"Касе батареяи гармидиҳӣ надорад, ҷарима месупорад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони шаҳри Душанбе ҳушдор гирифтаанд, ки то 14-уми сентябр бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳии хонаҳояшонро барқарор кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Бино ба эълони насбшуда дар даромадгоҳи биноҳо, аз чунин афрод пули нирӯи барқ се баробар зиёдтар ситонда мешавад.