Тоҷикистон 5 дар сади "Зарафшон"-ро ба 1 доллар харид. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 хати нави истеҳсоли тиллоро ба кор андохт.

Як ширкати чинӣ, ки 75 дар сади саҳмияҳои бузургтарин тавлидкунандаи тилло дар Тоҷикистонро даст дошт, ҳиссае аз саҳми худро бо қимати рамзии 1 доллар ба ҳукумат фурӯхтааст.

Саҳмиядори аслии корхонаи “Зарафшон”, ки 70 дар сади тиллои Тоҷикистонро истеҳсол мекунад, баъди музокирот бо ҳукумат мувофиқат кардааст, 5 дар сади саҳмияҳои худро дар ихтиёри ҳукумат бигузорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор дар рӯзи 5-уми феврал ба Фаррух Ҳамрализода амр додааст, ки созишнома байни ҳукумат ва ширкати байналмилалии чинии “Тезинфен”- саҳмиядори аслии “Зарафшон”-ро ба имзо расонад.

Баъди имзои ин созишнома, давлати Тоҷикистон соҳиби 30 дар сади саҳмияҳои Зарафшон мешавад ва 70 дар сади бақияи онро ширкати чинӣ дар ихтиёр хоҳад дошт.

Қаблан фақат 25 дар сади саҳмияҳои “Зарафшон” дар дасти ҳукумат буд. Ширкати чинӣ ризоият додааст, ки ба ҷойи тақрибан 1 миллион доллар дар ивази 5 дар сади саҳмияҳо фақат 1 доллар бигирад. Дар матни созишнома, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, омадааст:

Ширкати байналхалқии хитоии саноати кўҳии "Тсзинфэн" (Гонгконг) бо нархи рамзии 1 (як) доллари ИМА 5 (панҷ) фоизи ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон" ба ҳукумати Тоҷикистон мефурўшад ва дар ин замина ҳиссаҳои тарафҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият ба таври зайл тақсим карда мешаванд: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 7 274 724 доллари ИМА ё 30 фоизи сармояи оинномавии ҷамъият;

ширкати байналхалқии хитоии саноати кўҳии "Тсзинфэн" (Гонгконг) - 16 974 364 доллари ИМА ё 70 фоизи сармояи оинномавии ҷамъият. “

Ҳадаф аз имзои созишномаи нав дар бораи харидуфурӯши саҳмияҳо ба гуфтаи ҳукумат “изҳори ҳавасмандӣ барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва рушди фаъолияти Корхонаи муштараки “Зарафшон аст.“

Шавкат Бобозода

​Аммо чанд моҳи ахир корхонаи мазкур фаъолият намекард, зеро ҳукумати Тоҷикистон муҷаввизи он барои истихроҷи тиллоро тамдид накард. Шавкат Бобозода ҳафтаи гузашта, вазири саноати Тоҷикистон ҳам норозигии худро аз фаъолияти “Зарафшон” изҳор дошт ва дар нишасти хабариаш гуфт:

“Корхонаи муштараки Зарафшон бояд мактаб месохт, боғча месохт, роҳро таъмир мекард, музди корро зиёд мекард ва як маркази гармидиҳӣ месохт, панҷ ӯҳдадориашро иҷро накард, мутассифона ягонтоашро иҷро накард, то кунун 20 тонна тилло гирифтанд, пагоҳ монда мераванд, чӣ мемонад онҷо. Ӯҳдадориашонро иҷро карданд, иҷозатномаи нав гирифтанд. Аз рӯзи 6-ум истихроҷ сар шуд. “

Корхонаи “Зарафшон” бино ба иттилои расмӣ дар солҳои 2015-2016 бештар аз 3 тоннаву 300 килограмм тилло истихроҷ кардааст ва ва тибқи барномааш қасд дошт, дар соли гузашта бештар аз 5 тонна тилло истихроҷ кунад.

Корхонаи муштараки "Зарафшон", дар ноҳияи Панҷакент ва дар болои яке аз камарбандҳои зархези ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз соли 1994 то соли 2007 аксарияти саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои "ZiJin Mining Group Co.Ltd" харид. Ба ғайр аз тилло дар он фулуззоти гаронбаҳои дигар низ истихроҷ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Панҷ тонна тиллои Тоҷикистон куҷо шуд?