонҳои ҳифзи табиату ҳайвонот зиёд кор мекунед. Барои наҷоти бабр ва ё паланги барфӣ аз вартаи ҳалокат, барои ҳифзи бузи Марко Поло. Дар бораи натиҷаи коратон мегуфтед, ки чӣ гуна ҳифзи ин ҷонварон аз шикори ғайриқонунӣ беҳтар шудааст?

Халил Каримов: Барои Институти зоология ва паразиталогияи Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои аввал ҳифзи ҳайвоноту набототи нодире меистад, ки дар вартаи нобудшавӣ қарор доранд. Дар ин самт, донишманд, Абдусаттор Саидов, ки барои мо бисёр гиромӣ ҳаст, роҳҳои дурустеро нишон медиҳад. Даҳ сол боз бо ӯ собитқадамона барои ҳифз ва барқарору афзоиш додани шумори бабри барфӣ ва хӯроку ҷои зисташ талош мекунем. Ҳоло вазъ аз он соле, ки мо корро оғоз кардем, ба куллӣ фарқ мекунад. Шумораи оҳувон дар минтақаҳои таҳти назорат 600 фисад бештар шуд. Дар даҳ сол дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ шумораи навъи нодири бузи кӯҳии Морхур, тахминан аз 350 сар то 1900 сар расид. Имсол панҷ бабри барфӣ, ки сокинон боздошт карда буданд ва эҳтимоли кушта шуданашон вуҷуд дошт, бо талоши мо ба макони зисташон раҳо шуданд. Ҳоло созмонҳои маҳаллӣ ба роҳатӣ метавонанд, барои аксбардории бабри барфӣ дар табиат саёҳат созмон диҳанд. Коре, ки чанд сол пеш номумкин буд. «

Радиои Озодӣ: Шумо дар кӯҳу камар мегардед. Ягон бор шудааст, ки ҳодисаи хатарноке бо шумо рух дода бошад, намедонам ҳайвоне ҳамла кард, ё аз ҷое афтодед?

Халил Каримов: “Кори мо аз ҷумлаи корҳои бисёр хатарнок маҳсуб мешавад. Тасаввур кунед, ки дар шароити кӯҳистон ва дар ҳама ҳолат бояд кор кунӣ. Ҳар лаҳза хатари тармафароӣ, сангрезӣ, рӯ ба рӯ шудани бо шикорчиёни ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. «

Радиои Озодӣ: Оила ба коратон чӣ хел муносибат мекунад, рӯзҳои зиёд дар хона нестед? Намегӯянд, ки ин корро бас кунед?

Халил Каримов: Ман тақрибан, ки дар хона нестам. Ҳамсар ва кӯдак надорам. Ман дӯстони мактабӣ ва наздиконамро фаромӯш кардаам. Ба кори худам банд ҳастам. Корам барои волидайнам он қадар маъқул нест ва мегӯянд, ин ҳама ба ту чӣ лозим. Кӯтоҳ посух медиҳам, ки оянда ҳам ба трактори худ мешинам ва ба шудгори майдонҳои бекарони коинот идома медиҳам.«