Лӯлиёни деҳаи Шодоб-1 дар ноҳияи Варзоб мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 1-уми март ширкат мекунанд, аммо "намедонанд, ки номзад аз ҳавзаи онҳо кист". Хайриддин Усмонзода, ректори собиқи Донишкадаи давлатии фарҳанг, яке аз чаҳор номзад аз ҳамин ҳавза аст. Ӯ гуфт, бо лӯлиён муллоқот накардааст, аммо аз мушкили онҳо ба хубӣ бохабар аст.
Баҳодур Нуров, яке аз сокинони деҳаи Шодоб-1, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даъватнома барои интихоботро гирифтаанд.
Субҳон Ҷунайдов, яке аз ҳамдеҳагони Баҳодур Нуров, мегӯяд, медонад, ки интихобот мешавад, вале рӯзи раъйдиҳӣ зоҳиран ба тавсия ва кумаки кормандони қитъаҳои интихоботӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт. Ӯ гуфт: "Вақту соаташ биёяд, меравем, баргаи раъйдиҳиро мепартоем. Менависем, чӣ кор мекунем, баъд дар ҳамонҷо гап мезананд".
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аксар аҳолии қобили раъйи деҳаи Шодоб-1, ки тақрибан аз 200 хонавода иборат аст, даъватнома ба интихоботро гирифтаанд. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар порлумон ва ҳатто маҷлисҳои маҳаллӣ бо онҳо вонахӯрдаанд.
Бо вуҷуди ин, намояндагони қавми камшумор дар Тоҷикистон умед доранд, ки дар чанд рӯзи ангуштшумори маъракаи тарғиботӣ касе ба суроғашон меояд.
Диловар Маҳмадалиев, сокини деҳа мегӯяд, агар номзадҳо ба суроғашон омаданд, аз мушкилоти иҷтимоӣ ва зербунёдҳои вайрони маҳалли зисташон шикоят хоҳанд кард: "Роҳҳо вайрону таъмирталаб аст. Чуқурии бисёр дорад. Инҷо партов аст, партовҳоро бардоштан даркор аст. Дар вохӯрӣ бо депутат ҳатман ин гапҳоро гуфтан лозим аст".
Зоҳиран мақомоти интихоботӣ барои боло бурдани огаҳии мардуми деҳаи Шодоб-1 дар Варзоб кори зиёде накардаанд. Лӯлиёни инҷо мегӯянд, фақат медонанд, ки дар интихобот бояд ба тарафдории касе раъй диҳанд, аммо намедонанд, ба кӣ.
Сафар Ҳайдаров, сокини деҳаи Шодоб-1 гуфт, "Дар бораи ҳизбҳо ҳеч чиз намедонем. Кадом ҳизб аст, чӣ аст, намедонем”.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳамаи интихоботҳо фаъолона иштирок мекунанд, аммо дар гузашта ҳам номзади кадом ҳизбе бо онҳо мулоқот накардааст. Ҳоло мехоҳанд, ҳадди ақал дар маҷлисҳои маҳаллӣ намоянда дошта бошанд, то садояшонро ба гӯши мақомот бирасонад.
Абдурозиқ Шарбатов, раиси маҳаллаи Шодоб-1 ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мехоҳем, ки ягон намояндаи мо ҳам бошад, лекин нестанд. Хайр, солҳои 1995-96 халқи мо каме суст буд. Ҳозир шукри Худо, қариб 80 фоизи мардум дар мактаб мехонанд, ёриашон ба ҷамъият мерасад. Дар сохтану асфалт кардани роҳҳои бозори Кушониён халқи мо кор мекард. Дар гузоштани лӯлаҳои шабакаи гармидиҳӣ кор мекунанд".
Лӯлиёни деҳаи Шодоб-1 ва ё Чағатойи собиқи ноҳияи Варзоб тақрибан 70 сол пеш дар инҷо маскун шудаанд. Ба изофаи одати ин қавм, ки талбандагист, манбаи асосии даромади онҳо мисли ҳазорҳо хонаводаи тоҷикистонӣ аз муҳоҷирати корӣ аст.
Сокинони деҳаи Шодоб-1-и ҷамоати Чорбоғи Варзоб ба ҳавзаи якмандатаи рақами 9-и ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешаванд. Дар ин ҳавза чаҳор номзад аз аҳзоби сиёсии гуногун барои курсии порлумонӣ дар рақобатанд.
Хайриддин Усмонзода, ректори собиқи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, яке аз номзадони Ҳизби халқии демократӣ аз ҳамин ҳавза аст. Ӯ рӯзи 25-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мактаби миёнаро дар мактаби Чорбоғ хондааст ва аз мушкили сокинони маҳалла, аз ҷумла лӯлиҳо хуб огоҳ аст.
Усмонзода бо лӯлиҳо сӯҳбату мулоқоти алоҳида надоштааст, вале таъкид кард, ки дар маҷмӯъ бо интихобкунандагон сӯҳбатҳои зиёдеро анҷом додааст: "Бо мардум сӯҳбату вохӯриҳои самимӣ доштем, мардум ҳам таваҷҷӯҳи зиёд доранд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Пудина” – Як рӯзи зиндагии духтари ҷӯгӣ дар ТоҷикистонВарзоб ягона ноҳияе нест, ки лӯлиҳояш мехоҳанд, бо номзадҳо ба вакили порлумон вохӯрӣ дошта бошанду "дарди дилашон"-ро бигӯянд.
Самандар Баракаеви 78-сола, яке аз лӯлитаборони маҳаллаи Кӯчабоғи шаҳри Ҳисор ҳанӯз даъватномаи интихоботро нагирифтааст. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мунтазири даъватнома ҳастанд: "Дар рӯзҳои дигар шояд меоранд, аз номзадҳо касе назди мо наомадааст".
Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи лӯлиён борҳо танқид шунидааст. Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал моҳи декабри соли 2018 аз ҳукумати Тоҷикистон хост, барои ҷалби лӯлиён ба таҳсилу кор талоши бештар кунад ва "шароитеро фароҳам оварад, ки мардуми ҷӯгӣ мисли дигар гурӯҳҳои ҷомеа ҳаққу ҳуқуқи баробари дастрасӣ ба хона, хадамоти тиббӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд".
Кумита ҳамчунин хост, ки Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии лӯлиён барномаи махсус таҳия кунад.
Лӯлиён дар Варзоб, Панҷакенту Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд.