Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро "ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ" хондааст.
Дар як матлаби Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.
Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, "мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод"-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд. Вале оқои Ятимов дар ин замина аз ҳеҷ давлати хосе ном набурдааст.
Ятимов дар ҳамин ҳол, таъсиси гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ”-ро низ худҷӯш намедонад. Ба эътиқоди ӯ, “сохтани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани Толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Абдуҳалим Назарзода, ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд.”
Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин навиштаи худ натиҷагирӣ кардааст, ки "аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи одии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад. Қисмати бозии шоҳмоти геополитикӣ аст."
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик дар вокуниш ба таҳлили Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои ахири ин кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон кардааст, гуфт, ки “дар воқеъ Тоҷикистони мустақил ва пурқувват ба кишварҳои ҳамсоя ва абарқудрат даркор нест.”
Ҷаноби Муллоҷонов, рӯзи 17 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “бозингарони геополитикӣ мехоҳанд, то Тоҷикистон ба онҳо вобаста бошад ва зери таъсири онҳо қарор бигирад.”
Ба таъкиди ҷаноби Муллоҷонов, “ин маълум аст ва Тоҷикистон ҳамеша дар зери фишори давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор дорад.”
Парвиз Муллоҷонов дар пушти бозиҳои геополтикӣ дар минтақа ва Тоҷикистон аз Русия ва Узбакистон ном бурд ва гуфт, дигар гурӯҳҳо низ ба ин мусоидат мекунанд. Ба ақидаи ин таҳлилгари тоҷик, Русия ва Узбакистон ҳамеша аз солҳои 90 – уми асри гузашта сар карда ва дар ҳаводиси дохилии Тоҷикистон, алалхусус ҷанги дохилӣ таъсири мустақим ва ҳатто даст доштанд.
Ҷаноби Муллоҷонов ба ин суол ки “пас дар ин вазъ Тоҷикистон чӣ бояд кунад? “ гуфт, “бозиҳои геополитикӣ ҳоло ҳам идома дорад ва Тоҷикистонро лозим аст, то мавқеи ин кишварҳо (Русия ва Узбакистон) ва ба вижа мавқеи Русияро ба назар гирад.“
Субҳи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.
Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид. Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд.
Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд. Ба дунбол, даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ, ба шумули 23 узви раёсати он боздошт шуданд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ршӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем."