Модари як блогери тоҷик, ки дар Олмон донишҷӯст ва дар шабакаи Ютюб аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пӯшидани сатру ҳиҷоб интиқод мекунад, гуфт, ба хотири суханҳои писараш зери фишор қарор гирифтааст.
Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ӯро аз кор дар бемористони шаҳри Ваҳдат рондаанд. Масъулони бемористон мегӯянд, ӯ бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишт.
Шоҳида Маҳмадҷонова мегӯяд, ҳафтаи гузашта аввал ӯро ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват карда, баъди ду рӯз "аз кор озод карданд". Ба гуфтаи Маҳмадҷонова, суҳбати мақомоти амнияти шаҳри Ваҳдат "оромона буд" ва асосан дар бораи писараш пурсидаву талаб кардаанд, ки ӯро аз Олмон баргардонад.
"Гуфтанд, ки писаратонро овардан даркор, гап занед, биёяд. Гуфтам, ҳамеша мегӯям, ки биё, аммо таҳсилашро бояд анҷом диҳад. Мақомот гуфтанд, писаратон муқобили давлат гап мезанад, ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Кумитаи дин ва Кумитаи кор бо занон занг задааст," -- гуфт ӯ.
Шерзод Маҳмадҷонов ҳоло дар Олмон донишҷӯ аст ва бо наворҳои интиқодиаш дар бораи сатру ҳиҷоб дар Ютюб машҳур аст. Ин блогери ҷавон ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс мекунад ва сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.
Мақомоти шаҳри Ваҳдат то ба ҳол гуфтаҳои Шоҳида Маҳмадҷоноваро шарҳ надоданд. Маълум нест, дар бозпурсии Шоҳида Маҳмадҷонова боз чӣ гузаштааст. Вале масъулони коргоҳи акнун собиқи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, иддаои фишор ба Маҳмадҷонова бепоя аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Mодари блогери ҷавон гуфт, талаби асосии мақомот аз ӯ ин аст, ки писарашро ба Тоҷикистон биорад. Вале мегӯяд, дар шароити феълӣ баргаштани писарашро намехоҳад, чун қаблан ба ӯ ҳушдор додаанд, ки дар сурати бозгашт фарзандашро зиндонӣ хоҳанд кард.
Қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова бо даъват шудан ба идораҳои мақомоти қудратӣ анҷом наёфт ва ба гуфтаи худаш ду рӯз пас дар ҷойи кораш Беморхонаи шаҳри Ваҳдат аз ӯ талаб карданд, аризаи аз кор рафтанашро нависад. Иддаое, ки масъулони ин беморхона рад карда мегӯянд, Маҳмадҷонова бо хоҳиши худаш ариза навиштааст.
"Ба пеши сардухтур даромадам. Гуфт, магар писарат дар бораи ту фикр намекунад, ки муқобили давлат гап мезанад? Сардухтур гуфт, аввал рухсатии меҳнатӣ навис ва баъд бо хоҳиши худат -- аз кор озод," -- афзуд Шоҳида Маҳмадҷонова.
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат рӯзи 16-уми январ гуфтаҳои модари блогери ҷавонро "беасос" донистанд. Маъсума Қурбоналиева, мудири шуъбаи кадри беморхонаи шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, касе ба Шоҳида Маҳмадҷонова фишор наовардааст.
Ба гуфтаи Қурбоналиева, "бо хоҳиши худашон рафтанд. Кӣ фишор меорад, ин дурӯғи маҳз аст. Ҳеч кас фишор наовардааст, бо хоҳиши худашон ариза навиштанд. Инро ба шумо тасдиқ кардам."
Шоҳида Маҳмадҷонова 20 сол ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар бемористон кор кардааст. Мегӯяд, ҳар моҳ 472 сомонӣ маош мегирифт.
Ӯ фишору ронда шуданаш барои суханҳои писарашро амали нодурусте нисбати худ медонад, чун ба гуфтаи Маҳмадҷонова "ӯ шахси баркамол ва озод аст". Ин модар бо вуҷуди онки аз “рейдҳои мақомот барои сатру ҳиҷоб” норозист, мегӯяд, борҳо аз писараш хостааст, ба ин корҳо дахолат накунад.
Дар ҳамин ҳол, Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, гуфт, ба ҳеч қимат аз танқидҳояш дар бораи “рейдҳои мақомот” даст бардоштанӣ нест.
Маҳмадҷонов рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз кор рондани модарам сабаб намешавад ки амалҳои худро бас кунам. Аз он ки ҳукумат маро дар кофтукоби байналмилалӣ медиҳад, бояд аз паси ҳалли мушкилиҳо дар кишвар шавад."
Баҳси аз кор маҳрум шудани модари блогери мунтақид баҳсеро дубора доғ кард, ки мақомот дар Тоҷикистон аз наздикони мухолифон ҳамчун василаи фишор истифода мекунанд. Мақомот ҳамвора чунин иддаоро рад кардаанд.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 14-уми январ дар гузориши солонаи худ навишт, "ҳукумати Тоҷикистон барои фишор ба мухолифону мунтақидоне, ки дар табъид ба сар мебаранд, аъзои хонаводаҳои онҳоро дар дохили кишвар мавриди озору азият қарор медиҳад".