Ваъдаи "зиндагии шоиста" дар соли 2030. Стратегияи рушди Тоҷикистон тасдиқ шуд

Ҳукумат лоиҳаи Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро қабул кард, ки тибқи он то соли 2030 Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил шавад.

Ба гуфтаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин барнома «муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум»-ро дар 15 соли оянда пешбинӣ мекунад.

Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи муаллифонаш, «дар он таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст».

Тоҷикистон дар соли 2009 барномаи рушди стратегиашро қабул карда буд, ки барои то соли 2015 таҳия шуда, се ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар бар мегирифт. Бар замми ин се ҳадаф «вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул» низ аз ҳадафҳои роҳбурдии кишвар то соли 2030 хоҳад буд.

Душанбе дар амри расидан ба ду ҳадафи аввалӣ ба пешрафтҳое ноил шуд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳадафи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил нашудааст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки ҳама умедҳои сокинони кишвар ба поён ёфтани лимити барқ дар фасли сармо ба он баста шудааст, ҳоло ҳам идома дорад ва бинобар ваъдаи масъулони ҳукумат, ду чархаи аввали он бояд соли 2018 ба кор дарояд. Ҳоло бошад сокинони кишвар дар шаш моҳи сарди сол аз камбуди нерӯи барқ ва зиндагӣ дар манзилҳои торик азият мекашанд.

Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегие, ки худ муайян карда буду бояд дар соли 2015 ба он мерасид, ба пуррагӣ ноил нашуд. Чунки ба гуфтаи ӯ барномаи рушди стратегии кишвар то соли 2015 аз сӯи як зумра идораҳое таҳия шуд, ки худ ҳам масъули иҷрову назораташ буданд.

Вай афзуд: “Аз ин рӯ барномаи стратегии қаблӣ ба пуррагӣ иҷро нашуд. Худи ҳукумат ҳам эътироф мекунад, ки он барнома ҳудудан 57 дарсад иҷро шудааст. Шеваи барномаи нави стратегӣ ҳам агар ба ҳамин шакл бошад, онро низ тақдири барномаи қаблӣ интизор аст. Ҳол он ки дар барномаи нав ҳам ҳукумат дар назди хеш ҳадафҳои чандон баланде нагузоштааст. Ба ин сатҳи рушде, ки тибқи ин барнома то соли 2030 бояд расем, кишвар бояд дар соли 2010 мерасид.”

Дар тақвияти гуфтаҳояш ҷаноби Дӯстов гуфт, яке аз ҳадафҳое, ки дар барномаи нави рушди стратегӣ гузошта шудааст, ба 2500 доллар ба ҳар сари аҳолӣ расондани маҷмӯи маҳсулоти дохилист. Барои мисол ҳоло маҷмӯи маҳсулоти дохилии Муғулистон дар ҳамин сатҳ аст.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, агар ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, барномаи воқеан ҷиддиеро рӯи даст бигирад ва билохира ба иҷрои комили он ноил шавад, бояд нерӯҳои бештари ақливу зеҳниро барои таҳия ва назорати иҷрои он равона кунад.

Аммо масъулони идораҳое, ки дар таҳияи ин санад саҳм доштанд, мегӯянд, мақсаду маромҳое, ки дар барномаи нави стратегӣ пешбинӣ шудааст, бар асоси таҳлилу вазъи воқеии иқтисоди кишвар таҳия шудаанд ва дар марҳалаи кунунӣ аз ин дида ҳадафҳои бузургтарро пайгирӣ кардан ғайривоқеӣ ба назар мерасад.

Дар сурати иҷрои ин барнома, Тоҷикистон дар соли 2030 бояд аз кишвари ”рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” табдил ёбад. Ин ҳуҷҷати садсаҳифаӣ, ки устувонаи ҳамаи стратегияҳои дигарро ташкил мекунад, роҳу равиши пешрафти кишварро то соли 2030 муайян хоҳад кард.

Тоҷикистон то соли 2030 дар се давра барои расидан ба ин ҳадафҳои стротегиаш талош хоҳад кард. Яъне аз соли 2016 то 2020, аз соли 2021 то 2025 ва аз соли 2026 то 2030.