"Дуо мекунам, ки ҳамин духтарамро аз ман нагирад" ВИДЕО

Тошбӣ Ҷавракова: "Дуо мекунам ки ҳаминашро аз ман нагирад"

Ду духтари як модар аз ноҳияи Ваҳдат, ки ба бемории нодире гирифтор буданд, якбора фавтиданд ва модари ғамхор ва хоҳари 25-солаашонро, ки айни бемориро дорад, дилреш карданд.

Духтарони Тошбӣ Ҷавракова, сокини Сарчинори ҷамоати Симиганҷи ноҳия, то 7-моҳагӣ дуруст вазн мегирифтанду бузург мешуданд, вале баъд аз он аз рушд мемонданд.

Санавбари 32-сола ва Насибаи 22-сола чанд моҳ пеш бемор шуданд ва ба сабаби фишори баланд даргузаштанд. Латофати 26-сола танҳо монд, чун хоҳарони розшунавашро аз даст дод.

Қиссаи зиндагии Латофату хоҳаронаш барои хонандагон ва бинандагони мо ошност. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ду сол пеш ба суроғи ин хонавода рафтанд ва бо модару яке аз хоҳарон суҳбат карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Дуо мекунам, ҳаминаш монад, ки нигоҳубин кунам"

Тошбӣ Ҷавракова, ки ҳама корро барои духтаронаш мекард, то бемор нашаванду эҳсоси танҳоӣ накунанд, ҳоло худро маломат мекунад, ки шояд барои нигоҳубинашон ба қадри кофӣ саъй накард.

“Ман фақат мегуям чӣ гуноҳе карда бошам. Шояд бачаҳома нигоҳубин карда натавонистам. Очаҷон гуфта ҷон доданд, дигарашро намедонам. Фишори худам ҳам баланд шуд, афтодам, дигар намедонам, духтаронам куҷо шиданд, чӣ гап шуд” – мегӯяд, Тошбӣ Ҷавракова ва рӯзи марги фарзандонашро ба ёд оварда мегиряд.

Ҳар кас тавону қудрати нигоҳубини се фарзанди беморро надорад, вале барои ин модар аз ноҳияи Ваҳдат, тапидани дили духтаронаш шодӣ мебахшид. Ҳоло орзу дорад, ки баргарданд, чун дигар бе онҳо худашро “одам эҳсос намекунад”

“Бошанд мегӯям, то нигоҳубинашон кунам. Баъди онҳо асабам хароб шуд. Баъди онҳо худамро одам ҳис намекунам. Бояд онҳо бошанд, ки ман онҳоро нигоҳубин кунам” – мегӯяд, Тошбӣ Ҷавракова.

Модар ҳоло аз сарнавишти Латофат нигарон аст, ки дар ғами хоҳаронаш месӯзад. Баъди марги хоҳарон, Латофат дигар шудааст, дар хона то ҳафтаҳо мехобад, дигар ҳаваси берун бурдан дар дилаш кам шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қудрати модари ваҳдатӣ. Сӣ сол ғамхори се фарзанди маълул (ВИДЕО)

Латофат қаблан ҳар вақт ба ду тарафи хона менигарист, ду хоҳарро медид, ки айни худаш камҳаракат ва ё беҳаракат рӯи бистаранд. Ҳоло дар як утоқ худаш танҳост. Аз модараш мехоҳад, ҳар вақт ки намоз гузошт, дар ҳаққи хоҳаронаш дуо кунад, то дар “он дунё сиҳат шаванд”.

“Ҷойи онҳо холист. Ҳар вақт духтаракам нигоҳ мекунад, ки онҳо нестанд, мегӯяд, очаҷон рав намозатро бихон ва дар ҳаққи онҳо дуо кун. Дар ҳаққи хоҳаронам дуо кун, ки дар он дунё сиҳат шаванд” – мегӯяд, Тошбӣ Ҷавракова.

Ду сол пеш баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ин хонавода даҳҳо афроди хайрхоҳ ба онҳо кумак карданд. Хоҳарони бемор хурсанд шудаанд ва дуо додаанд, то онҳое, ки хайр карданд, подоши некиашонро бигиранд.

“Фарзандонам хурсанд шуданд, мегуфтанд ки худованд онҳоро нигоҳубин бошад, ки хайр карданд” – мегӯяд, Тошбӣ Ҷавракова.

Сабаби бозгашти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба хонаи онҳо суолҳои зиёди бинандаҳо ва шунавандаҳо буд, ки мехостанд бидонанд сарнавишти ин модару фарзадонаш чӣ шуд.

Сарнавишти ғамангези модари тавоное, ки бо вуҷуди садҳо насиҳату тавсия, ки бачагонашро ба интернат бидиҳад, онҳоро ба ҷое надод. Мисли тифли навзод, вале бештар аз 30 нигоҳубин кард.

Ҳоло як орзу дорад ва он ҳам ин ки Латофат пешаш бошад ва орзуяш ин аст: «То оне ки ҳастам, дуо мекунам, ки Худованд ба ӯ шифо диҳад ва сиҳат бошад. Орзу дорам, ки ҳаминакша мона, нигоҳубин кунам.»

ВИДЕОИ ДУ СОЛИ ПЕШРО ИНҶО БУБИНЕД

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қудрати модари ваҳдатӣ. Сӣ сол бо се кӯдаки маълул