Бо он ки ҷомеаи суннатии Тоҷикистон рэпсароиро барои духтарон чандон “зебанда” намедонад, талошҳо аз сӯи намояндагони ин ҷинс барои расонидани паёми худ дар риштаи рэп чашмрас аст. Албатта, ба тафовут аз писарон, духтарони рэпсаро кӯшиш мекунанд рӯи саҳна набошанд ва исми аслиашон муаррифӣ нашавад.
Зиёда Абдуллоева, донишҷӯи Консерваторияи миллӣ ва омӯзгори мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ аст. Хурдсолон ӯро чун як
Масалан, дар кӯча ҳам агар гӯем, ки рэп мехонем ва дӯст медорем, баъзеҳо механдад. Шояд худашон ба ин навъи мусиқӣ ҳавас ё ҳунар надоранд
муаллимаи меҳрубону серталаб мешиносанд ва аз ӯ дарси навозиши найро меомӯзанд. Аммо шом зиндагии ӯ каме дигар мешавад.
Пас аз дарсу кор исми саҳнавии ӯ ҳам тағйир меёбад ва Зиёда “Никӣ” мешавад, ки дар миёни ҳаводорон чун яке аз камтарин духтарони рэпсарои тоҷик маъруф шудааст. Вай мегӯяд: “Вақте маро аввалин бор хонавода дар телевизион диданд, аввал хандаашон гирифт, ки чӣ хел ту як духтари хап будӣ, ин хел набудӣ, чаро ба рэпхонӣ шурӯъ кардӣ? Баъди 3-4 рэпи маро шунидан фаҳмиданд, ки ин як роҳи баёни назару фикрҳои ман аст. Ва маро озод монданд».
Зиёда мегӯяд, солҳои аввали рӯ оварданаш ба рэпсароӣ, дар хона як нофаҳмӣ ва мушкиле дошт ва ин ҳолати рӯҳиаш мавзӯи таронаҳои рэпи ӯ буд. Зиёда худро як шахси шармгину баста мешиносад ва мегӯяд, наметавонад ҳолати руҳии худро озод ба атрофиён бигӯяд ва ин ҳама буғзи ҷамъшударо тавассути рэп берун меорад. “Миёни волидон як нофаҳмӣ буд ва наметавонистам ба онҳо бигӯям, ки ин корро накунед. Вале дар матни як оҳанги рэпи худ ин ҳамаро гуфтам: “Бо ҳаму оби дида бо садои борон.... ба ҳамин маънӣ буд”.
Матни таронаҳои Никӣ омехтаи тоҷикӣ ва русӣ аст. Айни ҳамон забонест, ки дар кучаву хиёбон аксар ҷавонон ба кор мебаранд
«Для того буду я жить, чтобы не сломаться,
Любить только себя, самой остаться.
Я все смогу, я справлюсь,
Хочу сказать одно: девчонки не плачут”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло Зиёда мавзӯъ ва матни рэпҳои худро каме тағйир додааст. Мегӯяд, духтарони рэпсаро бояд на аз ишқи нокому бечоранолӣ, балки бештар аз муваффақият ва талошу муборизаҳои худ дар баробари ҳама маонеаву маҳдудиятҳо бигӯянд. Ин ба андешаи ӯ метавонад барои духтарони дигар як таккон ва намуна бошанд. “Бояд ягон кори худро дар рэпи худ таъкид кунанд, бигӯянд, ки ман ҳамин корро кардам, ман метавонам. Духтарон бояд худро дар рэп заъиф нишон надиҳанд. Дар Аврупо духтарони рэпсаро ҳамин корро мекунанд. Онҳо сатҳи худро тарғиб мекунанд”.
Дар як рэпи худ ҳам Зиёда мегӯяд, барои ӯ фарқ надорад дигарон ба рэпсароии ӯ чӣ фикру баҳо медиҳанд. Ӯ худ ва рэпро дӯст медорад ва ин корашро идома хоҳад дод. “То вақте ман зиндаам, касе наметавонад ба ман барои рэпхонӣ халал расонад”.
Вале на ҳама духтарони рэпсаро метавонанд мисли Зиёда дар барои рэпсароӣ ошкору боҷасорат сӯҳбат кунад.
Маъмулан духтарони рэпсарои тоҷик ба фарқ аз писарон аз ошкор кардани ному чеҳраи худ худдорӣ мекунанд. Намехоҳанд хонавода ва наздикон аз ин ҳунар ё шуғли онҳо огоҳ шавад ва мавриди сарзаниш қарор бигиранд. Вале оҳангҳои онҳо аз телефон ба телефон ва ё тавассути интернет ба гӯши дӯстдорони мусиқӣ мерасад.
