Мавзунаи 14-сола, духтари ягонаи хонаводаи Раҷабовҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз модар носолим ба дунё омадааст. Ҳоло ҳамсолони Мавзуна дар синфи ҳашт таҳсил доранду бархе ҳам аллакай чун суннати тоҷикона ҷиҳози арӯсӣ ҷамъ мекунанд. Аммо духтари ягонаи ин хонавода танҳо як орзу дорад - доштани пои равону забони гуё.
Дар баробари азоби ҷисмонии Мавзуна, модари ӯ Файзигул Раҷабова аз замони таваллуди духтараш ҳамеша ранҷи равонӣ мекашад. Хонум Файзигул мегӯяд, ин азияти ӯ сангин аст, аммо ҳеҷ гоҳ тасмим нагирифтааст, ки духтари ягонаашро ба хонаи маъюбон супорад. “Духтари калон шудааст, пухтани хӯроку дӯхтани либос дар ин синну сол бояд кори ҳаррӯзаи ин духтар бояд, аммо афсӯс, ки чунин нест. Медонистем, ки ин дарди модарзодист, аммо ҷарроҳӣ кардем, вале пойҳояш сиҳат нашуданд. Ҳамеша дилбардорӣ мекунам, ки рӯзе сиҳат мешавад”, мегӯяд модар.
Файзигул меафзояд, агар дар замони ҳомиладории ӯ имкони ташхиси сиҳҳатии тифл дар батни модар мебуд, шояд тасмимашро дар мавриди таваллуди фарзанд дигар мекард.
Шамсиддин Қурбонов, профессор ва ҳам раҳбари маркази тиббии “Насл”, ки аз ӯ генекологи рақами 1-и Тоҷикистон ҳам ном мебаранд, пешниҳод дорад, кӯдаконе, ки иллати модарзодӣ доранд ва дар батни модар ташхис мешаванд, метавонанд исқоти ҳамл ё “аборт” шаванд. Зеро ба гуфтаи ӯ, пас аз ташхисе, ки иллати модарзодии тифлро муайян мекунад, қатъ кардани ҳомиладорӣ дар семоҳаи аввал ба модар зарари ҷиддӣ намерасонад ва ҳам дар ҷомеа афроди маъюб камтар мешавад.
Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, вақте тифл бо нуқсон ва маъюб ба дунё меояд, ин зарбаи сахт ба волидон мешавад. Бархе аз хонаводаҳо аз тарбияи чунин фарзандон даст мекашанд ва ин боз ба дӯши давлат меафтад. "Аз ин хотир, дар илми тиб давраҳои муаяйн кардани нуқсони модарзодии тифл вуҷуд дорад. Давраи то оила барпо кардан, баъд аз оиладорӣ ва давраи семоҳаи аввали рушди ҳомиладорӣ. Ва ҳар зани ҳомиладоре, ки дар ӯ эҳтимоли таваллуди тифли носолим дида мешавад, бояд чунин ҳомиладорӣ қатъ карда шавад. Он коре ки мисли илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст, чаро карда нашавад?”, гуфт ин мутахассиси тиб.
Профессор Қурбонов мегӯяд, ба хотири кам кардани таваллуди кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ, барои аввалин бор китоберо бо номи “Иллатҳои модарзодии навзодон” бо забони тоҷикӣ нашр кардааст. Ин китоб аксари бемориҳои генетикӣ, хромосомӣ ва ирсиро фарогир аст ва ба мутолеаи духтурони акушер-генеколог, генетик, неонатолог, педиатор ва пажӯҳишгарону духтурони оилавӣ тавсия дода мешавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, нафароне, ки бештар бо занҳои ҳомила сарукор доранд, ҳамин нафарон ҳастанд ва онҳо бояд бо камтарин масраф омӯзонида шаванд.
Пешниҳоди генекологи тоҷик дар ҳолест, ки ахиран вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳам аз таъсиси як ниҳоди вижа - Маркази ҷумҳуриявии машваратдиҳии тиббию генетикӣ хабар дод, ки барои ҷилавгирӣ аз таваллуди фарзандони носолим мусоидат мекунад.
Аммо таъсиси чунин ниҳод ва исқоти ҳамл ва ё “аборт” дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст ва занҳое ки эҳтимоли таваллуди тифли носолимро доранд, чун як кори маъмулӣ ба чунин марказҳо мераванд, то аз ташхис гузаранд.
Пизишкон мегӯянд, солона дар Тоҷикистон аз 230 то 240 ҳазор зан ҳомиладор мешаванд ва аз миён 20 ҳазорашон исқоти ҳамл мекунанд. Аз 220 ҳазор зани ҳомила ҳудуди 4 ҳазор тифл бо нуқс ба дунё меояд. Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, аз ин 4 ҳазор 70 дар сад баъди таваллуд аз дунё мегузаранд ва 30 дар сад зинда мемонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад