Қусавлисой Кӯҳи сабз ном гирифт. Оқтошу Сайвота - чӣ?

Бешаи Палангон, ки қаблан Полвонтӯқай ном дошт.

Баъди нашри Китоби сурхи нав, ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, фаъолияти парваришгоҳҳои кишварро барои 10 соли дигар тамдид ва номи баъзе аз онҳоро тоҷикӣ кунанд.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, ки чанде пеш ба имзо расид, бояд фаъолияти 13 парваришгоҳ, аз ҷумла парваришгоҳҳои “Чилдухтарон”, “Искандаркул”, “Норак”, “Алмосӣ” ва “Зарафшон” то 10 сол ва то соли 2025 тамдид карда шаванд. Шодибек Қурбон, намояндаи Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз тамдиди фаъолияти парваришгоҳҳо, аз хатари нобудӣ наҷот додани баъзе аз навъи ҷонварону рустаниҳо ва беҳтар кардани шароити сайёҳӣ дар кишвар аст.

“Ҳар як мамнӯъгоҳ барои як намуди ҷонвар ё рустанӣ аст. Якеаш масалан барои ҳифзи гули лола, якеи дигараш барои ҳифзи пиёзи анзур, дигаре барои ҳифзи як навъи олами ҳайвонот мешавад. Даҳ сол дар онҷо корҳои омӯзишӣ меравад ва дар оянда мебинанд, ки заруриёти дароз кардани фаъолияти парваришгоҳҳо вуҷуд дорад, ё не. Имрӯз Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал хостанд, ки фаъолияти парваришгоҳҳо дароз карда шавад,” –гуфт, Шодибеки Қурбон, намояндаи Агентии хоҷагии ҷангал ба Радиои Озодӣ.

Фаъолияти парваришгоҳҳои Тоҷикистон соли 2013 ба итмом расид, вале ба ғайр аз парваришгоҳи Норак, мӯҳлати бақияи 12-тои онҳо дароз карда нашуд ва ба гуфтаи мутахассисон сабаби бадтар шудани вазъи ин парваришгоҳҳо ва ба вартаи нестӣ расидани баъзе аз олами набототу ҳайвоноти он шудааст. Аз ҷумла дар парваришгоҳи Оқтош дар ноҳияи Ашт, ки суғури нодири Мензир иқомат мекунад ва ба Китоби Сурх дохил шудааст, чаронидани беш аз ҳадди чорво сабаби танг шудани маҳалли зисти онҳо ва коҳиши саршумори ҷонварони нодири дигари “Оқтош” шудааст.

Қаламрави умумии парваришгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз 313 000 гектар ва 3,5 дарсади қаламрави кишварро ташкил медиҳанд ва бузургтарини онҳо Музкӯл дар Помир аст ва хурдтаринаш - парваришгоҳи “Зарафшон” дар кӯҳҳои Фон. Зимнан бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, мақомоту донишмандони кишвар бояд сари тағйири номи чаҳор парваришгоҳ андеша кунанд, ки номҳои ғайритоҷикӣ доранд. Агентии ҷангал ва ҳукуматҳои ноҳияҳои Мурғоб, Айнӣ, Ашт ва ноҳияи Фархор ҳоло бояд барои парваришгоҳ Музкӯл дар Мурғоб, Қусавлисой дар Шаҳристон, Оқтош дар Ашт номи тоҷикӣ пайдо кунанд.

"Масалан дар Шаҳристон парваришгоҳи Қусавлисой буд. Ин калимаи тоҷикӣ нест ва мақомоти Шаҳристон онро Кӯҳи сабз ном мондаанд. Масалан Оқтош, масалан онро Санги сафед тарҷума кунанд, ман инро намедонам. Ё ки Сайвота. Ҳамин номҳоро бояд донишмандон ба тоҷикӣ тарҷума кунанд ва ё бо қарори раиси ноҳия иваз карда мешаванд. Ҳамин номҳо бояд ба забони тоҷикӣ оварда шавад.” –мегӯяд, Шодибеки Қурбон.

Тамдиди фаъолияти парваришгоҳҳо дар Тоҷикистон бешак аз тарафи фаъолони ҳифзи муҳити зист дар кишвар истиқбол мешавад, вале тағйири номҳои асосан туркӣ мумкин аст, баҳсҳоеро дар ҷомеа барангезад. Аз ин пеш Маҷлиси Миллии Тоҷикистон охири моҳи июл чаҳор қарореро тасвиб кард, ки бар асоси онҳо номи 52 деҳа тағйир дода мешавад. Масалан, деҳаи Перепадная ба Шаршар ва Ленинград ба Зархез тағйири ном мекунанд, Қаралангро ба Деҳқонобод ва Қучқорбулоқро ба Офтобрӯя табдил медиҳанд.

Қабули қарорҳои шабеҳ ва табдили номҳои туркии маконҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар гузашта дар Узбакистони ҳамсоя ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе аз корбарони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо озурдагӣ навиштаанд, ки пас мақомоти Узбакистон низ бояд номҳои тоҷикиро ба узбакӣ иваз кунад. Яке аз онҳо навиштааст, ки исми Сиёҳбозори Самарқандро - ба Қарабозор, Шаҳрисабзро - ба Яшилшаҳар ва Деҳнавро ба Янгиқишлоқ иваз кунанд.