Адиаша, духтаре, ки бо ин ном рэп мехонад, намехоҳад бо исми аслиаш муаррифӣ шавад ва худро ба дӯстдорони рэп шинос кунад. Мегӯяд, бо хонавода мушкил дорад ва онҳо машғулияти ӯро қабул надоранд. Ба гуфтааш, агар волидон хабар ёбанд, ки ӯ рэп мехонад, метавонад таҳти назорати шадид қарор бигирад. Ӯ маҷбур аст ҳарфи дили худро пинҳонӣ аз волидон бигӯяд. Ӯ дар сӯҳбат бо мо ҳам нахост чеҳрааш намоиш дода шавад. Адиаша навкор аст ва беш аз як сол аст рэп мехонд. Мегӯяд, дар миёни наврасону ҷавонон таронаҳояш шунаванда дорад:
“Мегӯянд, бихон овозат хуб аст. Аз сабабе, ки падару модар зиёд аст ман наметавонам барои рэпсарои вақти зиёд сарф кунам. Вале дар маҷмӯъ ман падару модарамро мефаҳмам. Чун на ҳар кас ин навъи мусиқиро мефаҳмад. Масалан, дар кӯча ҳам агар гӯем, ки рэп мехонем ва дӯст медорем, баъзеҳо механдад. Шояд худашон ба ин навъи мусиқӣ ҳавас ё ҳунар надоранд.”
Бахтиёр Қаландаршоев маъруф бо тахаллусти Бахтӣ ва масъули студияи «Зион рекордс» мегӯяд, дӯсторони рэп дар миёни духтарон дар Тоҷикистон зиёд ҳастанд, аммо онҳое, ки ба рэпи касбӣ рӯ меоранд, ангуштшуморанд. Маъмулан ба гуфтаи ӯ умри рэпсароии духтарон тулонӣ нест ва онҳо баъди як муддати рэпхонӣ ба далели шавҳар кардан ё таҳсил тарки ин кор мекунанд.
”Вақти донишҷӯӣ ё мактабхонӣ як навъ эътироз кардан мехоҳанд, нишон додан мехоҳанд, ки «ман мисли дигарон не, ман як духтаре ҳастам, ки бояд худро нишон диҳам». Чунин талошҳо дар аввал ҳастанд, вале баъд дубора духтарҳои маъмулӣ мешаванд. Масалан як вақт Фараҷон ваё Ҳеппиенд ном духтарон бо рэпҳои худ каму беш маъруф шуданд. Баъданд шавҳар карданду рафтанд аз саҳна”.
Сабаби аслӣ, ба гуфтаи Бахтиёр, ин аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мусиқии рэп як шакли худро нагирифтааст ва дуруст қабул намешавад. Бисёриҳо ин жанри мусиқиро “кӯчагӣ” ва мухолиф бо меъёрҳои фарҳанги миллӣ меноманд. Барои мунаққидон истифодаи алфози қабеҳ бисёр вақт писанд нест. Вале тарафдорони ин жанр мегӯянд, репсароҳо дар асл як рисолати хеле муҳими иҷтимоиро иҷро мекунанд, ки бо забони соддаву фаҳмо, бигузор кӯчагӣ ҳам бошад, ба наврасону ҷавонон аз дардҳои сахти ҷомеа, мисли нашъамандиву танфурӯшӣ ва бекорӣ хабар медиҳанд. Ва таъсири ҳарфи онҳо ҳам, ки миёни наврасону ҷавонон шунавандаи худро доранд, хеле ҳадафрас аст.
Бахтиёр мегӯяд, духтарони рэпсаро бештар ба мавзӯҳое мисли муносибати писарон бо духтарон, монеаҳо ва ишқ таваҷҷӯҳ доранд. “То ҳоло мегӯянд, рэп аз мо нест, духтарҳо хонанд, як чизи номақбул аст. Фарҳанги рэп як шакли худро нагирифтааст дар ҷомеаи мо. Дар ҷаҳон рэп як санъат аст ва ҳаматарафа қабул шудааст. Дар мо ҳоло каме сатҳаш ҳам паст ва чандон бовар нест ба он. Рэп чун як чизи бепадарӣ ва кӯчагӣ дониста мешавад. Чун шаклаш каме кӯчагӣ аст. Дар ҷаҳон дигар хел шакл дорад, шакли касбӣ дорад”, - мефзояд Бахтиёр.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 2000-ум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ ба майдон омадааст. То кунун репсароёни тоҷик дар бораи фарзандони ятиму дастнигар, мушкили бепулӣ ва нашъамандии ҷавонон зиёд таронаҳо иҷро кардаанд. Таронаҳои рэп дар байни ҷавонон ва бахусус ноболиғон тарафдори зиёд дорад ва аксари рэпсароён писарон ҳастанд.
Як соли пеш ҳам репхонии шӯхиомези як духтари ноболиғи тоҷик дар назди дугонаҳояш ва нашри он дар шабакаи «Одноклассники», бархе аз корбарони ин шабакаи иҷтимоиро бар зидди ӯ шӯронд, то ҷое, ки ба ҷони духтарак ҳам таҳдид карданд. Бо ин ҳам Зиёда, ки ҳам дар мактаби мусиқӣ дарс медиҳаду ҳам рэп мехонад, қурбони андешаву вокунишҳо кардани хостаҳои дили худро нодуруст мешуморад.